Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз фаъолшавии бештари гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави кишвар ҳушдор дод ва ҷомеаро ба ҳамкорӣ даъват кард.

Рамазон Раҳимов дар посух ба суоли радиои «Озодӣ», ки ниҳоди зери раҳбарии ӯ "то интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон чӣ таърифе аз равандҳои амниятӣ дорад", гуфт, бар пояи таҳлилҳо гурӯҳҳои террористӣ ва афроди ҷинояткоре, ки ба Тоҷикистон ғараз доранд, фаъол хоҳанд шуд.

Вай афзуд, аз ин хотир, ниҳодаш дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти амниятӣ тарҳҳо кашида, сохторҳояшро бо таҷҳизот ва нақлиёти модерн муҷаҳҳаз мекунад ва бо сафоратҳову хориҷиву созмонҳои байнулмилалӣ робита барқарор мекунад. Аммо Рамазон Раҳимов нақши мардумро барои таъмини амнияти кишвар муҳимтар донист:

«Таҳлилҳои вақтҳои охир нишон медиҳад, аксар аъзои гурӯҳҳои террористие, ки аз хориҷ ворид мешаванд, дар Душанбе, Чкаловск, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа бемамониат хонаи иҷора пайдо мекунанд, аммо соҳиби хона, ё ҳамсояҳо ҳеҷ аз онҳо намепурсанд, ки кистанд ва ё ба мақомот хабар намедиҳанд. Ин гуна мавридҳо буданд, ки мо боздошт мекардем, аммо ҳамсояву соҳиби хона онҳоро намешиносанд. Дар дигар давлатҳо ин тавр нест, мардум бо мақомоти амниятӣ ҳамкорӣ мекунанд».




Вазири корҳои дохилӣ, ки дар пасманзари ҳаводиси охири вилояти Суғд, яъне боздошти се нафар дар Мастчоҳ, тирандозӣ ба кормандони милиса ва ҳалокати ду нафар дар Конибодом сӯҳбат мекард, гуфт, ки дар пайи ду бархӯрди мақомот бо аъзои гурӯҳи террористӣ, якнафарӣ аз ҷонибҳо кушта шуда, мақомот 10 нафарро боздошт кардаанд. Вай афзуд, ин афрод аъзои Ҳаракати исломии Узбакистонанд, ки аз хоки Афғонистон ворид шуда, ҳоло дар кишвар пароканда гаштаанд. Вай афзуд, ба хотири ошкор ва дастгир кардани онҳо, амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳамоно идома дорад.

Аксари коршиносоне, ки бо мо дар бораи пешбиниҳои вазири корҳои дохилӣ суҳбат карданд, ин таҳрикотро ба интихоботи президентии соли равон дар Тоҷикистон рабт медиҳанд. Ба қавли онҳо, мухолифон чунин бардошт доранд, ки дар дохилу хориҷ аз ҳукмронии беш аз 20-солаи Эмомалӣ Раҳмон як гуна "хастагии ом” пайдо шуда, ҳоло фурсати мусоид барои расидан ба қудрат фароҳам шудааст.

Аммо Маҳдӣ Собиров, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, ҳушдори вазири умури дохилӣ аз он хотир чандон дуруст нест, ки сарусадоҳо дар бораи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ё террористӣ бофтаи гурӯҳҳоест, ки таърифи дурусте аз вазъ надоранд: «Инҳо ҳамон авбошоне ҳастанд, ки ҳамеша буданд. Ҳоло солҳои 1993 то соли 2010 нест, ки гурӯҳҳои иборат аз 200, 500 ё 1000 нафар амал кунанд. Ин як гурӯҳҳои норозӣ аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳастанд. Ин гурӯҳҳо боре ҳам муташаккилона амал накардаанд, ягон амалиёти террористӣ ҳам анҷом надодаанд. Инро ҳамчун мутахассис мегӯям».




Дар ҳамин ҳол, мубориза бо гурӯҳҳои тундгаро барои мақомоти Тоҷикистон шиорҳое аз «шаблонҳо»-и маъмули замони муосир набудаанд. Ин кишвар дар қиёс бо ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ бештар бо ин зуҳурот сарукор дорад.
Аз рӯи омори охирин, ки аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод шуд, соли 2012 дар қаламрави кишвар 144 узви созмонҳои тундраву террористӣ боздошт шудаанд, аз ҷумла 142 узви созмонҳои террористиву тундрав - 76 узви Ҳаракати исломии Узбакистон, 36 узви "Ҳизбуттаҳрир, 15 узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва 11 узви «Ҷамоати таблиғ».

Пас аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ тайи солҳои охир мақомоти амниятии Тоҷикистон дар Тавилдара, Кӯлоб, Рашт ва соли гузашта дар Хоруғ бо шиорҳои зиддитеррористӣ ва зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи фаромилливу қочоқбар чанд амалиёти махсус пиёда карданд.

Иддае аз коршиносон бар инанд, ки дар қиёс бо ҳаводиси қаблӣ, амалиёти тобистони соли гузашта дар Бадахшон ниҳоӣ ва муваффақ набудааст. Ҷаноби Раҳимов дар ҳаводиси Хоруғ мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқро муттаҳам кард, ки аз омоли гурӯҳҳои ҷинояткор ҷилавгирӣ накарданд. Вай гуфт, 40 дарсади ҳайати шахсии милисаи ин вилоятро, ба шумули раҳбари раёсат аз кор сабукдӯш кардааст.

Аммо ҳоло, ба истилоҳ, «шӯълаи терроризм» дар минтақаи тамоман дигари Тоҷикистон – Суғд забона мезанад, вилояте, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаводиси Сайфуллоҳ Сафаров, коршиноси тоҷик

Сайфуллоҳ Сафаров, коршиноси тоҷик

20 соли охир эмин монда буд. Ба назари иддае дигар аз коршиносон, ҷойгиршавии ин вилоят дар водии Фарғона «миф»-ҳои қаблӣ дар бораи «бомбаи Осиёи Марказӣ» будани ин водиро тақвият медиҳад, ки агар таркад минтақаро пора-пора мекунад. Ин сенария ҳам аз сӯи расонаҳои Русия ва ҳам Ғарб бахусус барои марҳалаи пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз Афғонистон пешгӯӣ мешаванд.

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳад заиф тасаввур кардани ҳукуматҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон хулосаи хеле сатҳист: «Ҳатто вазъият бадтар буд. Масалан, дар Рашт, Тавилдара, ҳатто Хоруғ мушкилоти зиёд доштем, аммо мо халос шудем. Давлат ҳоло хеле устувор аст, аз ин хотир, ҳоло оромӣ аст. Агар имрӯз гурӯҳе дар Масчоҳу фардо дар дигар гӯшаи кӯҳистон пайдо шуд, ин маънои онро надорад, ки давлати Тоҷикистонро ноустувор мекунад. Давлати мо бо натиҷаҳое, ки имрӯз дорад, исбот кард, ки як кишвари барқароршуда ва мустаҳкам аст. Инро мардум мебинанд».

Як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, дар робита ба ҳаводиси охир мегӯяд, Русияву Узбакистон ба далели манофеи худ омодаанд, ки дар Тоҷикистон бо истифода аз гурӯҳҳои террористӣ ва ҳам сиёсии мухолифи давлат тавтеаҳо ё “низоъҳои идорашаванда” роҳандозӣ кунанд, аммо дар кулл ҳеҷ гоҳ хоҳони ноамнии бузургтаре нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG