Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми март дар маросими ифтитоҳи телевизионҳои “Варзиш”, “Синамо” ва Академияи воситаҳои ахбори омма, аз фаъолияти шабакаҳои телевизиони давлатӣ, аз ҷумла, Шабакаи якум интиқод карда ва гуфт, дар ин шабакаҳо бештар барномаҳои истироҳативу фарҳангӣ, спектаклу кинофилмҳо ва консертҳо такрор ба такрор пахш шуда, шарҳу тафсири масъалаҳои сиёсӣ камтар роҳандозӣ мешавад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба сифати пасти тасвиру навор, камбуди низоми фаврият, камбудии сару либос, ҳаракатҳои ноҷо ё дигар ҳолатҳое, ки дар экран тез-тез ба мушоҳида мерасанд, ишора кардааст.
Ба гуфтаи оқои Раҳмон, "наттоқони барномаҳои иттилоотӣ аксар вақт гектарро аз садяк, миллиардро аз миллион, килоро аз тонна фарқ намекунанд, ки ин ибораҳо дар эфир борҳо садо додаанд. Номи шаҳрҳо ва минтақаву давлатҳои ҷаҳон аз забони наттоқони шабакаҳо хато, бо задаи бемаврид ва мантиқан нодуруст талаффуз мешаванд, ки ин аз надоштани касбияти гӯянда гувоҳӣ медиҳад. Аз муҳтавои баъзе барномаҳо ва таърифу тавсифи бемантиқи баъзе ашхос чунин хулоса мебарояд, ки гӯё дар фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, хусусан дар маҳалҳо, ягон камбудӣ нест".
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон дар ин маросим таъкид кардааст, ки баъзе доираҳои манфиатҷӯй аз воситаҳои ахбори омма ҳамчун фишанги таъсиррасонӣ ба фарҳангу маданият ва давлатдории миллии тоҷикон моҳирона истифода бурда, ба ин васила мехоҳанд ҳадафҳои душманонаи хешро амалӣ гардонанд. Аммо ҷаноби Раҳмон ба таври мушаххас аз ҳеҷ расонае ном набурд.
Эмомалӣ Раҳмон тақозо кард, ки "дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба намоиши барномаву филмҳои пуртаъсир, матлабҳои нишонрас ва ифшосозандаи ҳадафҳои зишту хатарбори ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин наворҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ афзалияти, бештар пахш шавад."
ТВ "Варзиш" ва "Синамо" ба кор даромаданд
Аз 1 март дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ - "Варзиш" ва "Синамо" ба фаъолият оғоз карданд. Тибқи иттилои расмӣ, барои бунёди ин ду шабакаи телевизионӣ ва ҳамчунин Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 4 миллиону 221 ҳазор сомонӣ масраф шудааст ва барномаҳои ин ду шабакаи навтаъсис дар чанд кишвари дигари дунё низ тавассути моҳвора қобили тамошо мебошанд ва 60 дарсади мардуми Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ, барномаҳои онро метавонанд тамошо кунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар телевизиони "Варзиш" 113 нафар, дар телевизиони "Синамо" 75 кас фаъолият мекунанд, ки музди маоши кормандон то 2000 сомонӣ муқаррар шудааст. Манбаъ мегӯянд, ки мутахассисону кормандони ин ду шабака бар асоси озмун аз шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ба кор қабул шудаанд
Ҳукумати Тоҷиистон барои фаъолияти телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» таҷҳизоти техникӣ ва маводҳои ороишӣ ба маблағи 1 миллиону 375 ҳазору 960 сомонӣ харидорӣ кардааст ва маблағи харҷи таҷҳизоти техникии телевизиони “Варзиш” 1 миллиону 237 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Моҳи ноябр дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ба зудӣ ин кишвар ду шабакаи нави телевизиониро бо номҳои «Варзиш» ва «Синамо» фаъол мекунад. Бо фармонҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 24 ноябр муовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода раиси ТВ «Варзиш» ва Набӣ Набизода раҳбари ТВ «Синамо» таъин шуданд.
Ибтидо қарор буд, ки пахши ин барномаҳо аз оғози соли 2016 шурӯъ шавад, вале ба сабабҳои фаннӣ ва идомаи корҳои ташкилӣ, оғози пахши барномаҳои ТВ «Варзиш» то 1 март ба таъхир афтод.
То ба ҳол дар Тоҷикистон 4 шабакаи саросарии телевизионӣ - «Шабакаи аввал», ки шабакаи расмии давлатист, «Сафина», ки бештар махсуси ҷавонон аст, «Баҳористон», ки барои кӯдакону наврасон барнома пахш мекунад, ва шабакаи хабарии «Ҷаҳоннамо» - фаъолият доштанд. Барномаҳои ин 4 шабака тавассути моҳвораи АВС-2 рӯи кунҷи 75 дараҷаи шарқӣ, дар мавҷи вертикалии 11 491 пахш мешаванд.
Аммо пахши озмоишии барномаҳои ТВ «Варзиш» аз 19 феврал дар моҳвораи «Yahsat 1A», ки дар кунҷи 52,5 дараҷаи шарқӣ ҷойгир шудааст, рӯи мавҷи горизонталии 11 938 мегагертс идома доранд.
Аксари шабакаҳои пуртамошобин ба забонҳои форсиву дарӣ, аз ҷумла шабакаҳои «Тулӯъ», "Нур" ва "Шабакаи якум"-и Афғонистон ва12 шабакаи форсиву курдии марбут ба гурӯҳи GEM TV, ҳамин тавр, Iran+, TV Persia ва PMC низ барномаҳои худро аз тариқи ҳамин моҳвора пахш мекунанд ва ба ин далел, тамошобинони зиёде дар Тоҷикистон ҳам лаълиҳои моҳвораии худро ба сӯи «Yahsat 1A» гардондаанд.
Як далели рӯи «Yahsat 1A» ҳисоб кардани масъулони шабакаи навбунёди «Варзиш» низ ҳамин аст, ки аз тариқи ин моҳвора метавонанд шумори бештари тамошобинонро ҷалб кунанд.