Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳайати 8-нафара ба намояндагӣ аз мақомоти зидахли Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо маҳсубон, аз зиндонҳои кишвар дидан мекунад.

Илҳом Маҳмудов, муовини сарвари Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мулоқотҳо бо маҳбусони зиндонҳои кишвар бо ташаббуси Иззатулло Шарипов, муовини вазири адлия ва сарвари Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлия ташкил шудаанд. Вай афзуд, қабл аз ин вазири адлия Рустам Менглиев низ дар зиндонҳо бо маҳбусон мулоқотҳои рӯ ба рӯ анҷом дод.

Ба қавли ин манбаъ, дар вохӯриҳо намояндагони додситонӣ, додгоҳ, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ мустақим бо зиндониён вохӯрда, арзу доди онҳоро мешунаванд. Вай афзуд, дар мулоқотҳо маҳбусон "озодона арзу шикояти худро ба мақомот мерасонанд ва ҳар шикоят аз ҷониби масъулин ба назар гирифта мешавад".

Созмон додани мулоқоти зиндониён бо мақомоти дахлдор дар ҳолест, ки тайи чанд моҳи ахир, бавижа пас аз марги мармузи зиндонӣ Ҳамза Икромзода, ки ба даъвои наздиконаш, моҳи сентябри соли равон бар асари шиканҷа аз сӯи ходимони зиндон ба ҳалокат расидааст, интиқодҳо алайҳи низом ва раҳбарияти маҳбасҳои Тоҷикистон афзудааст. Додситони кулли Тоҷикистон баъди таҳқиқи ин ҳодиса гуфт, ки Икромзода даст ба худкушӣ задааст, вале айни замон, ҳодисаи марги Икромзода дар маҳбаси шаҳри Душанбе таҳқиқ мешавад.

Дар мулоқоти охирини худ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар рӯзи таҷлили иди милисаи тоҷик президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз мақомоти дахлдор талаб кард, ки аз шиканҷа даст кашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG