Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эргашев ва Маҳмудов Роналдуро беҳтарин футболбози ҷаҳон медонанд


Мубин Эргашев, и.в. сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Хуршед Маҳмудов, капитани мунтахаби кишвар, се бозигар ва се мураббии беҳтарини соли 2015-ро ном бурданд.

Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Хуршед Маҳмудов, капитани тими миллии кишвар, се бозигар ва се мураббии беҳтарини соли 2015-ро номбар карданд.

Ба андешаи ҳарду беҳтарин бозигари соли равон нимҳимоятгари «Реал»-и Мадрид ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду мебошад.

Дар интихоби беҳтарин мураббӣ низ Мубин Эргашев ва Хуршед Маҳмудов ҳамақидаанд. Ҳарду мақоми аввалро ба сармураббии мунтахаби “Барселона” Луис Энрике муносиб донистаанд.

Маросими ҷоизасупорӣ 11-уми январи соли 2016 дар Сюрих баргузор шуда, ғолибон эълон хоҳанд шуд.

Интихоби и.в. сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев

Бозигарони беҳтарин:

1. Криштиану Роналду («Реал», мунтахаби Португалия)

2. Роберт Левандовски («Бавария», мунтахаби Полша)

3. Лионел Месси («Барселона», мунтахаби Аргентина)

Мураббиёни беҳтарин:

1. Луис Энрике («Барселона»)

2. Арсен Венгер («Арсенал»)

3. Хосеп Гвардиола («Бавария»)

Интихоби капитани мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов

Бозигарони беҳтарин:

1. Криштиану Роналду («Реал», мунтахаби Португалия)

2. Лионел Месси («Барселона», мунтахаби Аргентина)

3. Роберт Левандовски («Бавария», мунтахаби Полша)

Мураббиёни беҳтарин:

1. Луис Энрике («Барселона»)

2. Хосеп Гвардиола («Бавария»)

3. Массимилиано Аллегри («Ювентус»)

XS
SM
MD
LG