Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 2 апрел дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон парчами 55-метрӣ барафрохта шуд.

Дарозии баландтарин парчами миллӣ дар вилояти Суғд 12 метр ва бари он 7 метр буда, дар соҳили рӯди Сир ва рӯ ба ҳукумати вилоятӣ дар милаи 55 метра қад рост кард. Саҳни атрофи парчам бо мармари сурху фаввора ва гулгаштҳо оро дода шудаст.

Вақте ки баъд аз анҷоми маросими ифтитоҳ ба он ҷо рафтам, дидам, ки дар атрофи пояи парчам кӯдакон дучархасаворӣ мекарданд, зери дарахтон ҷавононе дар нимакат менишастанд ва оилае ҷавон кӯдак дар даст ба зиёрати парчами давлатӣ мерафтанд.

Муқаддас Азимова, як сокини Хуҷанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дидани парчам эҳсоси ватандӯстиву ифтихор аз ватандории наврасону ҷавононро боло мебарад. Як ҷавони дигар гуфт, дидани парчами парафшон ба дилаш умед мебахшад, ки Тоҷикистон ояндаи нек дорад ва на танҳо парчам, балки рушду пешрафтҳои худро низ ба ҷаҳониён намоиш хоҳад дод.

Як мусоҳибам гуфт, бардоштани парчам кори хубест, вале ҳимояти иҷтимоии сокинон, бахусус - ҷавонони тоҷик аз мардикории зиллатовар дар Русия дар бедор кардани эҳсоси ватану давлатдӯстии шаҳрвандон муаассиртар мебуд.

Зимнан, дар чанд соли охир ҳама шаҳрҳову марказҳои навоҳии Суғдро парчампояҳои бузург ва пайкараҳои шахсиятҳои таърихии тоҷикон, мисли Исмоили Сомониву Бобоҷон Ғафуров зеб медиҳад. Мақомот мегӯянд, ин кор ба хотири ангехтани ифтихори миллии сокинон рӯйи даст гирифта шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бунёди парчампояи Хуҷанд ва ободонии атрофи он бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 700 000 доллар анҷом ёфтааст.

Барафрохтани баландтарин парчам дар шимоли Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар пойтахти ин кишвар парчами миллӣ бо 165 метр мила, ки баландтарин дар дунё шинохта шудааст, рӯзи 9-уми сентябри соли 2011, бардошта шуда буд ва дар китоби рекорди Гинес сабт гардид. Сохтмони ин милаи 165-метраро ширкати “Trident Support” ва маблағгузориашро "Талко" ба ӯҳда доштанд. Барои бунёди он 30 миллион доллар харҷ шудааст.

Барафрохтани баландтарин парчам дар вилояти Суғд зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят сурат гирифтааст. Тавре аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ доданд Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба ин вилоят рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG