Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмад Раҳимзода, раиси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии рӯзи 3 август журналистонро ба "эҳтиёткорӣ дар масъалаи пӯшиши мавзӯи равобит бо Ӯзбакистон" даъват кард. Ин паём баъди он садо дод, ки як хабарнигор ба Раҳимзода гуфт, дар мавриди дарёфти виза ё раводиди сафар ба Ӯзбакистон шикояти зиёд вуҷуд дорад. Аз ҷумла, ин хабарнигор гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти боздиди хешутаборашон дар Ӯзбакистонро доранд, гоҳе рӯзҳои зиёд мунтазири гирифтани раводиди сафар ба кишвари ҳамсоя мемонанд.

Ин хабарнигор гуфт, эҳтимол дар сафорат кормандони ҷавону бетаҷриба кор мекунанд, ки забони тоҷикӣ ва ҳатто русиро дуруст балад нестанд ва ҳамин чиз ҳам боиси ба кундӣ ҷараён гирифтани хадамоти додани виза мешавад. Ин хабарнигор аз намояндаи баландпояи ҳукумати Тоҷикистон хост, ки дар сабук кардани ин масоил мусоидат кунад.

Дар посух Маҳмад Раҳимзода, раиси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон гуфт: "Аслан Маркази миллии қонунгузорӣ ин ниҳоди таҳлилии ҳуқуқӣ аст ва мо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нестем. Аммо аз дигар ҷиҳат бояд ба Шумо шарҳ диҳам, ки байни мо ва Ӯзбакистон ҳамин масъалаҳо дар созишномаи тарафайн зикр гардида бошад, ҳарду ҷониб ӯҳдадор аст, ки онро иҷро намояд. Лекин 100 ё 200 нафар дар паси дари ин сафоратхона барои гирифтани раводид мунтазир монданаш, марбут аст ба қонунгузории онҳо. Ҳоло мо агар дар ин масъала ба онҳо муроҷиат кунем, дар ҷавоб мегӯянд, ки мо бояд аввал масъалаи бехатариамонро таъмин кунем, баъд оҳиста-оҳиста раводид медиҳем. Мо нисбат ба кишвари дигар ҳуқуқи фишор овардан надорем ва сиёсати дарҳои кушоди мо ҳамин мазмунро дорад, ки дар кадом вазъе набошад, бояд мо ҳамкориро мустаҳкам нигоҳ дорем. Сафоратхонаи Ӯзбакистон ин ҳудуди кишвари онҳо аст тибқи қонун ва меъёри гузаришу рафту омадро тибқи қонунҳояш ба роҳ мондааст".

Дар пай, Раҳимзода аз журналистон ба таъкид даъват кард, ки ба ҳангоми пӯшиши масоили марбут ба Ӯзбакистон "аз эҳтиёт кор гиранд". Вай гуфт, гоҳо дар матбуоти маҳаллӣ "гапҳои ноҷо" дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар нашр мешавад, ки танҳо бар зарари ҳамкориҳои миёни ду кишвари ҳамсоя меанҷомад. Вай гуфт: "Баъзан вақт ман дар матбуоти тоҷик, бахусус чанде пеш дар рӯзномаи "Народная Газета" мақолаҳоеро хондам, ки бисёр гапҳои ноҷоро дар мавриди ҳамкории ду кишвар навишта буд. Шумо, рӯзноманигорони азиз, бояд донед, ки мо бо хуни ҷигар муносибатҳоро барқарор мекунем. Як калимаи шумо метавонад, ки давлатдории мо, шаҳрвандии мо, тиҷорати мову соҳибкории моро латма занад." Вай ин вазъиятро бо мақоли тоҷикии "чаро оқил кунад коре, ки пас орад пушаймонӣ" муқоиса кард.

Равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон, ки баъди солҳои 2000-ум рӯ ба сардӣ овардааст, яке аз масоили доғу ҳамеша матраҳи матбуот дар Тоҷикистон ва ҳам минтақа боқӣ мемонад. Аз он замон то имрӯз Тоҷикистону Ӯзбакистон - ду ҳамсояи наздик дар шароити виза ба сар мебаранд, парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар қатъ шудааст, ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар хеле маҳдуд аст, Тоҷикистон тавони харидории гази табиии Ӯзбакистонро бо нархҳои бозори ҷаҳонӣ надорад. Баъди мухолифатҳои шадиди Тошканд дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун, ки ба як баҳси сиёсии байналмилалӣ табдил шуд, равобити дипломатии миёни ин ду кишвар ҳам хеле коҳиш ёфт.

Дар гузоришҳои ҷудогона таҳлилгарони мухталиф ба вуҷуди мушкил дар равобити раҳбарони аввали ин ду кишвар ишора мекунанд, ки ба ҳамкориҳо дар сатҳи ду давлат таъсиргузор шудааст. Бо назардошти ин ва мушкилоти убуру мурури шаҳрвандони оддӣ ба қаламрави ҳамдигар, даъватҳо аз мақомоти баландпояи Тоҷикистону Ӯзбакистон барои беҳбудёбии вазъ зиёд садо медиҳад.

Баъди як хабари гӯё азсар гирифта шудани парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар баҳори соли ҷорӣ, дар ҳарду кишвар умедвориҳое барои гармтар шудани равобити миёни ду давлат ба миён омад. Вале ин сӯҳбатҳо баъди интихоботи раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон моҳи март, ки бо

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев

​пирӯзии Ислом Каримов анҷомид, дубора хомӯш шуд.

​Дар вокуниш ба даъвати Маҳмад Раҳимзода, раиси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон таҳлилгари тоҷик Зафар Абдуллоев гуфт, ин паём ҷон дорад, чун "кайҳост фурсати таҳрири робитаҳо бо Ӯзбакистон фаро расидааст" ва танҳо бо сангандозӣ ба самти ҳамдигар, аз ҷумла дар сатҳи матбуот, масъала ҳал намешавад.

Сардабири нашрияи "Азия-Плюс" Зебо Тоҷибоева дар вокуниш ба ин даъват дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, журналистон бояд ҳамеша талош кунанд, ки вазъиятро дар кишварҳои дигар, аз ҷумла ҳамсояҳои Тоҷикистон ба таври мунсифона пӯшиш диҳанд. ​"Аз сӯе, ҳақ ба ҷониби Раҳимзода аст. Чунки мо ҳам аз пахши матолиби интиқодӣ дар матбуоти

Зебо Тоҷибоева

Зебо Тоҷибоева

хориҷӣ дар ҳақи Тоҷикистон меранҷем. Ин ки мо дар бисёр ҳолатҳо мавқеи ҳукумати Тоҷикистонро намедонем, масъалаи дигар аст. Мо хабар дорем, ки ҳукумати Ӯзбакистон ба интиқод дар ҳақи худ ҳассосанд ва гоҳо аз тадбирҳои шадид кор мегиранд.

Вале ба андешаи ман, равобити миёни кишварҳо аз матбуот бастагӣ надорад. ​Ҳоло гӯё мехоҳанд, ки масъаларо ҳамингуна шарҳ диҳанд. Ҳама чиз аз равобити миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бастагӣ дорад. Агар онҳо байни ҳам забон ёбанд, гумон аст, ки журналистон ин муносибатҳоро халалдор созанд".

Зебо Тоҷибоева гуфт, вақтҳои охир мақомот дар Тоҷикистон "вақте дар ҳалли кадом масъала дасткӯтаҳ мешаванд, масъулиятро ба дӯши матбуот вогузор мекунанд. Журналистонро гунаҳгор мебароранд. Вале дар ҳолатҳое, ки бояд ба ҳарфи журналистон гӯш диҳанд, ин корро намекунанд ва ё махсус нодида мегиранд". ​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG