Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми парвандаи шиканҷа ва ё "хунукназарӣ" ба таъхир афтод


Падари Низомиддин мегӯяд, писарашро афсарони милиса куштаанд.
Падари Низомиддин мегӯяд, писарашро афсарони милиса куштаанд.

Додгоҳи Вахш эълони ҳукме афсари милисаеро ба таъхир андохт, ки ба гуфтаи муфаттишон бинобар хунукназарии ӯ, Низомиддини 27-сола дар боздоштгоҳ худро овехтааст.

Зайнуддин Назриев, афсари милиса ва навбатдори боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш бар тибқи моддаи 322 -и Кодекси ҷиноӣ, яъне "хунукназарӣ" муттаҳам мешавад, зеро ба гуфтаи мақомот натавонистааст, аз худкушии Низомиддин Ҳомидови 27-сола ҷилавгирӣ кунад. Низомиддин Ҳомидов, 30 марти имсол назди тафреҳгоҳе дар маркази ноҳияи Вахш бо гумони дуздӣ боздошт шуд ва баъди як шаб мондан дар боздоштгоҳи пулис ба ҳалокат расид ва ҷасадашро ба пайвандонаш супурданд. Мақомот ба пайвандони Низомиддин гуфтаанд, ки вай дар ҳуҷраи боздоштгоҳ, бо майкае ки дар тан дошт, худро овехтааст.

Вале Ҷунайд Ҳомидов, падари Низомиддин, ба фарзияи мақомот бовар надорад ва мегӯяд, ки дар як шаб писарашро ончунон латту кӯб карданд, ки қабурғаҳояш шикаставу доғҳои сиёҳ дар баданаш рӯшан дида мешуд. Ба қавли падараш, ӯ навори осори шиканҷа дар бадани фарзандашро ба вазорати корҳои дохилӣ, додситонӣ ва идораҳои дигар бурдааст. Мақомоти интизомӣ ин иддаоро рад мекунанд.

Рӯзи 13-уми август дар муҳокимаи додгоҳӣ дар додгоҳи Вахш, муфаттиши парванда аз додгоҳ хост, Зайнуддин Назриевро афсари милисаро барои “хунукназарӣ” зимни иҷрои вазифа 45 ҳазор сомонӣ ҷарима кунад ва ӯро таз ҳаққи кор дар мақомоти милиса барои 5 сол маҳрум намояд. Худи Зайнуддин Назриев, зимни ироаи сухани охирони худ дар толори додгоҳ гуфт, "ҷиноят қасдан содир нашудааст ва мунтазири ҷазои сабуктари додгоҳ ҳастам.”

Аммо ба эътиқоди пайвандони Низомиддин Ҳомидов фарзандашон худкушӣ накардааст ва ҳатто дар марги ӯ Зайнуддин Назриев, навбадорӣ умури дохилаи ноҳияи Вахш муттаҳам нест. Ҷунайд Ҳомидов, падари Низомиддин Ҳомидов баъди муҳокима ба Радиои “Озодӣ” гуфт, ки чаҳор корманди милиса дар марги фарзандаш даст доранд:

Даъвои ман инаст, ки бояд қотилони писари ман боздошт шаванд,чун чаҳор нафаре, ки дар марги писарам муттаҳам дониста мешаванд, кормандони пулис ҳастанд ва вазифаи хубтаре гирифта аз ноҳия берун рафтаанд. Фарзанди манро барои дуздӣ куштанд, вале ӯ дузд набуд, кор мекард.”

Муҳокимаи парвандаи марги як муттаҳам ба ҷиноят дар дохили боздоштгоҳ дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон солҳои ахир ба далели вуҷуди шиканҷа мавриди интиқодҳои пайвастаи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар қарор гирифтаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар се соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва ё дар зиндон бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.

Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз вазорати дохила – 46 000 ва модари Баҳромиддин Шодиев – аз пулиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 14 000 сомонӣ товон рӯёнанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аммо мегӯянд, шиканҷаву бадрафторӣ як зуҳуроти фарогир дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва мақомот барои аз байн бурдани бадрафторӣ бо маҳбусону муттаҳамон ва азияти озори онҳо саъй намекунанд. Созмони Милал низ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ин зуҳуроти бад дар сафи кормандони мақомоти интизомиро решакан кунад.

XS
SM
MD
LG