Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳод: "Карим Қаҳрамон" қаҳрамони Русия эълон шавад


Нимпайкараи Саидаҳмад Каримов дар Ховалинг. 9 майи 2015

Нимпайкараи Саидаҳмад Каримов дар Ховалинг. 9 майи 2015

​Иддае аз рӯшанфикрони тоҷик талош доранд, то ба Саидаҳмад Каримов, иштирокчии ҷанги Шӯравӣ алайҳи Олмони нозӣ ё фашистӣ унвони қаҳрамони Русия ва Тоҷикистон дода шавад.

Саидаҳмад Каримов, ки 8 май дар зодгоҳаш Ховалинг барояш нимпайкара гузоштанд, фармондеҳи як дастаи ҷанговарони аспсавори Артиши Шӯравӣ буд, ки бо аспи мавсум ба "Гули бодом"-аш ҷангида, то Берлин рафт, аммо ба гуфтаи муҳаққиқон унвони сазоворе барои хидматҳояш дарёфт накард.

Мӯъмин Қаноат, шоири шинохтаи тоҷик, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ достонеро бо номи "Гули бодом" дар бораи корнамоиҳои ин мард навиштааст, мегӯяд, ҳоло бо Варқа Зайниддин, як нависандаи тоҷик маткубе навиштаанд, то ба Каримов унвони қаҳрамони Русия ва Тоҷикистон дода шавад. Ӯ мегӯяд, замони Шӯравӣ ба корномаи ин ҷангвораи тоҷик шинос шуда, аз ҳамон замон бо такя ба манобеи бойгониҳо барои додани унвон ба ин мард талош кардааст.

Ӯ афзуд: “Раҳбари комунистҳоро аз зиндони фашистҳо озод карда буд. Даҳҳо корномаҳое нишон додааст, ки сазовори баландтарин унвонҳо буд. Вақте аз Маскав менавиштанд, ки хулоса диҳед, мо ба ин нафар унвон диҳем, аз Тоҷикистон дар бораи шахсияташ шарҳи ҳасудона медоданд. Ин ҷо раҳбарон ҳама тотору русҳо буданд ва он қадар моил набуданд, ки як тоҷик унвони баланд бигирад. Бо баҳонае, ки гузаштагонаш гӯё босмачӣ ва бой буданд, ӯро унвон надоданд. Бисёр як одами ғайюр буд. Вақте як рус ӯро ҳамчун тоҷик таҳқир мекунад, ӯро як мушт мезанад ва бо ҳамин дигар ӯро аз гирифтани унвон хат мезананд.”

Ин шоири маъруф мегӯяд, ҳанӯз худро назди рӯҳи ин мард қарздор медонад ва чун дигар Иттиҳоди Шӯравӣ аз миён рафтааст, Русия ва Тоҷикистон ҳамчун ворисони Шӯравӣ ба ӯ унвони қаҳрамонӣ бидиҳанд. Аммо пайвандони Саидаҳмад Каримов мегӯянд, замони зиндагӣ ӯ ҳеч талоше барои гирифтани унвон намекард.

Ҳисорӣ Каримов, писари Саидаҳмад Каримов, ки ҳоло 63 сол дорад, мегӯяд, борҳо ба исрори наздикон барои гирифтани унвон ҷавоби рад медод. Ба қавли ӯ, “мегуфтем, падар, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҳаст, биё нависем,

то унвонат бидиҳанд, аммо рад мекард. Мегуфт, ки беҳтарин унвонро бароям халқ додааст, ҳамин кофист. Ӯро дар миёни мардум “Карим қаҳрамон” меномиданд. Мегуфт, ки гирифтани унвон миннат гузоштан ба ватан аст.”

Амирхон Саидзода, муҳаққиқи зиндагиномаи Саидаҳмад Каримов, ки китобе бо номи “Карим Қаҳрамон” таълиф кардааст, мегӯяд, ӯ ба тамоми унвонҳое, ки замони ҷанг ба сарбозон медоданд, пешниҳод шудааст, аммо на ҳамаи онҳоро дастрас кардааст. Ба гуфтаи ӯ, “се бор барои гирифтани унвони Ордени Шараф пешниҳод шудааст. Ҳамаи хизматҳояш сабт шудааст. Ҳамаи имзоҳо ҳаст, вале дар ниҳоят бо сабаби номаълум қарор содир нашудааст."

Амирхон Саидзода мегӯяд, вале ба Саидаҳмад Каримов, ки ҳамагӣ рутбаи лейтенант дошт, ордени ба номи “Суворов” додаанд, ки аксаран инро ба генералҳои Артиши Шӯравӣ медоданд. Аммо баландтарин унвони Шӯравӣ, ки “Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ” буд, ба ӯ дода нашуд.

Ин муаррихи тоҷик афзуд, ҳарфҳое буданд, ки ӯро барои “кулак” будани падараш унвони олии Шӯравиро надодаанд, аммо ин ҳарфҳо бепояаанд.Саидзода гуфт: “Падараш иштирокчии шӯриши Восеъ буд. Дар ин шӯриш ҳамаи дандонҳояш шикаста буд ва вақте Саидаҳмад ду сол дошт, вафот мекунад. Модараш аз фаъолони ноҳия ва вакили мардумии РСС Тоҷикистон буд. Ин хонандон як оилаи ҷасуру сарсупурда буданд, вале он замон танҳо барои тоҷик будан онҳоро қаҳрамон надоданд.”

Нуруллоҳ Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо нимпайкараи Саидаҳмад Каримовро гузоштем. Бори аввал китобашро ҳам чоп кардем. Соли оянда тасмим дорем, осорхона созем. Ҳатто китобҳоеро, ки дар бораи ӯ дар Олмон нашр шудаанд, дастрас намудем."

Аз Тоҷикистон дар ҷанги Шӯравӣ алайҳи олмонӣ фашистӣ ё худ нозӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар ширкат кардааст. Он замон ин кишвар 1 миллион аҳолӣ дошт ва аз се 1 нафари он дар ҷанг ширкат кардаанд, ки 92 ҳзаорашон ҳалок шудаанд. Ин дар ҳолест, ки аксаран, дар замони ҷанг ва то кунун саҳми тоҷиконро нодида мегиранд.

Дар замони ҷанг ба 64 нафар иштиркочии ин ҷанг аз Тоҷикистон унвони олии Шӯравӣ, яъне “Қаҳрамони иттифоқи Советӣ” додаанд, ки аксари онҳо “зодагон”-и Тоҷикистон буда, танҳо 17 нафарашон тоҷиканд.

Даҳҳо нафари дигар ба мисли Саидаҳмад Каримов, ки қаҳрамонона дар ин ҷанг ширкат карданд, ҳеч қадрдоние нашуданд. Саидаҳмад Каримов соли 1991, вақте ҳанӯз Шӯравӣ пош нахӯрда буд, аз дунё чашм пӯшид. Баъди 24 соли даргузашташ аввалин иқдом дар зодгоҳаш гирифта шуд ва бори нахуст як нимпайкарааш дар боғи ба номи “Карим Қаҳрамон” гузошта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG