Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 2-юми сентябр, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Беларус ба Минск парвоз кард.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Беларус рӯзи сешанбеи 2 сентябр тавассути ҳавопаймо бо хатсайри вижа ба Минск парвоз кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба ин бозии дӯстона ба ҳайати даста 22 футболбоз – 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро шомил кардааст.

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Соҳиб Саванкулов («Вахш»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»).

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон 4-уми сентябр дар шаҳри Борисов, дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон барои аввалин бор бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА Беларус дар ҷойи 88-ум ва Тоҷикистон дар ҷойи 120-ум қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG