Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳониён ва муллоҳое, ки бо истифода аз оҷизии "муштариён" ба онҳо дастдарозӣ мекунанд, то 7 сол ҳукми зиндон хоҳанд гирифт. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин тағйиротро ба зудӣ қонунӣ мекунад.

Парлумони Тоҷикистон бо иловаи банди наве ба Кодекси ҷиноӣ рӯҳониён ва муллоҳоеро, ки бо истифода аз оҷизии муштариён бо онҳо робитаи ҷинсӣ барқарор мекунанд, аз 3 то 7 сол зиндонӣ мекунад. То ҳол дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон нисбат ба муллоҳое, ки дар заминаи дастдарозӣ ба занҳо мавриди бозҷӯӣ қарор мегиранд, банди алоҳида вуҷуд надошт.

Як манбаъ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз ҷиноятҳои зиддиахлоқии бархе аз муллоҳо бар пояи моддаҳои гуногун, ки ба "ҳаракатҳои зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта" рабт мегирифтанд, банду баст мешуданд. "Ин тағйирот ба хотири ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба қонун ворид мешавад," -- афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Ба қавли манбаъ, "бархе аз намояндагони дини Ислом бо роҳи фиреб ва ё боварикунонӣ ба фаъолияти муллогарӣ, табобати ғайрианъанавӣ ё динӣ ва ё ба сеҳркунӣ, тумордиҳӣ ва дуохонӣ машғул шуда, бо истифода аз нуфуз ва мавқеъ, бо ҳадафи қонеъ гардондани талаботи шаҳвонии худ ҷиноятҳои зиддиахлоқиро содир намуда, дар баробари ин аз ҷабрдидагон тӯҳфа ва маблағҳо ҳам мегиранд. Тарҳи қонуни мазкур бо илова намудани моддаи нав ба Кодекси ҷиноятӣ ҳукми маҳбасро дар нисбати ин афрод пешбинӣ мекунад."

Тарҳи муҷозот барои "дастдарозӣ"-и рӯҳониён аз сӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ҳоло мавриди омӯзиши кумитаҳои парлумон қарор дорад ва дар ояндаи наздик баррасӣ хоҳад шуд.

Асадулло Иброҳимов, мавсум ба "муллои ҷодугар"

Асадулло Иброҳимов, мавсум ба "муллои ҷодугар"

Дар ду соли охир тавассути расонаҳои расмии Тоҷикистон ва ҳам дар интернет наворҳои зиёде нашр шуданд, ки дар онҳо нафароне ба унвони "мулло" ба табобати занҳо машғул буданд ва ба онҳо дастдарозӣ мекарданд. Бархе аз ин “муллоҳо” бо ҷурми таҷовуз ба номус ва ё “ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта” ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Аз ҷумла, Асадулло Иброҳимов дар Душанбе, Назруллоҳ Солеҳов дар Исфара ва Асадуллоҳ Каримов дар Панҷакент бо ҳамин иттиҳом дастгир шуда, ду нафари аввал пушти панҷара рафтанд. Аммо Назруллоҳ Солеҳов дар маҳбаси муваққатии Хуҷанд аз олам гузашт.

Наврӯз Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, банди наве, ки дар Кодекси ҷиноӣ пешбинӣ шудааст, ба фарқ аз моддаҳои дигари ҳамин қонун, на ба зӯроварии фарди муртакиби ҷиноят, балки ба оҷизии ҷабрдида такя мекунад.

"Дар моддаи 139 дар мавриди зӯроварӣ сухан меравад, дар моддаи 140 бошад, ин ҷо ҳам аломати маҷбур намудан оварда шудааст. Аммо, барои мисол, мулло занро фиреб медиҳад ва мегӯяд, ки агар хоҳад кораш пеш равад, бояд бо ӯ ҳаракатҳои шаҳвониро анҷом диҳад ва зан ҳам розӣ мешавад. Дар ин ҳолат, яъне вақте ки ҳар ду ҷониб розӣ аст, ин ҳаракати зӯроварӣ ва ё таҷовуз ба номус ҳисоб намешавад. Вижагии ин банд низ дар ҳамин аст, ки бо вуҷуди розӣ будани ҷабрдида, мулло ба ҷавобгарӣ кашида мешавад," -- гуфт Наврӯз Қудратов.

Тасмими ворид кардани банди нав ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксари сокинони Тоҷикистон ба тумору дуои рӯҳониён эътиқод доранд. Аз ин рӯ, дар маҳаллаҳои дӯр аз шаҳрҳои бузург теъдоди корафтодагон дар паси дари муллоҳо бештар аз навбатпоӣ дар назди дафтари пизишкон аст.

Зафар Қурбонов

Зафар Қурбонов

Зафар Қурбонов, ҳуқуқшиноси дигари тоҷик, бо ҷонибдорӣ аз банди нав дар лоиҳаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мегӯяд, бояд чунин муҷозот на танҳо нисбати рӯҳониён, балки дар баробари онҳое ҳам истифода шавад, ки раҳбари идораанд ва бо истифода аз нуфузи худ занҳои зердасташонро ба аъмоли шаҳвонӣ водор карданӣ мешаванд. "Ин ҷиноят бузургтар аз ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла, ҷиноёти иқтисодӣ аст, зеро ин ҷо сухан аз номусу иффати зан-модар меравад”, мегӯяд ӯ.

Бар поияи иттилои расмӣ, дар ду соли ахир бештар аз 100 мулло бо иттиҳоми гуногун боздошт ва маҳкум ба маҳбас шудаанд.

Аммо моҷарои Асадулло Иброҳимов, маъруф ба "Муллои ҷодугар", сокини мавзеи Лучоби ноҳияи Варзоб, сару садоҳоро дар бораи сӯиистифода аз дуохонӣ ба маротиб бештар карда буд. Тақрибан ду соли пеш дар телефонҳои ҳамроҳ ва шабакаи Интернет наворе пайдо шуд, ки дар он ин мулло бо қироати сураҳои Қуръон занеро гӯё "муолиҷа" мекунад. Аммо ӯ ҳангоми қироати оятҳо ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. Зан ба ин ҳаракатҳо зоҳиран мухолифате намекунад. Додгоҳ "муллои ҷодугар"-ро бо ҷурми қаллобӣ ва ҳаракатҳои зӯроварие, ки хусусияти шаҳвонӣ доранд, ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум ва ҳамчунин ба 14 600 сомонӣ ҷарима кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG