Пайвандҳои дастрасӣ

Чӣ дидӣ? Чӣ шунидӣ? Мулоқоти вакилони порлумон бо мардум


Ҳайати кунунии порлумон

Ҳайати кунунии порлумон

Интихобкунандагон дар мулоқот бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бештар аз вазъи бади нақби “Истиқлол”, андозҳои миёншикан, беобӣ, вайронии роҳҳо ва баста будани марз миёни Тоҷикистону Узбакистон шикоят кардаанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон аз 15 то 25-уми сентябр бо интихобкунандагони худ мулоқот карданд. Дар ин ҳамоишҳо интихобкунандагон бештар сари мушкилоти худ ҳарф задаанд ва вакилон ба онҳо аз кори анҷомдодаи худ ва порлумон гузориш додаанд. Ин охирин силсилаи мулоқотҳои вакилони ҳайати кунунии порлумон қабл аз интихоботи ҳайати нави он дар моҳи феврали соли 2015 низ буд ва як навъ ҳисоботи ниҳоии вакилони кунунӣ ба мардум ҳам ба шумор мерафт.

Мавлуда Маъруфова, сокини ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 25-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мардум ҳангоми мулоқот бо вакилон бештар сари тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ, оби ошомиданӣ ва муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо ҳарф задаанд. Сокинони ноҳияи онҳо, барои мисол, пешниҳод карданд, ки Тоҷикистон муносибатҳои хешро бо ҳамсоякишварҳо хуб кунад. Ба хусус бо Узбакистон. Мардуми ноҳияи Мастчоҳ зимни мулоқотҳо аз ҳама бештар дар робита ба баста будани сарҳад миёни Тоҷикистону Узбакистон нигаронӣ кардаанд.

М

Яке аз гузаргоҳҳои марз бо Узбакистон

Яке аз гузаргоҳҳои марз бо Узбакистон

авлуда Маъруфова мегӯяд: “Мардум мехоҳанд, мисли пештара сарҳад кушода бошад. Ду миллат, гарчанде забонҳояшон фарқ кунад ҳам, аммо фарҳанги як доранд. Хешу таборанд, қудогӣ доранд, ки мехоҳанд рафту омад дошта бошанд. Мардум мехоҳад рафту омадашон бидуни мушкил бошад. Онҳо ҳамин хел орзу доранд, ки Худо кунад, ҷомаи амал пӯшад.”

Ба қавли Мавлуда Маъруфова, ҳамчунин сокинон дар робита ба қонуни маориф низ суолҳои зиёде доданд. Ҳамчунин гуфта мешавад мардуми вилояти Суғд аз вазнин будани андозбанӣ ва шеваи андозчинӣ низ нигаронӣ кардаанд.

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон, ки дар ин мулоқотҳои 10-рӯза ҳам аз навоҳии Суғд ва ҳам аз Хатлон дидан кардааст, мегӯяд, мавзӯъҳои асосии мулоқоти вакилон бо мардум 20-солагии Сарқонун, нишасти Шанхай ва ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон буд. Мардум, ба гуфтаи ӯ, аз созишномаҳои миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Шанхай дар риштаи иқтисодӣ истиқбол кардаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, як дархосте, ки мардум дошт, дигар кардани шеваи муносибат дар кори хоҷагиҳои кишоварзӣва андозчинӣ буд: Дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ аз андоз ва андозбандӣ буд. Дар бисёри ҳолатҳо мо ҳам саволҳо додем ва суолҳои онҳоро нависта кардем, то ба мақомот расонем. Мо ба ҳукумат мерасонем, то оянда миёни андозсупоранда ва мақомоти андоз мушкиле пеш наояд.”

Беобии мардум дар кишвари саргаҳи об

Беобии мардум дар кишвари саргаҳи об

Ҳамчунин Исмоил Талбаков афзуд, мардуми Хатлон бештар сари надоштани оби нӯшиданӣ изҳори нигаронӣ карданд. Мардуми ҷамоати “Ватан”-и ноҳияи Темурмалик, ки аз ин ки чандин сол боз оби боронро захира карда менӯшанд, шикояти зиёд кардаанд. Онҳо гуфтаанд, мо соли оби тоза таҷлил мекунем, аммо худамон оби нӯшиданӣ надорем.

Абдулҳай Қаландар, сокини шаҳри Кӯлоб гуфт, дар мулоқоти мардум ва вакилон дар шаҳри Кӯлоб бештар мазмуну мӯҳтавои қонунҳо муҳокима шуданд. Ба қавли ҷаноби Қаландар, ҳамчунин аз ҷониби ҳам сокинон ва ҳам вакилон, ба хусус Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили ин ҳизб дар порлумон, ки барои мулоқот бо мардум ба Кӯлоб рафта буд, масъалаи пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ширкати онҳо дар ҷиҳод низ матраҳ шудааст.

Ҳамлаи моҳи июн бо помидор алайҳи ҳамроҳони Кабирӣ

Ҳамлаи моҳи июн бо помидор алайҳи ҳамроҳони Кабирӣ

Зимнан ин нахустин сафари Кабирӣ ба Кӯлоб баъди ду сафари пурмоҷарои ӯ дар моҳҳои февралу июн буд, ки дар ҷараёни аввалӣ гурӯҳе аз нони норозӣ ба макони мулоқоти ӯ ҳамла оварданду бори дуюм гурӯҳе аз ҷавонон болои ҳайати ҳамроҳони Кабирӣ тухму помидор андохтанд. Ин дафъа сафар, ба гуфтаи худи Кабирӣ, "хеле хуб" ва бидуни ягон моҷарое чунин пушти сар шудааст ва мардуми Кӯлоб ӯро хуш пазируфтаанд.

Маҳмадраҳим Мирзошарифов, сокини ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гуфт, як камбуде, ки сокинони ин ноҳия гуфтанд, вайрон ё тармимталаб будани биноҳои марказҳои тиббӣ буд.

Нақби "Истиқлол" расман ҳанӯз дар соли 2006 боз шуда буд, аммо...

Нақби "Истиқлол" расман ҳанӯз дар соли 2006 боз шуда буд, аммо...

Хайринисо Мавлонова, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо мардум дар водии Зарафшон будааст, мегӯяд, одамон аз тармим шудани роҳи Панҷакент хушҳолӣ карданд, аммо “ягона чизе, ки дар ин минтақа изҳори норозигӣ карданд, то ҳол хуб таъмир нашудани нақби Истиқлол буд. Ҳарчанд он ҷо таъмир рафта истодааст ва роҳи мардумро ин нақб хеле наздик кардааст, аммо одамон мегуфтанд, он бояд ҳарчи зудтар аз таъмир бароварда шавад.”

Ин охирин дидору мулоқоти вакилони кунунии Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон буд. Баъди интихоботи моҳи феврал мардум иҷрои дархостҳои худро дигар аз вакилони ҷадиди порлумон талаб мекунад. Вале баъид нест, ки бисёре аз вакилони кунунӣ дар ҳайати ояндаи Маҷлиси намояндагон низ курсии худро ҳифз кунанд. Ва силсилаи мулоқотҳои охир барои ин зумраи вакилон як навъ оғози корзори таблиғотии онҳо барои интихоботи оянда ҳам буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG