Пайвандҳои дастрасӣ

Модарони ҷангиёни "Давлати Исломӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ


Хосият Сабурова

Хосият Сабурова

Модарони ҷавонони тоҷик, ки дар Сурия ва Ироқ кушта ё гумном шудаанд, нишони фарзандони худро дар интернет ҷустуҷӯ мекунанд.

Волидайни ҷавонони тоҷике, ки дар Сурия ва Ироқ кушта ё беномунишон шудаанд, нишони фарзандони худро дар интернет ҷустуҷӯ мекунанд.

Хосият Сабурова, сокини 49 солаи Кӯлоб-модари Бахтиёр Шеров, ё Абӯ Аҳмад ат-Тоҷикӣ , аввалин нафаре, ки хабари марги ӯ аз Сурия, нимаҳои аввали соли 2014 дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, пас аз ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ охирин акс ва яке аз дӯстони писарашро дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” пайдо кард.

Гӯри нахустин тоҷики кушташуда дар Сурия куҷост?

Бахтиёр Шеров, ки дар замони кушта шуданаш 27 сол дошт, баъди хатми мактаби миёна дар литсеи ҳарбии ба номи Тошмуҳаммадов дар Душанбе, як сол дар коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон низ таҳсил карда буд. Шеров баъдан ба мисли садҳо ҷавони дигар дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафт, аммо хабари маргаш аз Сурия расид. Бо хабари марги ӯ бори аввал ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро тасдиқ шуд.

Хосият Сабурова, ки моҳҳо хабари ҳалокати писарашро дурӯғ мехонд, акнун ба сарнавишт тан додааст ва медонад, ки фарзандаш зинда нест. Ӯ ҳоло тарзи истифода аз интернетро омӯхта, беш аз як сол боз ба хотири пайдо кардани нишоне аз фарзандаш зиндагии маҷозӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро ихтиёр кардааст. Сабурова баъд аз борҳо сар задан ба саҳифаҳои ""ҷиҳодӣ"-ҳо, билохира дар шабакаи Одноклассники нафареро пайдо кард, ки ба гуфтаи худаш, ҳамроҳ бо Бахтиёр Шеров дар як бемористон хобидааст.

Хосият Сабурова, ки рӯзи 2 декабр дар манзилаш дар шаҳри Кӯлоб бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Дар бораи писарам нақл кард. Гуфт, дасти росташ захмӣ шуда, панҷаҳояш кор намекард ва ду бор ҷарроҳӣ шуд. Кадом як профессорро оварданд, ҷарроҳӣ кардааст, вале шифо наёфтаст. Хислату рафторашро нақл кард. Раҳмдилӣ, шармгиниашро нақл кард ва гуфт, ки ҳангоми сӯҳбат кардан заминро нигоҳ мекард. Ин нишонаҳои писарам буд ва бовар кардам, ки ин ҷавон рост мегӯяд. Аммо то ҳол ҳеҷ бовар намекунам, ки бачаи ман автомат гирифтаву касеро кушта бошад. Бачаи ман мӯрчаро озор намедод, бисёр раҳмдил буд.”

Сабурова мегӯяд, марде, ки дар бораи писараш маълумот дод, тоҷик буд, аммо шахсияти худро ошкор накард: "Чанд рӯз пас саҳифаи ин ҷавон дар “Одноклассники” ғайб зад ва дигар ҳеҷ гоҳ “онлайн” нашуд."

Ҳоло ин сокини шаҳри Кӯлоб танҳо як ҳадаф дорад, номи маконеро пайдо кунад, ки писарашро дар он ҷо ба хок супурдаанд. "Шояд рӯзе Сурия кишвари ором шавад ва ман тавонам ақаллан гӯри писарамро бубинам," - гуфт Шерова.

Модари Абӯ Довуд “планшет” –ро асо мекунад

Модари Бахтиёр Шеров ягона модаре нест, ки нишонаҳои писарашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ мекунад. Муҳаббат Маҳмудоваи 62-сола, модари Парвиз Саидраҳмонов ё худ Абӯ Довуди Тоҷикӣ интизори гирифтани пули нафақааш ҳаст, то планшет ва ё ба гуфтаи худаш "телефони интернетдор” харида писарашро ҷустуҷӯ кунад. Сумайя, духтари 4-солаи Парвиз Саидраҳмонов, ҳамроҳ бо модару додараш то ҳанӯз дар хонаи модарбузургаш зиндагӣ мекунад ва намедонад, ки падараш якбора куҷо шуд.

Муҳаббат Маҳмудова - модари Абӯ Довуд бо наберааш

Муҳаббат Маҳмудова - модари Абӯ Довуд бо наберааш

Парвиз Саидраҳмонов, писари 28-солаи ин зан дар наворҳои видеоие аз қаламрави зери назари гурӯҳи “Давлати исломӣ” шашликхӯриашро намоиш дода, ҳамчунин Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро раҳбаладӣ мекард. Моҳи июн хабари маргаш нашр шуд, аммо баъдан дубора “зинда шуд” ва дар бораи воқеаҳои охири Тоҷикистон изҳори назар намуд.

Муҳаббат Маҳмудова, модари Парвиз мегӯяд, бори охир шаш моҳ пеш бо писараш сӯҳбати телефонӣ кард, ки ҳеҷ майли бозгашт ба ватан надошт ва пайваст таъкид мекард, то барои ҳар чӣ зудтар “шаҳид” шуданаш дуо кунанд. Ин зан мегӯяд, наметавонад асо ба даст ба ҷустуҷӯи писараш барояд, аз ин рӯ нишонаҳои ӯро аз интернет мекобад.

Ӯ мегӯяд: “3-4 моҳ шудааст, ки нафақамро нагирифтаам. Мехостам нафақаамро гирифта як телефон харам, интернетро ёд гирам, ҳамроҳи писарам гап занам, даъваташ кунам биёяд, фарзандонашро бинад. Бачаҳои ҳамсоя мегӯянд, ки сураташро дар интернет дидаанд. Агар ӯро дар ҳамон ҷо наёбам, дигар ҳеҷ роҳ нест.”

Чашмони модари Гулрӯ тавони ҷустуҷи интернетиро надорад

Баръакси ин ду зан, Майрамбӣ Олимоваи 65-сола, модари Гулрӯ -ҷавонзане, ки соле пеш ҳамроҳ бо шавҳараш ба Сурия рафта буд, наметавонад аз интернет истифода бубарад. Чашмони ин зан аз гиряи зиёд камнур шудаанд. Аммо ӯ ҳамарӯза назди ҷавонони ҳамсоя меравад, то нишони духтарашро дар интернет пайдо кунанд.

Духтари Олимоваро домодаш бо худ ба Сурия бурд ва худаш онҷо кушта шуд. Акнун ин зан як ормон дорад, ки духтару набераҳояшро баргардонад. Майрамбӣ Олимова мегӯяд: “Дер-дер духтарам занг мезад ва ҳар бор номи шаҳреро, ки зиндагӣ мекунад, мегирам ва рафта бачаҳоро мегӯям, ки ин шаҳрро пайдо кунанд, ки дар куҷо ҳаст. Духтарам номро хато мекунад ё ман нодуруст дар ёд мегирам, ки касе онро дар интернет пайдо намекунад. Ҳар рӯз бачаҳоро зора мекунам, ки интернетро бинанд, ки сурати духтарам ё набераҳоям набаромадааст. Дигар чашмони худам намебинад.”

​Шумораи ҷавонони тоҷик дар Сурия ва Ироқ , ки бори аввал ҳангоми нашри хабари Бахтиёр Шеров 190 нафар гуфта мешуд, ҳоло беш аз 500 нафар рақам зада мешавад. Мақомот мегӯянд, бештар аз 300 тан аз ҷангиёни тоҷик дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд. Ба қаламравҳое, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” таҳди назорат дорад, ҳеҷ роҳи вуруди қонунӣ вуҷуд надорад, то модарон писарони гумшудаи худро ҷустуҷӯ кунанд. Аз ин рӯ, шабакаҳои иҷтимоӣ ҷоест, ки ин хонаводаҳо бо истифода аз он фарзандони худро барои бозгашт ба Ватан талқин мекунанд ва мехоҳанд бидонанд, ки бачаҳои раҳгумкардаашон зиндаанд ё мурда?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG