Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки фаврии Гулрухсор ба як захмии садама дар Майхӯра (3 ВИДЕО ва 8 АКС)


Парастори тоҷик Гулрухсор Рофиева, ки 105 рӯз дар Яман асир буд ва субҳи имрӯз ба Тоҷикистон баргашт, дар роҳ ба сӯи зодгоҳаш Панҷакент ба як мусофир, ки дар садамаи нақлиётӣ осеб дида буд, ёрии аввалияи тиббӣ расонидааст.

Гулрухсор Рофиева, парастори тоҷик, ки субҳи имрӯз аз Туркия ба Тоҷикистон расид ва озими зодгоҳаш Панҷакент буд, дар ин масир ба як марди мусофир, ки бар асари садамаи нақлиётӣ осеб дида буд, кӯмаки аввалияи тиббӣ расонидааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ин сафар Гулрухсорро ҳамроҳӣ менамояд, мегӯяд, ки дар мавзеи Майхӯра як мошини тамғаи “Дулан” ба як худрави “Мерседес” бармехӯрад, ки дар натиҷа як мусофири тақрибан 60-солаи мошини сабукрав ҷароҳат мебардорад. Захмии садама ба ёрии фаврии тиббӣ ниёз дошт.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ин мард, ки дар курсии пеши мошин нишаст буд, бар асари ин садама буҷулаки пояш баромада ва ҷоғу синааш осеб дида буданд. Тақрибан 50 мошин бинобар ин садама ва резиши барф дар ин мавзеъ дармонда буданд ва дар ҷустуҷӯи табибе буданд, то ба ин марди захмӣ кӯмак расонад. Гулрухсор ба ин мард даво дода ва кӯмаки аввалия расонидаааст ва сипас ин мард ба бемористон интиқол дода шудааст.

ГУЛРУХСОР: “ҲАРГИЗ ДИГАР БА ЯМАН НАМЕРАВАМ”

Парастори тоҷик Гулрухсор Рофиеваро ҳангоми бозгашт аз Яман рӯзи 21-уми феврал дар фурудгоҳи Душанбе хешону наздикон ва ёру дӯстонаш пешвоз гирифтанд. Гулрухсор Рофиева, парастори тоҷик, ки 105 рӯзро дар Яман дар асорат ба сар бурдааст, рӯзи 21-уми феврали соли 2015, баъд аз ҳалли мушкили шиносномааш аз тарафи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, тавонист аз Яман ба Душанбе баргардад. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе хешону наздикон ва ёру наздиконаш, пешвоз гирифтанд.

Гулрухсор Рофиева, ки тариқи ширкати ҳавонавардии "Turkish Airline" аз Истанбул ба Душанбе расид, дар аввалин сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳамаи онҳое, ки дар раҳоии ӯ саҳм гирифтаанд -- аз мақомоти бемористон, ҳукумати Яман, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафоратҳои Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Қатар, расонаҳои ахбори умум, ба вижа Радиои Озодӣ, ки қазияи ӯро пӯшиши хабарӣ доданд ва ҳамаи онҳое, ки барояш дуо кардаанд, ташаккур менамояд.

Гулрухсор, ки дар иҳотаи хешу наздиконаш сӯҳбат менамуд ва аз шодӣ хеле ҳаяҷонзада буд, аз консулгарии Тоҷикистон дар Туркия низ сипос намуд, ки ҳини расидан аз Яман ба Истанбул, ӯро бо тӯҳфаҳо пешвоз гирифтанд ва ба кишвар гусел намуданд.

Гулрухcор дар фурудгоҳи Душанбе пайвандону рафиқонаш пешвоз гирифтанд ва аз онҷо мустақиман ба зодгоҳаш шаҳри Панҷакент рафт. Хонум дар мавриди нақшаҳои худ гуфт, ҳоло ният дорад, ки ба дидору падару модар, фарзандон ва пайвандонаш бирасад. Ӯ дар посух ба ин суол, ки азми баргаштан ба Яманро дорад, гуфт “ҳаргиз ин корро нахоҳад кард.”

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр аз тарафи афроди мусаллащ рабуда шуд ва рӯзи 10-уми феврал аз асорати онхо дар ивази озодии як махбус раҳо гашт.

Дар Яман тақрибан 70 пизишку парастор аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Дар гузашта ду дафъа – як бор дар соли 2007 ва бори дуюм дар соли 2011 – табибони тоҷик аз сӯи гурӯҳҳои одамрабо дар ин ҷо рабуда шуданд. Дар ҳарду маврид гаравгонгирон дар ивази озодии асирони худ пул ва аз зиндонҳои Яман озод кардани ҳамқабилаҳои хешро талаб карда, бо иҷрои ин шартҳо гаравгонҳои тоҷикро озод кардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG