Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллӣ хабарҳои нашршуда дар бораи, бино ба пешбиниҳо, дар соли оянда то 9,6 сомонӣ ва дар соли 2019 ба ҳадди 11 сомониву 20 дирам баланд рафтани қурби миёнаи солонаи доллари Амрико нисбат ба пули миллии Тоҷикистонро беасос номида, рад кард.

Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар бораи гӯё дар соли оянда ба 9 сомониву 60 дирам хестани қурби доллари Амрикоро рад мекунанд. Қаблан чанд хабаргузорӣ бо такя ба пешбинии вазорати молияи Тоҷикистон навиштанд, ки қурби миёнаи солонаи як доллари Амрико дар соли 2017 ба 9 сомониву 60 дирам, дар соли 2018 ба 10 сомониву 40 дирам ва дар соли 2019 ба 11 сомониву 20 дирам мерасад.

Чунин пешбиниҳо маъмулан дар таҳияи дурнамои рушди иқтисодӣ ва нақшаи буҷаи солонаи Тоҷикистон истифода мешаванд.

Аммо Манучеҳр Асоев, иҷрокунандаи вазифаи мудири департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 14 июл дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин танҳо яке аз сенарияҳои эҳтимолии тағйири қурб дар бозори асъор буд, ки ҳанӯз дар рӯзҳои номуайянӣ дар бозорҳои беруна таҳия шуда буд, вале ҳоло таҷдиди назар шудааст: "Мо алакай рақамҳои навро ба вазорати рушди иқтисод фиристодем ва рӯзҳои наздик бояд баррасӣ ва қабул шавад. Ин рақамҳои нав хеле пойинтар аз он сенарияи қаблист. Ҳоло вазъ дар бозорҳои беруна мӯътадилтар шудааст, нархи нафту маҳсулоти дигар низ зоҳиран дигар тағйири зиёде намекунад ва мо пешбинӣ мекунем, ки метавонем тағйири мӯътадили қурби сомониро таъмин кунем."

Манучеҳр Асоев гуфт, хабарҳои нашршуда дар бораи эҳтимоли то се соли оянда то ҳадди 11 сомонӣ баланд рафтани қурби доллар набояд мардумро ба таҳлука андозанд: "Бубинед, дар семоҳаи дувуми соли равон қурби доллар тағйир наёфт – ҳамон 7 сомониву 86 дирам барои як доллар боқӣ монд. Он рақамҳое, ки нашр шуд, саҳеҳ нестанд. Ин танҳо рақамҳои фаврӣ ва пешакӣ буданд. Ин танҳо яке аз сенарияҳо буд, ки вазъи иқтисоди беруна ба қурби сомонӣ чӣ таъсирҳое расонда метавонад. Ҳоло дигар вазъият ба андозае шадид нест, ки ҳангоми навиштани ин сенария буд. Мо тамоми чораҳоро андешида истодаем, ки эътидоли вазъро дар бозори дохилӣ таъмин намоем. Бино ба пешбинии мо, қурби асъори миллӣ ҳатто агар тағйир ёбад, ба таври мӯътадил тағйир хоҳад ёфт. Мардум набояд дигар дар ин масъала дар ташвиш афтанд."

Мақомоти Тоҷикистон қурби миёнаи солонаи долларро барои соли 2015 шаш сомониву 16 дирам ва барои соли 2016 шаш сомониву 96 дирам пешбинӣ мекарданд. Бонки миллии Тоҷикистон, бино ба маълумоти сомонаи расмиаш, қурби расмии 1 долларро барои муомилаҳои рӯзи 14 июл 7 сомониву 86,79 дирам муқаррар кардааст.

Қурби доллар дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ аз миёнаҳои соли 2014, дар пайи оғози мушкилоти иқтисодии Русия ба парвоз сар кард. Дар ду соли охир қурби пули Амрико нисбат ба пули миллии Тоҷикистон 58 дарсад боло рафта, аз 4 сомониву 94 дирам (қурби расмии рӯзи 1 июли соли 2014) ба 7 сомониву 86 дирам расид.

Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон

Парвози қурби доллар бахусус дар нимаи дувуми соли 2014 ва нимаи аввали соли 2015 хеле маҳсус буд. Дар моҳи майи соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон раис ва тамоми муовинони раиси Бонки миллиро барканор кард ва раҳбарияти нави бонк сиёсати шадидеро барои танзими вазъи бозори асъор рӯи даст гирифт.

Ибтидо дар роҳи фаъолияти саррофони хусусӣ дар кишвар маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ шуда, аз 1 декабри соли 2015 салоҳияти мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба ихтиёри бонкҳо гузоштанд ва нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъорро аз байн бурданд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла бо доллару евро фурӯхтани манзилу мошин ва мубодилаи асъор берун аз бонк, ҷаримаҳои сангин ва ҳатто ҳукми зиндон ҷорӣ карданд.

Бо ин вуҷуд, дар семоҳаи аввали соли 2016 қурби сомонӣ нисбат ба доллар боз 12 дарсад пойин рафт, вале дар семоҳаи дувуми сол сомонӣ танҳо пули миллӣ дар миёни пулҳои миллии кишварҳои СНГ буд, ки қурбаш дар моҳҳои апрел-июн аслан тағйир наёфт.

Аммо нозирон мегӯянд, иқтисоди Тоҷикистон аз омилҳои беруна, ба мисли нархи маҳсулоти асосии содиротиаш – пахтаву алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва вазъи иқтисоди Русия сахт вобаста аст ва ҳар навъ тағйир дар ин бозорҳо ва дар вазъи иқтисоди Русия метавонад пули сомониро бо рискҳои нав рӯбарӯ кунад. Бахусус агар ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷиронаш дар Русия, ки аз 3,8 миллиард доллари соли 2014 то 1,2 миллиард дар соли 2015 пойин рафт, ҳамчунон коҳиш биёбад. Омили дигари таъсиргузор ба қурби сомонӣ вазъи бонкҳои Тоҷикистон аст, ки Бонки миллӣ ахиран ҳатто дар ду бонк – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” – маъмурияти беруна таъин кард.

ҶАДВАЛИ ГӮЁ: Тағйири қурби пулҳои миллии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муқобили доллар дар соли 2016:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG