Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як тоҷик дар Украина дар роҳи сафар ба ҷанги Сурияву Ироқ


Хадамоти амнияти Украина аз боздошти 5 шаҳрванди хориҷӣ, бо шумули як шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ ба ҷанги Сурияву Ироқ хабар додааст.

СБУ – Хадамоти амнияти Украина рӯзи 4 июн аз боздошти 5 шаҳрванди хориҷӣ, бо шумули як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки бино ба гуфтаи дафтари матбуоти ин ниҳод, мехостанд, аз тариқи Украина ва Туркия худро ба Сурияву Ироқ бирасонанд ва ба сафи ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” бипайванданд. 2 нафари дигари боздоштшуда шаҳрвандони Русия ва дуи дигар аз Узбакистон ва Қазоқистон будаанд.

Ин амалиёт рӯзи 3 июн сурат гирифтааст, вале маҳалли он гуфта намешавад. СБУ исми афроди боздоштшударо ҳам эълон накардааст.

Рӯзи 4 июн дар дафтари матбуоти Хадамоти амнияти Украина аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи ин 5 нафар, аз ҷумла роҷеъ ба сарнавишти шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон худдорӣ карданд. Масъули ин идора гуфт, ин як маълумоти амниятист ва онҳо дар ин марҳала аз шарҳи бештари амалиёт худдорӣ мекунанд.

Аммо дар иттилоияи нашркардаи дафтари матбуоти СБУ омадааст, “амалиёти вижа дар чорчӯби тадбирҳои хадамоти вижаи Украина ва кишварҳои хориҷӣ бо ҳадафи қатъи фаъолияти масирҳои интиқоли ҷангиёни созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” аз тариқи Украина ва Туркия ба минтақаи Сурияву Ироқ, ҳамчунин аз ин минтақа ба кишварҳои Аврупо доир карда шуд.”

Дар ҷараёни амалиёт маъмурони СБУ ва хадамоти муҳоҷирати Украина “нуқтаи интиқолӣ” (“перевалочный пункт”)-ро ошкор кардаанд, ки ҳамчун сарпаноҳи муваққат барои ҷангиёни “Давлати исломӣ” пеш аз сафари онҳо ба Сурияву Ироқ истифода мешуд. Ин 5 нафари, ба гуфтаи мақомоти амниятии Украина, “ҷангии оянда” дар ҳамин манзил ба даст афтодаанд.

Маълум шудааст, ки чанде аз онҳоро аз қаламрави Туркия ба далели даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ ихроҷ кардаанд ва онҳо ба далели инки Украина бо бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ режими виза надорад, ба Украина омадаанд. Бақия аз кишварҳои Аврупо худро ба Украина расондаанд, то аз инҷо баъди таҳияи шиносномаҳои қалбакӣ бо ҳидояти роҳбаладон аз тариқи Туркия ба Сурия ё Ироқ бираванд.

СБУ мегӯяд, баъди боздошт замони будубоши се нафар аз ин “ҷангиёни оянда” дар Украинаро кам карда, дар мавриди дуи дигар ҳукми ихроҷи маҷбурӣ аз қаламрави ин кишвар содир шудааст.

Мақомоти амниятии Украина бори аввал дар бораи талоши аз ин кишвар сохтани як нуқтаи интиқолӣ дар роҳи сафари ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи сафар ба Сурия ё Ироқ хабар медиҳанд.

Рӯзи 27 май дар Кишинёв, пойтахти Молдова, 11 нафар бо айни иттиҳоми истифодаи қаламрави Молдова барои расондани худу довталабони дигар ба ҷабҳаҳои ҷанги “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ дастгир шуданд. Пулиси Молдова ибтидо гуфт, якеи онҳо аслан аз Чеченистон буда, ҳангоми боздошт шиносномаи зоҳиран қалбакии шаҳрванди Тоҷикистонро нишон додааст. Аммо се рӯз баъд аз боздошти ин гурӯҳ Олег Балан, вазири умури дохилаи Молдова гуфт, дар раъси ин шабакаи интиқоли ҷангиён ба Сурияву Ироқ аз тариқи кишвари ӯ як шаҳрванди худи Молдова ва як шаҳрванди Тоҷикистон меистоданд.

Афзоиши шумори ҷангиёни тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, бахусус дар сафи “Давлати исломӣ” мояи нигаронии афзояндаи мақомоти Тоҷикистон мебошад. Душанбе мегӯяд, дар Ироқу Сурия аз 377 то 386 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд ва аксари онҳо алайҳи режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва ҳукумати кунунии Ироқ таҳти парчами созмонҳои ифротие, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки бо қатли дастаҷамъӣ ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондан ё гӯрондани асирон ва мухолифонаш дар маҳаллҳое, ки тасарруф мекунад, ном баровардааст. Ин гурӯҳ аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии “Ал-Қоида” бархоста, соли гузашта қаламравҳои бузурге дар Ироқ ва Сурияро тасарруф ва дар ин сарзаминҳо эълони “хилофат” кард. Кишварҳои ҷаҳон таҳти раҳбарии Амрико алайҳи ин гурӯҳ эътилофи байналмилалие таъсис додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия ва Ироқ аз тариқи ҳамлаҳои ҳавоӣ бомбаборон мекунад.

XS
SM
MD
LG