Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бори аввал дар сабқати рақси рӯи ях, ки ахиран дар Ҷопон баргузор шуд, духтаре бо куртаи атлас рӯи саҳна омад.

Дар марҳила ё даври шашуми Гран-при барои рақси рӯи ях, ки дар Ҷопон баргузор шуд, духтаре бо куртаи атлас рӯи саҳна омада, ҳунарнамоӣ кард.

Шабакаи аввали телевизиони Русия рӯзи якшанбеи 25-уми ноябр гуфт, ин духтар Елена Ильиных аст, ки бо ҳамроҳи худ Никита Кацалапов медали нуқраи ин сабқатро ба даст оварда, барои ширкат дар даври ниҳоии ин озмун, ки дар Сочӣ баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Солҳои охир талошҳо барои ҷаҳонӣ кардани матои атлас, ки дар ҳоли ҳозир бештар миёни сокинони водии Фарғона, аз он ҷумла Тоҷикистон маъруф аст, ҷараён дорад. Яке аз мубаллиғони фаъоли ин матоъ духтари президенти Ӯзбакистон Гулнора Каримова аст, ки чун тарроҳи либос низ аз худ дарак додааст. Стайли мӯди ӯ зери унвони GULI солҳои охир дар саҳнаҳои Аврупову ғарб талош дорад намунаҳои либосеро бо махтули матоъ ва сохти шарқӣ ба намоиш гузорад.


Ба қавли муаррихон, дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза – маҳз дар Хуҷанд аз қарнҳои 4 ва 5-и милодӣ рушд карда то замони мо омадааст. Аммо баъд аз суқути Шӯравӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои шоҳибофии “Хуҷандатлас”-у “Тоҷикатлас” аз кор монда, либоси миллии тоҷикон дар баробари навъҳои дигари матоъ рақобатпазирияшро аз даст дода буд.



Танҳо дар солҳои охир талошҳо барои эҳёи ин навъи матоъ идома дорад ва дар ду соли гузашта ҷашнвораи "Атлас" дар Хуҷанд ҳам баргузор шуд. Коршиносон мегӯянд, барои барқарор шудани ин соҳа бояд стратегияи қавии рушди саноати атласбофии миллӣ мавҷуд бошад, то ки ҳама шароити ташкили ин корро фаро бигирад.

Ҳоло корхонаи "Хуҷандатлас" дар шимоли кишвар навъҳои гуногуни атласро ба бозор мебарорад. Аммо гуфта мешавад, ки атласи баландсифати дастиро ҳамоно аз шаҳри маъруфи Марғилони водии Фарғонаи Узбакистон ворид мекунанд. Ин макон ҳамеша бо атласҳои дастбофти зебояш, ки қимати гарон дошта, зеби арӯсони ҳама давру замон буданд, маъруф будааст. Атласи сифатан паст бошад, солҳои охир аз Чин ба Тоҷикистон ҳам роҳ ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG