Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табобати кӯдакони гирифтори ВИЧ СПИД шурӯъ мешавад


Як созмони ғайриҳукуматӣ ҳамроҳ бо ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба иҷрои барномае шурӯъ мекунанд, ки ҳадафи он беҳтар кардани зиндагии кӯдаконест, ки ба вируси ВИЧ СПИД гирифтор шудаанд.

Дар Тоҷикистон садҳо нафар кӯдак низ тайи чанд соли ахир ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудаанд, вале на ҳамаи онҳо доруҳоеро мегиранд, ки барои тақвияти масунияти (иммунитет) онҳо ва дароз шудани умрашон лозим аст. Зевара Комилова, раиси созмони ғайриҳукуматии «Гули сурх» дар Душанбе, ки ба мубталоёни вируси норасоии масунияти бадан кӯмак мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон то моҳи июли имсол расман 458 кӯдаки гирифтори бемории мазкур сабти ном шудаанд, вале на ҳамаи онҳо доруҳои ретровирусӣ мегиранд, ки ин доруҳо кӯмак мекунанд, кӯдакон зиндагии бедарду солим дошта бошанд. Иҷрои барномаи кӯмакии созмони "Гули сурх" барои ҳамин кудакон, ҳамроҳ бо шӯъбаҳои шаҳриву вилоятии Маркази ҷумҳуриявии мубориза ва пешгирии ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон аз моҳи сентябр оғоз мешавад:

«Мақсади асосии мо ин аст, ки кӯмак кунем, то кӯдакони беморе, ки расман сабти ном шудаанд, вале доруҳои ретровирусӣ намегиранд, ба ин навъи табобат фаро гирифта шаванд. Дуввум, аз ҳисоби модароне, ки фарзандонашон ба бемории ВИЧ СПИД гирифторанд, занони фаъол омода кунем ва ҳаракат мекунем, то соли 2015 Иттиҳодияи волидони фарзандони гирифтори ВИЧ СПИД-ро ташкил диҳем.

Аксари кӯдаконе, ки аз табобати ретровирусӣ маҳрум будаанд, фарзандони волидони солиманд ва маълум нест, ки вирус аз куҷо ба кудаконашон сироят кардааст. Ба гуфтаи Зевара Комилова, волидони ин гуна фарзандон, аксаран асабониву хашмгинанд, манфиати табобати ретровирусиро намедонанд ва аз муроҷиат ба табибон ҳазар мекунанд:

“Агрессияи ин падару модарон бисёр баланд аст, фикр мекунанд, ки ҳама гандаанд ва ба кормандони тиб ва кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ боварӣ надоранд. Барои ҳамин ҳадафи барномаи мо бо кумаки ЮНИСЕФ (Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи кудакони Созмони Милал) як коре кунем, умри ҳамон кудакон дароз шавад. Яъне кудакони онҳо табобати антиретровирусиро сар кунанд. Падару модарони ин кудакон маълумоти зиёд дар бораи ин табобат надоранд ва муҳим будани онро намефаҳманд. Модароне, ки худашон беморанд, фоидаи ин табобатро мефаҳманд, фоидаи доруҳои антиретровирусиро медонад, чунки худаш истеъмол мекунад. Вале падару модарони солим дар ин бора иттиллои зиёд надоранд ва ҳамаро дар мусибати худ гунаҳкор мешуморанд, ки фарзанди ман ин хел набуду аз куҷо касал шуд. Аз ҳамин сабаб асабонияту хашми онҳо бисёр баланд аст.”

Ба гуфтаи Зевара Комилова, аз миёни 458 кӯдаки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон то кунун бештар аз 150 нафари онҳо табобати антиретровирусӣ намегиранд.

Дар Тоҷикистон теъдоди кудаконе, аз манобеъи номаълум ва ё дар бемористон ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудаанд, ба даҳҳо нафар мерасад ва айни замон бино ба гузоришҳо, додситониҳои Тоҷикистон 16 парвандаи шикоятии волидонеро таҳқиқ мекунанд, ки фарзандонашон ё дар бемористон ва ё ҷои дигаре ба бемории мазкур гирифтор шудаанд.

Ба гуфтаи Зевара Комилова, пайдо кардани манбаъи беморӣ ва ё сарчашмаи олудашаваии кудакон бисёр сахт аст, чунки солҳо гузаштааст ва ёфтани гунаҳкор осон нест. Дар Тоҷикистон, ки то соли 1991 танҳо ду нафар ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шуданд, ҳоло теъдоди беморон бар тибқи омори расмӣ аз 6 ҳазор нафар ҳам гузаштааст. Вале тахмин мешавад, ки мубталоёни беморӣ дар кишвар аз 9 ҳазор нафар ҳам бештар бошад. Соли 2013 бештар аз 870 мавриди сирояти ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон сабт шудааст ва дар семоҳаи аввали имсол 293 гирифтори дигарро низ дар муассисаҳои беҳдоштӣ расман сабт кардаанд.

Иртиботҳои ҷинсии берабти муҳоҷирони корӣ дар Русия ва ҳамингуна омезиш бо танфурӯшҳои гуногун дар дохили кишвар, густариши нашъамандӣ аз сабабҳои зиёд шудани бемории вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон аст. Барои мубориза ба ин беморӣ дар кишвар давлати Тоҷикистон чанд барнома қабул кардааст ва мегӯяд, ки иҷрои ин барнома суръати густариши бемориро кунд кардааст.

Дар иҷрои ин барномаҳо асосан созмонҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд ва моҳи июни имсол Бонки Исломии Рушд қарор кард, ки барои ҷилавгирӣ аз сирояти бемории вируси норасоии масунияти бадан аз модар ба фарзанд ба Тоҷикистон 400 ҳазор доллар кӯмаки молии бебозгашт медиҳад. Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, ки афзоиши босуръати бемории ВИЧ СПИД дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон метавонад, дар оянда мушкилоти зиёдеро дар ҷомеаи ин кишварҳо ба бор орад.

XS
SM
MD
LG