Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қудрати модари ваҳдатӣ. Сӣ сол ғамхори се фарзанди маълул (ВИДЕО)


Тошбӣ Ҷавракова, мегӯяд, фарзандонаш фақат аз дасти худаш мехӯранд.

Тошбӣ Ҷавракова, мегӯяд, фарзандонаш фақат аз дасти худаш мехӯранд.

Дар ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат як хонаводае зиндагӣ мекунад, ки се фарзанди он ба бемории нодире гирифторанд ва бузург намешаванд. Аммо модарашон сӣ сол аст, ки худаш ғами онҳоро мехӯрад ва мегӯяд, ҷойи меҳри ӯро на интернат мегирад, на каси дигар.

Тошбӣ Ҷавракова, шабурӯз ба по рост ва нигаҳбони се фарзанди маълулаш аст. Санавбар, Латофат ва Насиба ба бемории нодире гирифторанд ва аз рушд мондаанд. Санавбар 30 сол дорад, Латофат 24 ва Насиба 20 сола аст. Духтарони калонӣ ду моҳ аст, ки гап намезананд, аз ҳаракат монда ва ғами модарро дучанд кардаанд. Вале худаш мегӯяд, ғам инсонро кушта наметавонад ва то замоне, ки ҳаст аз ин ҷигарбандони мӯҳтоҷи кӯмакаш даст намекашад.

“Чанд кас гуфт, ҳамсояҳо ҳам гуфтанд, ки бурда ба интернат диҳам. Ба ман мегӯянд, ки ту чӣ ин қадар азоб мекашӣ? Ба интернат бидеҳ, мон давлат кӯдаконро нигоҳубин кунад. Ман аз онҳо хоҳиш мекунам, ки дигарбора ин гапро ба ман такрор накунанд. Ман ба онҳо гуфтам, ки бо инҳо зиндаам..." - мегӯяд, Тошбӣ Ҷавракова.

Модаре, ки дар солҳои тӯлонӣ дар деҳаи Сарчинори ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат ҳам пеш аз ҳама ғами духтаронашро мехӯрад, тассавур намекунад, чӣ гуна баъзе аз волидайн фарзандони солим ва ё маълули худро ба ятимхона медиҳанд ва дигар суроғ намекунанд. Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта шикоят кардаанд, ки баъзе аз волидон фарзандони маълули худро, ки мӯҳтоҷи ғамхории волидайн ҳастанд, ба ятимхонаҳо меоранду ҳеҷ гоҳе суроғ намекунанд.

Тошбӣ Ҷавракова, ки як духтари солим ҳам дорад, мегӯяд, кӯдаконаш то 7-моҳагӣ дуруст ба воя мерасиданд, вале баъд аз он аз рушд мемонданд. Тошбӣ Ҷавракова, ки бояд ҳар сари чанд вақт духтаронашро аз як тараф ба тарафи дигар бурда бихобонад, ё ба берун ба ҳавои тоза барорад, замони бебандуборӣ ва солҳои сахти ҷанги дохилиро ба ёд меорад. Ӯ мегӯяд, дар он солҳо низ пеш аз ҳама дар андешаи духтаронаш буд, то бемор нашаванд. Дар маҳалли зиндагии онҳо ба қавли Тошбӣ Ҷавракова, “муҷоҳидон” буданд ва як рӯз ба хонаашон даромаданд ва чун духтаронашро диданд, ба ӯ даст нарасонданд.

“Ҳамино моро наҷот доданд, вагарна ҳама оила нобуд шуда будем.” мегӯяд, ӯ ва меафзояд: “Ғурраи ҷорубро ба осиёб бурда орд карда меовардам, вале ин кӯдако хурда наметавонистанд, худам мехӯрдам ва агар ягон пора нони сафед ҳамсояҳо медоданд, зери болишти ҳаминҳо мемондам, то хӯрда қувват бигиранд.”

Насиба, духтари хурдтарини хонавода, ки як замон гулдузӣ мекард, мегӯяд, модар барояш азизтарин инсон аст ва орзуяш ин аст, ки шифо ёбад ва дар ивази некиҳо барои модар пираҳан бидӯзад. “Мефорам курта дӯзам лекин наметонам, пеш метавонистам, ҳоло дастонам қувват намекунанд” – Насиба.

Падари хонавода ҳам бемор аст ва модар барои ҳар духтари маълулаш 130 сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, пуле ки барои доруву дармони фарзандон намерасад. Боз ҳам аз касе таваққӯъи кӯмак надорад.

Сӣ сол шуд ман ба ҳамин аҳвол, ба касе гап намезанам. Шукронаи Худо мекунаму мегардам. Ман аз касе чизе талаб надорам, Худо худаш қувват диҳад.“

АФРОДЕ, КИ МЕХОҲАНД БА ИН ХОНАВОДА КӮМАК КУНАНД, БО ШУМОРАИ +992 917878622 МУРОҶИАТ КУНАНД.

НИШОНАИ ИН ХОНАВОДА: ШАҲРИ ВАҲДАТ, ҶАМОАТИ СИМИГАНҶ, ДЕҲАИ САРЧАНОР.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG