Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ тазоҳуроти мухолифонро дар Бишкек манъ кард


Фаъоли ҷомеаи маданӣ Одил Турдиқулов
Фаъоли ҷомеаи маданӣ Одил Турдиқулов

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек баргузории тазоҳуроти рӯзи 29 мартро барои мухолифони Қирғизистон манъ кард. Дар ин бора фаъоли ҷомеаи маданӣ Одил Турдиқулов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати ноҳияи Ленин аз додгоҳ хостааст, то баргузории тазоҳуротеро, ки мухолифони қирғиз мехоҳанд, 29 март барпо кунанд, манъ намояд.

Турдиқулов мегӯяд, ин қарори додгоҳ ғайриқонунӣ аст. "Мо як моҳ пеш дархостнома дода будем", - афзуд ӯ.

Пештар хабар дода мешуд, ки фаъолони мадании Қирғизистон 29 март дар назди бинои Иттиҳодияи ҷамъиятии телевизион ва радиошунавонӣ бо талаби қатъи нашри маълумоти туҳматангез зидди мухолифон ва поён додани фишорҳо ба озодии баён тазоҳурот хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG