Пайвандҳои дастрасӣ

«Чоҳҳои нафт тибқи санадҳо моли Тоҷикистонанд»


Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, чоҳҳои нафту газе, ки замони шӯравӣ дар мавзеи Ниёзбеки Конибодом канда шудаанд, танҳо яке дар тавозуни Қирғизистон буда ва тибқи санаҳо боқӣ моли Тоҷикистон мебошанд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви комиссияи марзбандии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, аз 89 чоҳи нафту газе, ки замони шӯравӣ дар мавзеи Ниёзбеки ноҳияи Конибодом канда шудаанд, танҳо яке дар тавозуни Қирғизистон буда, боқӣ мутобиқи санадҳо моли Тоҷикистон мебошанд.

Ҷаноби Сангинов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ ибтидо ба ин суол, ки дар музокироти комиссияҳои марзбандии Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 11-12 уми июл дар Хуҷанд чӣ натиҷаҳое ба даст омаданд, гуфт:




Ҷумъабой Сангинов: Ин мулоқот дар осоишгоҳи «Баҳористон» аввалин вохӯрии ҷонибҳо пас аз таъини муовини сарвазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷониби ҳукумати ин кишварҳо бо назардошти зарурат дар мақоми раҳбарии комиссияҳои муайян ва нишонгузорӣ намудани хати марз буд. Дар муддати ду рӯз ҳар ду тараф тамоми масъалаҳои ҳамкории наздисарҳадӣ ва сарҳадиро баррасӣ намуда, барои омӯзиш ба якдигар ирсол карданд. Дар ҳамин замина дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо дар шахсияти муовинони сарвазир ба чунин қарор расиданд, ки минбаъд барои суръат бахшидан ба кори комиссия вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби коршиносон мунтазам ва ҳар моҳ сурат мегирад.

Озодӣ: Дар ин музокирот аз ҷониби Тоҷикистон кадом масъалаву мушкили марзӣ матраҳ шуд?

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҷумъабой Сангинов: Албатта, дар баҳси тарафҳо дар «Баҳористон» мо диққати ҳайъати Қирғизистонро ба чанд масъалае, ки боиси нигарониамон гаштааст, ҷалб кардем. Аз ҷумла, дар назди ҷониби Қирғизистон ҳаллу фасли якҷояи масъалаи фаъолияти чоҳҳои нафту гази мавзеи Ниёзбек дар ҳудуди ноҳияи Конибодомро, ки ба корхонаи муштараки «Петролеум Суғд» тааллуқ доранд, матраҳ намудем.

Зимнан, дар ин маврид рӯзҳои охир дар васоити ахбори омма иттилои гуногун ва баъзе дур аз воқеият ба нашр мерасанд. Аз ин рӯ, азбаски дар доираи масъулияти вазифаи худ ва бевосита бо супориши раиси вилояти Суғд ба ҳаллу фасли ин масъала банда машғул ҳастам ва то баргузории мулоқоти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти сарварии муовинони сарвазирон низ вохӯрии мо бо ҳайъати кории вилояти Ботканд низ баргузор шуда буд (моҳи май дар Исфара), мехостам баъзе масъалаҳоро равшан созам. Аслан, баҳс атрофи чоҳи рақами 205-и Ниёзбек, ки дар ҳудуди ноҳияи Конибодом, дар мавзеи Қарақчикуми шимолӣ ҷойгир мебошад, аз 17-уми июни соли равон ба миён омад. Тарафи Қирғизистон даъво дорад, гӯё ин чоҳ дар ҳудуди ин кишвар ҷойгир аст. Вале тибқи санадҳое, ки мо дар ҷараёни кории комиссия дар асоси онҳо кор мебарем, ин ва дигар чоҳҳои нафту газ дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Озодӣ: Аммо ҷониби Қирғизистон даъво дорад, ки ин чоҳи рақами 205-и Ниёзбек ва ба гуфтаи онҳо Каттатуз, дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки ин кишвар ҷойгир аст. Ва Тоҷикистон аз он рӯзона беш аз 5 тон нафту 15 атмосфера газ истеҳсол мекунад. Токон Мамитов, муовини сарвазири ин кишвар ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, Қирғизистон аз 22 июн роҳи коргарони тоҷикро ба ин кон баст ва то аниқ шудани ба кадом ҷониб тааллуқ доштани он баҳрабардорӣ аз он қатъ карда шавад. Аслан таърихи кофтану баҳрабардорӣ аз ин конҳо чӣ таърихе дорад ?

Манотиқи марзӣ дар Исфара ва Бодканд, борҳо шоҳиди таниши сокинони ду ҷониби сарҳад будааст

Манотиқи марзӣ дар Исфара ва Бодканд, борҳо шоҳиди таниши сокинони ду ҷониби сарҳад будааст

Ҷумъабой Сангинов: Таърихи роҳандозии корҳои иктишофию геологиии чоҳҳои Ниёзбек ва Қарақчикуми шимолӣ, ки дар ҳудуди ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон ҷойгиранд, ба солҳои 1955-1961 рост меояд. Дар маҷмӯъ аз 89 чоҳи кандашуда дар ин мавзеъ дар замони шӯравӣ танҳо чоҳи рақами 2 ба тавозуни Қирғизистон дода шуда буд. Боқимонда чоҳҳое, ки ҳоло бархе фаъолу бархе нофаъоланд, дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷкистон воқеъ мебошанд.

Озодӣ: Кони баҳсноки рақами 205 дар мавзеъи Ниёзбек чӣ?

Ҷумъабой Сангинов: Ин чоҳ, ки ҳоло атрофи соҳибӣ ба он гуфтушунидҳо меравад, соли 1987 канда шуда, то имрӯз аз ҷониби Тоҷикистон истифода мешавад.

Озодӣ: Вале мақомоти Қирғизистон эълон карданд, ки роҳи коргарони тоҷикро ба он бастаанду фаъолияташ қатъ шудааст ва сарҳадбонҳои қирғиз намегузоранд касе ба он наздик шавад?

Ҷумъабой Сангинов: Ҳолати имрӯза чунин аст, ки чоҳи рақами 205, дар мавзеъи Ниёзбеки ноҳияи Конибодом фаъолияти худро идома дода истодааст. Коргарони он бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд. Дидбонгоҳҳои ду тараф тибқи созиши мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масофаҳои муайян ҷойгир шуда, тавозун дар муносибатҳои тарафайнро риоят мекунанд ва аз сар задани баҳсу моҷароҳо пешгирӣ карда истодаанд. Назари мо ин, ки ҳалли ин масъалаи марзӣ бояд бо роҳи гуфтушуниди тарафҳо сурат бигирад. Ва то замони муайян шудани хати сарҳад ва маълум гаштани таллуқоти ин мавзеъ, фаъолияти ин ҷоҳҳо мутобиқи изҳороти сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дар асоси дигар муносибатҳои то имрӯз мавҷуд, фаъолияти худро идома диҳанд. Имрӯз чунин ҳам шуда истодааст ва гуфтушунидҳо атрофи ҳалли масъалаҳои марбут ба чоҳҳои мазкур дар доираи салоҳияти мақомотҳои расмӣ дар қатори дигар масъалаҳои байнисарҳадӣ идомаи мантиқии худро ёфта истодаанд.

Озодӣ: Оё дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд чунин қитъаҳои баҳснок чӣ қадаранд, оё ҳамаи онҳо муайян шудаанд ?

Ҷумъабой Сангинов: Не, зеро мо дар марҳилае қарор дорем, ки ҷараёни муайян кардани қитъаҳои баҳсталаб ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст. Аз ин рӯ, ҳоло барои шумораи аниқу мушаххаси қитъаҳои баҳснокро эълон кардан барвақт аст. Зимнан, дар бархе расонаҳо аз қавли коршиносон ё мақомоти мухталиф ба мавҷуд будани зиёда аз 50 ё 39 қитъаҳои баҳсталаби марзӣ дар байни вилоятҳои Ботканду Суғд, аз он ҷумла ноҳияҳои Исфараву Ботканд ишора мешавад, ки ин ба воқеият рост намеояд.

Озодӣ: Комиссияи байниҳукуматии марзбандии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон тӯли беш аз 10 соли фаъолият чӣ кореро дар ин росто ба анҷом расонд ва мушкил чӣ аст, ки муайян ва аломатгузории хати сарҳад байни ин кишварҳо ба сустӣ ҷараён дорад. Дар ҳоле ки сокинони марзӣ ба хотири аз байн бурдани заминаи моҷарову муноқишаҳо тезонидани кори комиссия ва зудтар муайян намудани хати марзро талаб доранд.

Ҷумъабой Сангинов: Комиссияи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз соли 2001 инҷониб барои делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади ин ду давлат фаъолият мебарад. Дар муддати беш аз 12 сол аз ҷониби ин комиссия аз 971 км хати сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 560 километраш, ки мавриди баҳси тарафҳо қарор надоштанд, муайян карда шуданд. Ҳоло кори марзбандӣ аз тарафи комиссияи зикргашта идома дорад.
Зимнан, мушкили сарҳадбандӣ байни қаламравҳои кишварҳои пасошӯравӣ дар марҳалаи бунёди давлатдории миллии онҳо сарчашма аз он мегирад, ки ин кишварҳо бидуни давлатҳо ва ормонҳои миллӣ ба истиқлол расиданд.
Ва шумо хуб медонед, ки дар ин вазъ барои ҳар узви комиссияи сарҳадбандӣ масъалаи асливу муҳимтарин муайян кардани хати сарҳад мебошад. Ва мушкилоти асосии комиссияи марзбандии Тоҷикистону Қирғизистон эътироф кардани асосҳои ҳуқуқии муайнкунии хати марз аст, ки ҷонибҳо ба якдигар пешниҳод кардаанд. Вале бояд бо қаноатмандӣ эътироф кунам, ки ҳар ду ҷониб пайваста иродаи созиш нишон медиҳанд ва бад-ин ҷиҳат кори комиссия ба дараҷаи муайян пеш меравад. Ман дар як мусоҳибаи қаблии худ низ гуфта будам, ки аммо кори муайян кардану аломатгузории хати сарҳад замон ва вақти муайяне металабад. Аммо ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои иҷрои ин кори хеле нозук ва мушкил хоҳиш ва ҳавасмандии воқеӣ доранд. Ва таҷрибаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ҳам нишон медиҳад, ки дар ҳама ҳолат дар муайян намудани хати марз имкони расидан ба мувофиқа вуҷуд дорад.

Мулоқоти ҳайатҳои Суғду Бодканд. Акс аз бойгонӣ.

Мулоқоти ҳайатҳои Суғду Бодканд. Акс аз бойгонӣ.

Ва ин ҷо мехостам аз як санади муҳим ёдовар шавам, ки он дар мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон 16 августи соли 2008 дар Қайроққум ба имзо расида буд. Дар ҳамин изҳороти сарони кишварҳо ба ҳукуматҳои давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шудааст, ки ба хотири раҳ надодан ба моҷароҳои марзӣ тамоми масъалаҳои марбут ба муайян намудани хати сарҳади байни ин давлатҳо дар заминаи муносибатҳои дӯстона, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод ҳаллу фасл кунанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки тамоми мақомотҳои расмии ду ҷониб, аз ҷумла комиссияи делимитатсия ва демаркатсия, воҳидҳои марзиву маъмурӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ тамоми баҳсҳоеро, ки дар марҳилаҳои муайян байни ду давлати дӯсту ҳамсоя пайдо мешаванд, дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои дӯстона ҳаллу фасл намоянд. Аз ин лиҳоз, баҳс атрофи чоҳҳои нафту газе, ки аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта то имрӯз ба манфиати Тоҷкистон истифода бурда мешавад ва дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд, бояд танҳо дар чаҳорчӯби тартиб ва таҷрибаи муносибатҳои дӯстона мавриди ҳаллу фасл қарор бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG