Пайвандҳои дастрасӣ

Қосимзода: "Дар марги Зӯҳро шавҳараш ва атрофиён гунаҳкоранд"


Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон.

Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ҳодисаи худкушии Зӯҳро Маҳмуродова -- як ҷавонзани норакӣ, ки худ ва чаҳор фарзандашро ба дарё андохт, шавҳар, оила ва атрофиёнро гунаҳкор медонад.

Идигул Қосимзода бо ишора ба ин ҳодиса, ки дар зимистони гузашта рух дод, гуфт, ки суханони номуносиби шавҳари ин зан боиси худкушии ӯ шудааст. Хонум Қосимзода рӯзи 29 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, шавҳари Зӯҳро Муродоваи 25-сола ӯро бо ҳарфҳои шӯхиомез ва баъдан ҷиддии худ, ки "гӯё ҳамеша духтар таваллуд мекунад ва писар не", ба худкушӣ таҳрик додааст.

Қосимзода афзуд: ”Зан вақте чанд маротиба ин ҳарфҳоро аз шавҳараш мешунавад ва бори охир, ки мард дағалона мегӯяд, зан ҳамроҳи чор фарзандаш худро ба дарё меандозад. Шавҳараш ҳангоми сӯҳбат ба ман гуфт, ки муаллима, ман шӯхӣ кардам. Аммо бояд бидонем, ки зиндагӣ ин шӯхӣ нест.”

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчунин аз бетафовутии мардуми атроф нисбат ба ин қазия изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, қабл аз вуқӯи ҳодиса мардуми зиёде ӯро дар болои пул дидаанд, вале касе ӯро аз ин амал боз надоштааст. Худи раиси кумита ҳангоме, ки ба маҳали ҳодиса мераваду аз онҷо дидан мекунад, мегӯяд, муддати даҳ дақиқаи онҷо будан тақрибан сад мошин аз болои пуле, ки Зӯҳро худ ва чаҳор духтарашро ба дарё андохт, убур карданд.

Вай афзуд: ”Ҳамон рӯзе, ки ин зан худро ба об андохт, рӯзи хеле сард буд. Бетарафиро бинед, ки ҳамон зан дар рӯзи хунук бо чаҳор духтаракаш истод, ҳеҷ як аз мошинҳои радшуда ӯро наҷот надоданд. Дар дуву ним соате, ки он зан болои пул истода буд, касе аз ронандаҳо пиёда нашуд ва нагуфт, ки хоҳари азиз, дар ҳамин сардии зимистон инҷо чӣ мекобӣ?”

Зӯҳро Маҳмуродова, зани 25-сола аз деҳаи Дӯстии шаҳри Норак баъд аз зуҳри рӯзи 5-уми феврал бо фарзандони хурдсоли худ Кибриёу Хадиҷаи дусола ва Маърифату Рафоат, ки яке шашсола ва дигарӣ хурдтар будааст, худро аз болои пуле дар маркази Норак ба дарёи Вахш андохт.

Раиси Кумитаи кор бо занон ҳамчунин гуфт, пас аз он ҳодиса бо панҷсад сокини шаҳри Норак дар робита ба ин ҳодиса ҳамоише баргузор кард ва таъкид дошт, ки маҳз ношукрии он падар аз фарзандонаш, боиси ин фоҷеа шудааст.

Ба гуфтаи хонум Қосимзода, дар баробари он мард ҳамчунин аҳли хонаводаи ӯ ҳам ба Зӯҳро ба хотири танҳо духтар ба дунё оварданаш фишор меоварданд. Раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оила ин ҳодисаро бисёр фоҷеабор арзёбӣ карда ва гуфт, ки дар натиҷаи таҳқиқот маълум шуд, ки Зӯҳро нахуст ду фарзанди дугоникашро дохили жемпири худ баста, ба дарё меандозад ва сипас ду духтари бузургаш ва худро ғарқи об мекунад: ”Аксҳои духтараконро дидам, бисёр духтарони нозанин буданд, хеҷ камбудӣ надоштанд. Аз зиндагӣ умедҳои зиёде доштанд.”

Маъмулан хонаводаҳо дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон таваллуди писарро нисбат ба духтар тарҷеҳ медиҳанд. Ҳатто чунин қоида ҳам ҳаст, ки ба навхонадорон дар рӯзи арӯсӣ чунин орзу мекунанд, ки ”ширин шавад, шакар шавад, аввалинаш писар шавад.”

Масъулини Кумитаи кор бо занон маҳз ҳамин гуна зеҳниятро боиси паёмадҳои нохуше ба монанди хушунат ва ҳатто худкушии занон медонанд. Ба гуфтаи коршиносон, зеҳнияти мардум бояд дар ин масъала иваз шавад ва хонаводаҳо набояд байни фарзанди писар ва духтар тафовут гузоранд.

Зулхумор Шерова -- модари Зӯҳрои марҳум рӯзи 30 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омилони аслии худкушии духтараш то ҳол ошкор нашудаанд. Вай гуфт, пас аз воқеаи худкушӣ ҳамсоягон гуфтанд, ки дар рӯзи ҳодиса духтараш дар хонаводаи шавҳараш таҳқиру душном шуда буд.

Ба гуфтаи вай, то ҳол барои марги духтараш касе муҷозот нашудааст: “Дигар дунболи ин масъала нашудем. Муҷримон ҳоло дар озодӣ гаштаанд. Хушдоманаш гуфтааст, ки писарамро зан медиҳам. Домодам ҳам пас аз воқеа ба модараш гуфт, ки бо зану фарзандони ман чӣ кор кардӣ, оча?”

Модари Зӯҳро мегӯяд, пас аз воқеаи худкушӣ пулис муайян кард, ки духтараш боз ду дугоники дигар дар батн доштааст ва ҳарду писар будаанд.

Шарофат Одилова.

Шарофат Одилова.

Хонаводаи шавҳари Зӯҳро қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки нисбат ба арӯсашон ҳеч бадие раво надидаанд. Шарофат Одилова, модарарӯси Зӯҳро, ки дар нерӯгоҳи Норак ба ҳайси фаррош кор мекунад, дар сӯҳбат бо Озодӣ он замон гуфта буд: "Аз субҳ то шом ману шавҳарам дар кор ҳастем. Хона дар ихтиёри келинам буд. Субҳ маро аз хоб хезонд, чой дам кард. Ҳар саҳар ба ӯ таъкид мекардам, ки кӯдаконро хуб нигоҳ кун. Дар хонаи мо на гапи бад ва на абрӯи гирифта буд. Коре намекард, ки боис ба қаҳру муноқиша шавад."

Ҳамакнун ягона хостаи модари Зӯҳро ин аст, ки акси духтараш бар рӯи ҳамон пул, яъне маҳалли ҳодиса, дар овезае гузошта шавад, то барои дигарон дарси ибрат бошад ва аз хушунату худкушӣ дар хонаводаҳо ҷилавгирӣ шавад.

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва кумита низ ин қазияро пайгирӣ мекунад. Аммо масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Норак аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ карданд.

Тайи як соли ахир чанд ҳодисаи худкушии занон бо фарзандонашон сурат гирифт, ки ҳам ҷомеа ва ҳам мақомоти Тоҷикистонро нигарон кард. Моҳи сентябри гузашта Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш худро ба дарё андохт. Модар наҷот ёфт, вале 3 фарзандаш ҷони худро аз даст доданд.

Дар моҳи июли соли гузашта низ сокини Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт, ки дар натиҷа кӯдаконаш фавт карданд ва худаш зинда монд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Дар парвандаҳои худкушии ин занон омадааст онҳо зиндагии пурмашаққате доштаанд ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки дар пайи муноқиша бо ҳамсарони худ дучори афсурдагӣ шуда бошанд.

Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар шаш моҳи ахири соли равон 160 ҳодисаи худкушии занонро саб кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан камтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG