Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ коштӣ, ҳамон бидравӣ. Низоми додани нафақа дигар мешавад


Тоҷикистон ба низоми нави пардохти нафақа омода мешавад, ки бар асоси он бознишастагон ҳар чӣ қадар бештар маош гирифта ва андоз супурда бошанд, ҳамон андоза нафақаи зиёдтар мегиранд.

Дар Тоҷикистон тарҳи нави "Қонун дар бораи нафақа" омода шудааст, ки тағйироти зиёде дар он ворид кардаанд. Бар асоси қонуни феълӣ ҳаҷми нафақа набояд камтар аз 130 сомонӣ ва на зиёдтар аз 624 сомонӣ бошад. Аммо аз рӯи қонуни нав ба афроди бознишаста (нафақахӯр) мувофиқи мизони маош ва андозҳои ба давлат пардохтаи онҳо ва кордеҳашон нафақа таъин карда хоҳад шуд.

Ҳоло мизони нафақаи аксар бознишастагон хеле ночиз аст ва барои таъмини одитарин ниёзҳои зиндагӣ кифоят намекунад. Аз ин рӯ, бознишастагоне, ки солҳои тӯлонӣ кор кардаву дар рушди иқтисоди кившар саҳм гузоштаанд, бо ин нафақаи ночиз худро фиребхӯрда ва ё ҳатто таҳқиршуда меҳисобанд.

Мунира Орзубекова, сокини шаҳри Душанбе, ки 63 сол дорад, ҳоло ҳамагӣ 300 сомонӣ нафақапулӣ мегирад. Ин зани бознишаста 43 соли ҳаёташро бо зардӯзӣ дар корхонаи зардӯзии Душанбе сарф кардааст. Шуои риштаҳои зар нури чашмонашро гирифтааст, вале нафақае, киимрӯз мегирад, ҳатто барои харидории ғизо кофӣ нест.

“Кори мо ниҳоят вазнин буд. 43 сол пайдарпай кор карда, ҳатто ягон бор “болничний” нагирифтам. Лекин, оқибат, бо назардошти 5 фарзанд доштанам дар синни 53 ба нафақа баромадам. Аввал 224 сомонӣ нафақа таъин карданд. Баъд тайи чанд соли охир каме зиёд шуду ба 300 сомонӣ расид. Ҳоло дастнигари фарзандҳо шудем. Пирӣ бад будаст,” – афзуд ӯ.

Низоми додани нафақа дигар мешавад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Холаи Мунира бо ҳасрат даврони корашро ба ёд меорад, ки маоши барои як зиндагии шоиста кифоя ба даст меовард. Ӯ ҳангоми хӯрокпазӣ бо мо сӯҳбат мекард ва дар омади гап гуфт, кайҳо боз дегаш гӯшти гову гӯсфандро надидааст, чунки зӯраш барои хариди он намерасад. Ягона умеди ин ҳамсӯҳбати мо, ваъдаи то 20 дарсад боло бурдани нафақа дар соли 2015 буд, аммо мақомот гуфтанд бо таъсири буҳрони иқтисодӣ даромадҳои буҷа коҳиш ёфт ва тасмими боло рафтани нафақа низ то ба вақти номаълум мавқуф гузошта шуд.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффаров, узви Кумитаи оила ва ҳифзи иҷтимоии Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки низоми нафақаро дар Тоҷикистон тағйирот дар пеш аст ва онҳое, ки солҳои тӯлонӣ кор кардаву аз маошашон андози иҷтимоиро пардохт кардаанд, нафақаи хуб хоҳанд гирифт: “То соли 2017 қонуни нафақа нав мешавад ва ҳамакнун нафақахӯрон имкон пайдо мекунанд, ки то 80 дарсади маошашонро ҳамчун нафақа дарёфт кунанд. Масалан, агар шахс 3 ҳазор сомонӣ маош гирад, имкон пайдо мекунад, 2400 сомониашро ҳамчун нафақа дарёфт кунад”.

Бино ба маълумоти Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон тафовути қонуни нав аз қонуни қаблӣ дар он аст, ки андозаи нафақа на аз рӯи музди миёнаи ду соли охир ва ё панҷ соли давраи интихобӣ таъин карда мешавад, балки аз рӯи саҳмҳои суғуртавие, ки шаҳрванд дар тамоми давраи фаъолияташ пардохт кардааст ва он дар мақомоти ваколатдор сабт гардидааст, муайян мегардад. Ба ҳамин тартиб, тибқи талаботи қонуни нав, афроди қобили кор, ки дар пардохти андоз ва ворид кардани пул ба бунёди иҷтимоӣ саҳм намегузоранд, танҳо нафақаи иҷтимоӣ хоҳанд гирифт.

Абдулҳаким Исматов, раҳбари раёсати таъину пардохти нафақаи Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯяд, қонуне, ки баъд аз як сол ба иҷро медарояд маҳдудияти ҳадди ниҳоии нафақаро аз байн мебарад.

Аммо низоми нави нафақае, ки Тоҷикистон ба он гузаштанист, барои онҳое, ки кору шуғлу расмӣ надоштанд ва ё ҳаёташонро дар муҳоҷират гузарондаанд, пирии серу пуреро таъмин нахоҳад кард. Чунки тибқи ин низом, касе нафақаи шоиста мегирад, ки ҳангоми кор андози иҷтимоиро ба пуррагӣ пардохт карда бошад.

Онҳое, ки бидуни собиқаи кории расмӣ аз рӯи синну сол ба нафақа мебароянд, танҳо нафақаи минималии иҷтимоиро дарёфт хоҳанд, кард, ки ҳоло 130 сомонӣ, камтар аз нархи як халта орд аст.

Ҳоло мақомоти Тоҷикистон барои фароҳам кардани нафақаи муҳоҷирони кории тоҷик, ки солиёни зиёд дар Русия кор кардаанд, бо мақомот ин кишвар гуфтушунид доранд. То ин ки Русия ҳадди ақалляк қисми андозҳои онҳоро ба Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон пардохт кунад. Аммо ояндаи нафақаи муҳоҷирони тоҷик танҳо ба тасмими мақомоти Русия бастагӣ хоҳад дошт, ки ҳозир мешаванд ба ҷониби Тоҷикистон қисме аз андозҳои дар Русия пардохтаи муҳоҷиронро бидиҳанд, ё не?

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 621 ҳазор нафар нафақахӯр ба сар мебаранд ва ҳаҷми нафақаи миёна ҳамагӣ 230 сомониро ташкил мекунад.

XS
SM
MD
LG