Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Идораи бойгонии Тоҷикистон аз Ҳизби коммунист


Идораи бойгонии ҷумҳурӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон хостааст, то ҳамаи бойгонии асноди ҳизбро ба ихтиёри ин ниҳоди давлатӣ супорад.

Дар бойгонии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон асноди марбут ба ин ҳизб, маълумотҳо дар бораи раҳбарону ходимони он аз соли 1924 то ба имрӯз маҳфуз ҳастанд. Ҳайдаршо Пирумшоев, раҳбари бойгонии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 28−уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст асноде, ки дар ихтиёри ин ҳизб қарор доранд, ба Идораи бойгонӣ таҳвил дода шавад.

Вай афзуд: “Ҳоло Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки ҳуҷҷатҳои бойгонии Ҳизби коммунистро ба ихтиёри хеш бигирад ва дар асоси он Бойгонии даврони муосири Тоҷикистонро таъсис бидиҳад”. Пирумшоев гуфт, бойгонии мазкур аслан дар назди Донишкадаи Марксизм−Ленинизм ва Донишкадаи таърихи Ҳизби коммунист таъсис ёфта буд, аммо бо суқути шӯравӣ ин донишкадаҳо аз байн рафтанд, вале бойгонӣ дар ихтиёри ҳизб боқӣ мондааст. Ин ду донишкада ва бойгонии мазкур дар кӯчаи Бохтар, дар пушти Қасри президент, ки қаблан бо номи Кумитаи Марказӣ маъруф буд, қарор қарор дорад.

Дар ин бойгонӣ санадҳои муҳимтарини 70 соли даврони Тоҷикистони шӯравӣ маҳфузанд, чунки Ҳизби комммунист ягона ҳизби раҳбар дар Иттифоқи шӯравӣ маҳсуб меёфт ва ҳама гуна тасмимҳои сиёсӣ низ аз ҷониби ин ҳизб гирифта мешуд. Дар Идораи бойгонии ҷумҳуриявӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон имкони нигоҳдории ин миқдори зиёди санадҳоро надорад ва аз ин рӯ, онҳо аз раҳбарони ин ҳизб дархост кардаанд, ки ин бойгониро ба ихтиёри онҳо супоранд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бойгонӣ моли Ҳизби коммунисти Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ӯ, ба танҳоӣ дар мавриди ояндаи ин махзан тасмим гирифта наметавонад. Вай афзуд: “Ба ҷуз аз раиси ҳизб ва анҷуман дар ин масъала касе тасмим гирифта наметавонад. Бойгонӣ ин моли ҳизб аст. Мувофиқи оинномаи Ҳизби коммунист дар мавриди моликияти ҳизб анҷумани он тасмим мегирад.”

Ҳоло Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба манзури табобат гирифтан дар шаҳри Москав қарор дорад. Масъулони ҳизб мегӯянд, масъалаи ба ихтиёри Ҳукумат супурдан ва ё дар дасти ҳизб боқӣ мондани бойгонӣ пас аз бозгашти Шабдолов ба Тоҷикистон ҳалли худро хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол, Ҳайдаршо Пирумшоев мегӯяд, дар шароити кунунӣ ба дасти Ҳукумати Тоҷикистон гузаштани бойгонӣ ба фоидаи кор аст, чунки Ҳизби коммунист ба танҳоӣ имкони нигоҳубини бояду шояди бойгониро надорад. Вай афзуд: “Ҳоло дар ин бойгонӣ ба ҷуз аз ман боз ду нафари дигар кор мекунанд. Аммо ҳеҷ кадоме аз мо маош намегирем, балки ҳамчун ихтиёрӣ дар ин бойгонӣ кор мекунем.”

Пирумшоев гуфт, аз ин рӯ беҳтар аст, ин бойгонӣ ба ихтиёри Ҳукумати Тоҷикистон гузарад, чунки он барои хуб нигоҳубин кардани ин “сарвати миллӣ” имконияти бештар дорад. Ба гуфтаи Пирумшоев, аз рӯи аксарияти ин ҳуҷҷатҳои бойгонӣ “мӯҳри махфӣ” бардошта шудааст ва пажӯҳишгарон имкон доранд бе мамоният ба мӯҳтавои он ошно шаванд. Ба таъкиди ӯ, қисмати хеле хурди маводе, ки маъмулан “парвандаҳои инфиродӣ” ҳастанд, ҳамоно махфиянд.

Дар ин бойгонӣ санадҳое чун қарорҳои пленумҳои Ҳизби коммунист аз соли 1924 то соли 1991, “делои шахсии” роҳбарони ҳизб бо хислатнома ва корномаашон маҳфузанд. Барои мисол, аз ин бойгонӣ мадорики марбут ба қаҳрамонҳои Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемуров, Бобоҷон Ғафуров ва инчунин, котибони аввали ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ назири Турсун Ӯлҷабоев ва Ҷаббор Расуловро дарёфт кардан мумкин аст. Ҳоло дар ин бойгонӣ беш аз 1 миллион санади марбут ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистони шӯравӣ маҳфузанд.

XS
SM
MD
LG