Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои иҷтимоӣ дар миёни "ҷосуси хориҷӣ" ва "коршарик"


Нигина Баҳриева

Нигина Баҳриева

Нигина Баҳриева, намояндаи созмони ғайридавлатии "Нотабене" мегӯяд, Кумитаи андози Тоҷикистон аз додгоҳ бастани ин ин созмони ҳомии ҳуқуқи башарро тақозо кардааст.

Кумитаи андози Тоҷикистон созмони ғайридавлатии "Нотабене"-ро ба он айбдор мекунад, ки бо истифода аз норасоиҳои қонун худро сабти ном кардааст ва биноан бояд бо қарори додгоҳ баста шавад.

Нигина Баҳриева, масъули созмони ҷамъиятии "Нотабене", 27 июл дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир якбора чаҳор ниҳоди расмӣ, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи андоз фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро тафтиш мекунанд. Вай афзуд, Кумитаи андози Тоҷикистон бе далели ҳуқуқӣ бастани созмони "Нотабене"-ро талаб мекунад, дар ҳоле ки қонунгузории Тоҷикистон шеваи номнависи Фондҳои ҷамъиятиро танзим накардааст ва ҳеҷ ниҳоде ҳозир нест ин гуна ташкилотҳоро сабти ном кунад:​ “Кодекси граждании Тоҷикистон ба мо ҳақ додааст, ки Фонди ҷамъиятӣ ташкил кунем. Аммо Вазорати адлия ин гуна фондҳоро ба қайд намегирад. Мо онро дар Кумитаи андоз сабти ном карда будем. Ҳамканун Кумитаи андоз аз болои мо ба додгоҳ шикоят бурда талаб кардааст, ки фаъолияти ташкилоти мо қатъ карда шавад. Лекин мо қонунро вайрон накардаем.”

Хонум Баҳриева афзуд, ҳоло додрасҳо дар ҳалли ин қазия ҳайрон мондаанд ва намедонанд онро чӣ гуна ҳал кунанд. ​

Наргис Зокирова, роҳбари дафтари Ҳуқуқи инсон ва риояти қонун дар ин нишаст гуфт вақтҳои охир мақомоти Тоҷикистон ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ бархурди носолимероо пеш гирифтаанд, ки ба фоидаи ҷомеа нест . Вай афзуд: “Имрӯз давлат дар симои ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ набояд душманон ва агентҳои хориҷиро бубинанд. Балки дар симои мо (яъне ташкилотҳои ғайридавлатӣ) бояд коршарикеро бубинанд ва бо мо дар амри пешгирии терроризму экстремизм ҳамкорӣ кунанд.”

Хонум Зокирова ҳамчунин гуфт, дар ҳоле, ки Вазорати адлия мегӯяд дар ҷараёни санҷиш 4,5 миллиард сомонӣ гранти созмонҳои ғайридавлатиро ошкор кардааст, вале ин рақам ба назари хонум Зокиро ба ҳақиқат рост намеояд. Хабари чоруним миллиард сомонӣ гранти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар як солро Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ҳафтаи гузашта эълон карда буд.

Ҳаким Мирсаидзод, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, дар нишасти САҲА гуфт, агар маҳудудияте вуҷуд дорад он танҳо ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии кишвар аст. Мирсаидзод, дар робита ба 4,5 миллиард сомоние, ки Вазорат ошкор кардааст гуфт: "Ин пулҳоро аз рӯи гузориши 600 созмони ғайридавлатӣ, аз соли 2013 то моҳи апрели 2014 омода кардем. Ин маълумоти он вақт аст. Аммо ҳоло дар кишвар беш аз 2600 ташкилоти ғайридавлатӣ бидуни ҳеҷ монеа фаъолият доранд."

Радду бадали андешаҳо ва баҳсу баррасиҳо миёни намояндагони давлати Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҳолест, ки порлумон дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро тағйир дод, ки ба шароити дарёфт ва харҷи ёриҳои молии аз хориҷӣ кишвар рабт дорад. Бино бар банди 24-и Қонуни созмонҳои ҷмаъиятӣ аз ин ба баъд, созмонҳои ғайридавлатӣ аз сарчашмаҳои молии худ бояд ба Ҳукумат гузориш диҳанд.

Намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамчунин аз он шикоят мекунанд, ки ба думболи тасвиби ин қонун тафтишҳои мақомот бештар шуда ва ҳамчунин талаби бастани баъзе аз ин созмонҳо дар миён гузошта мешавад. Посухи чанде аз мақомоти давлати Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштанд ба шикваи ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз афзоиши фишор ин буд, ки дар шароити афзоиши хатарҳо ба амнияти кишвар масъалаи риояи ҳуқуқи инсон дувумдараҷа аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG