Пайвандҳои дастрасӣ

Сабки либоспӯшии занону мардон дар мавизаҳои ахири имоматибони масҷидҳои Тоҷикистон ҷойгоҳи хос пайдо кардааст, ки аз эҳтимоли як маъракаи умумиҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳарчанд баҳси сару либос барои ҷомеаи Тоҷикистон нав нест, дар поёни моҳи Рамазон он ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии сӯҳбатҳо дар масҷидҳои кишвар табдил ёфтааст. Мулло Ҳайдар Шарифзода, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Кӯлоб ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа, рӯзи душанбеи 28 июл ба ҳангоми мавъиза дар назди намозгузорон либоси модарону бибиҳои тоҷикро беҳтарин сатр хонд ва гуфт, "беҳтарин либоси сатр онест, ки модарону бибиҳои мо ба тан мекарданд ва ҳар гоҳе, ки телевизиони Тоҷикистон акси модари марҳуми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро нишон медиҳад, либоси ба бар кардаи ӯ беҳтарин сатр аст."

Ба ин далел ҷаноби Шарифзода аз ҳамаи модарону хоҳарони тоҷик хост, сатри тоҷикиро ҳифз кунанд ва либосеро, ки бадани занро барҷаста нишон медиҳад, напӯшанд. Ӯ гуфт, занону духтарони тоҷикро мебояд, аз пайравӣ ба сарулибоси бегона парҳез кунанд. Сӯҳбатҳои шабеҳ ба мавизаи Мулло Ҳайдар Шарифзода ба гуфтаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ аз забони имомхатибон садо додаанд. Дар бархе аз онҳо аз мардҳои тоҷик низ хоста шудааст, ки ба либоси миллӣ бартарӣ диҳанд.

Эшони Саидҷон

Эшони Саидҷон

Эшони Саидҷон, имомхатиби масҷиди марказии вилояти Хатлон ва ҳамзамон муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 29 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "раиси ҷумҳур ҳамеша ба пӯшидани либоси миллӣ, либосе, ки падару модарону гузаштагони мо ба бар мекарданд, таъкид мекунад ва мо рӯҳониён миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондем ва ҳадафи ин аст, то занону мардони тоҷик аз пӯшидани либосҳои бегона худдорӣ кунанд."

Ба гуфтаи вай, асли таблиғ ин аст, ки то занону духтарон ва мардону ҷавонони тоҷик либосҳои миллӣ ва исломиро, ки модарону бибиҳои мо ва падарону бобоҳои мо ба бар мекарданд, ихтиёр намоянд. Зеро ба таъкиди Эшони Саидҷон, "имрӯз он сатре, ки хонумони тоҷик ба бар мекунанд, моли тоҷикон нест ва аз фарҳанги дигар миллатҳо, ба хусус арабҳо гирифта шудааст, ки пӯшидани он барои шарму ҳаёи зану духтари тоҷик рост намеояд."

Ба гуфтаи ҷаноби Саидҷон, дар кӯчаву хиёбонҳо занону духтарони тоҷик сатреро мепӯшанд, ки чеҳраашон пӯшидааст, ки ин ба сиёсати давлатдории мо тоҷикон низ мувофиқ нест.

Таҳлилгари масоили динӣ Абдуллоҳи Муҳаққиқ низ гуфт, имрӯз иддае аз бонувони тоҷик либосҳои исломии туркиро ба бар мекунанд, ки пайкари занро комилан ба намоиш мегузорад. Ё либоси сиёҳе, ки мепӯшанд он ҳам моли мардуми тоҷик нест. Бинобар ин ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, беҳтар мебуд мақомоти Тоҷикистон бо ташкили мактаби либосҳои миллӣ аз фарҳанги худ дифоъ кунанд. Шурӯъ аз мактаби миёна тарзи дуруст ба бар кардани либосро ба духтарон ё писарон омӯзанд:

Абдуллоҳи Муҳаққиқ

Абдуллоҳи Муҳаққиқ

«Мактаби махсуси либоси миллиро кушоянд. Духтарҳо пӯшида бо ин роҳ фарҳанги либосҳои миллиро миёни ҷомеа таблиғ кунанд. На бо роҳи иҷборӣ. На бо роҳе, ки боиси нақзи ҳуқуқи онҳое гардад , ки либоси тоҷикиро ба бар кардан намехоҳанд. Чун дар Тоҷикистон намояндагони дигар халқ ва дигар адиён умр ба сар мебаранд.»

Таблиғи либоси миллӣ ва худдори кардани бонувон аз ҳиҷоби арабӣ ва ё туркӣ дар ҳолест, ки иддае аз сокинони Тоҷикистон аз ин иқдоми рӯҳониён, ки гуфта мешавад, иқдоми ҳукумат аст, истиқбол мекунанд ва иддаи дигар инро «нақзи ҳуқуқ» медонанд.

Дилшода Ҳайдарова, сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ҳар як шахс бояд худаш тасмим бигирад, ки чӣ хел либосро ба бар мекунад. Ӯ мегӯяд: «Барои ман албатта писанд нест, вақте занҳо либосҳои хуби тоҷикӣ мондагӣ либоси арабӣ ё эронӣ мепӯшанд. Масалан, модарони мо ҳамеша куртаи тоҷикӣ бо руймол ва ё тоқи мепӯшиданд, ки он беҳтарин либос аст.»

Аммо Шаҳноза Адолатова, сокини дигар, ки дар тан либоси исломӣ дошт, гуфт, худашро бо ҳамон либос озод эҳсос мекунад ва бигузор дигарон низ сатр пӯшанд. Шаҳноза аз иқдоми Шӯрои уламо истиқбол мекунад.

Муҳаммадҷон Нуров бошад, мегӯяд, дар ҷомеаи демократи касе ҳақи ба ҷой дигар кас тасмим гирифтанро надорад. Ин нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба шумор меравад. Ӯ меафзояд, барояш аҳамият надорад, ки одамон чӣ хел либос мепӯшанд: «Ман зиндагии худро дорам ва тарзи пӯшидани либоси худро дорам. Дигарон низ мисли ман. Ба дигарон аҳамият намедиҳам, ки кӣ чӣ гуна либос мепӯшад. Аммо вақте мебинам ҷавонон либоси хубу шинам дорад ман мефахрам.»

Сарвар Баротов, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд дар донишгоҳ ректорон тасмим мегиранд, ки "донишҷӯ бояд галстук пӯшад ё не ва баландии пошнааш чанд сантиметр бошад. Мақомоти дақиқ мекунад, ки ҷавонон риш монанд ё не. Охир мо намедонем, чаро мақомоти Тоҷикистон чаро ин қадар дахолат мекунад ба зиндагии шахсии мардум."

Зимнан, ба гуфтаи имомхатиби масҷиди марказии вилояти Хатлон гурӯҳи рӯҳониёни ин минтақа дар шабу рузи иди Фитр ё Рамазон дар беш аз 30 масҷид бо намозугузорон сӯҳбату мулоқотҳо анҷом дода ва мардумро ба пӯшидани либоси миллӣ даъват кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG