Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо Ҳиндустон


Тими Тоҷикистон ҳангоми тамрин (акс аз бойгонӣ)
Тими Тоҷикистон ҳангоми тамрин (акс аз бойгонӣ)

Рӯзи 2 август дар шаҳри Қайроққум ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳои дастааш ба бозии дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон, ки рӯзи 14-уми август дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, ба ин ҷамъомад 25 футболбозро даъват кардааст.

Аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе – 10 нафар, аз тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – 5- нафарӣ, аз дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Истаравшан»-и Истаравшан, «Слобода»-и Сербия, «Жетису»-и Қазоқистон ва «Газовик»-и Оренбурги Русия якнафарӣ даъват шудаанд.

Ба гуфтаи Мӯҳсин Муҳаммадиев ду легионер - ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон) ва Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия) дертар ба даста мепайванданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон ширкат хоҳад кард, чунин аст:

дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Неъматов (ҳарсе – «Равшан»), Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров (ҳарчор – «Истиқлол»), Алишер Шарифов («Парвоз»);
нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибаев («Равшан»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов («Слобода», Сербия), Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарчор – «Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Энергетик»);

ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»).

Ёварони мутахассиси 46-сола Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков ва мураббии Академияи футболи «Истиқлол» Рустам Қурбонов, инчунин, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ Асан Мустафоев, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе ва мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров мебошанд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар ҷараёни омодагиҳо ба бозии дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад:

5-уми август бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд
ва 9-уми август бо мунтахаби бошгоҳҳои Тоҷикистон.


Тими Ҳинд
Тими Ҳинд
Бино ба иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби миллии Ҳиндустон (сармураббии даста Вим Куверманс аз Ҳолланд) тавассути ҳавопаймо рӯзи 9-уми август ба Душанбе меояд ва шоми ҳамон рӯз ба Хуҷанд парвоз мекунад. Ба ҳайати даста 34 нафар, аз он ҷумла 23 футболбоз шомиланд.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон се бор бо ҳам рақобат кардаанд. Нахустин бозии ин дастаҳо 13-уми августи соли 2008 дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон дар доираи сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати AFC баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Баъди 12 рӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон дар бозии ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2008 боз бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 4:1 ба охир расид.

Бозии севуми футболбозони тоҷику ҳинд дар доираи сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 рӯзи 9-уми марти соли 2012 дар пойтахти Непал – Катманду бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 поён ёфта буд. Голҳоро Аҳтам Ҳамроқулов ва Нуриддин Давронов ба ҳадаф расонданд.

Бояд гуфт, ки дар рейтинг ё феҳристи FIFA мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 106-ум ва тими миллии Ҳиндустон дар мақоми 146-ум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG