Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии муфтии Тоҷикистон аз иди Наврӯз


Саидмукаррам Абдуқодирзода

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои исломӣ ё муфтии Тоҷикистон гуфт, Наврӯз рӯзест, ки одамон бо кирдору рафтори некашон ризояти парвардигорро ба даст меоранд ва ин иди бузург аст.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон (муфтиёти собиқ), дар мавъизаи навбатиаш аз иди Наврӯз пуштибонӣ кард ва гуфт, ин як иди бузург аст. Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки дар намози ҷумъаи 25 март дар масҷиди марказии Душанбе мавъиза мекард, аз ҷумла гуфт: “Наврӯз иборат аз дастгирии ятиму бечораю камбизоат аст. Агар дар ин рӯз дасти ягон бечораро гиранд ё онҳоро дастгирӣ кунанд, бузургтарин ид аст. Барои ин афрод рӯзи Наврӯз рӯзи пирӯзӣ, комёбӣ ва саодатмандӣ аст. Рӯзе аст, ки ризояти парвардигорро ба даст овардаанд, бо ин амволи некашон. Хуб аст, дар наврӯзии мо чунин корҳои нек анҷом мешавад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуқодирзода, дар соли ҷорӣ дар иртибот ба ҷашни Наврӯз шурӯъ аз сардори давлати Тоҷикистон то ба ниҳодҳои мухталифи давлатӣ чунин корҳои некро дар шаҳру навоҳии кишвар анҷом додаанд.

Ӯ ба унвони мисол аз иқдоми хайрияи Кумитаи дин ва танзими маросиму анъаноти Тоҷикистон ёдовар шуд, ки барои чандин ҷуфти камбизоат маросими арӯсӣ ва барои 300 ятим дар ноҳияи Ҳамадонӣ хатнатӯй баргузор кардааст.

Дар ҳоле ки раиси Шӯрои уламои исломӣ ё муфтии Тоҷикистон аз Наврӯз ба унвони ҷашни “некию накукорӣ, пирӯзию комёбӣ ва саодатмандӣ” ном мебарад, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Интернет баҳси то куҷо барои мусалмонон ҷоиз будани таҷлили ин ид аз нав даргирифт.

Бисёре аз корбарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба ҷашни миллии тоҷикон будани Наврӯз ва мухолифат надоштанаш ба аркони дини Ислом ишора карда ва ҳамдигарро бо фарорасии ин ҷашни бузург муборакбод кардаанд.

Вале бархе аз корбарони ин шабака ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ ба ғайриисломӣ ва ба таъбири ин афрод ба “маҷусӣ” (зардуштӣ ё оташпарастӣ) будани асли ҷашни Наврӯз таъкид кардаанд.

Корбаре бо номи мустаори “Баха Тҷ” аз ҷумла дар Фейсбук навиштааст: “Ҳамаат тоҷикен. Наврӯз аз мо нест, бародарон, аз маҷусиҳост!”

Корбари дигаре бо номи Абдусамад Бобоев навиштааст: “Касе Наврӯзро ба дигарон муборакбод мегӯяд, ӯ мусалмон нест, фақат тоҷик аст ва буда метавонад! Як амри маьруфи олими афғонро гӯш кардам, ӯ ҳам гуфт, ки касе дар рӯзи Наврӯз як донаи тухмеро ба касе ҳадя кунад, кофир аст!”

Вале корбаре бо номи Юсуф Зокиров ба ин ибрози назар мухолифат кардааст: “Гапу суханони ононро гӯш накун, бародар,ба гуфти унҳо, нони муаллима хӯрӣ, кофир мешавӣ”.

Бо вуҷуди ин баҳсу ихтилофи назарҳо ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ба ҳайси ҷашни миллӣ бо шукӯҳу ҳашамати хоса ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил шуда ва чаҳор рӯзи Наврӯз расман дар ин кишвар таътил эълон шудааст.

Наврӯз дар Тоҷикистон асосан баъд аз касби истиқлолаш ҷойгоҳ ва мақоми баланд ба даст овард ва аз як ҷашни мардумӣ ба ҷашни давлатӣ табдил. Дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид кард. Моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG