Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Додгоҳ: "Шахсан надидам, ки ҳуқуқи ягон нафар нақз шуда бошад" САДО, ВИДЕО


Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён – раиси Додгоҳи олӣ – интиқод дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон, бахусус фаъолони сиёсиро дар Тоҷикистон рад карда ва аз кори низоми додгустарии кишвар ҳимоят намуд. Ӯ рӯзи 16 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон маҳдуд нашудааст" ва илова кард, ки "Қонуни асосии мо хислати башардӯстона дорад ва тамоми талошҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон равона гардидааст".

Шоҳиён гуфт, касе барои ақидаҳои сиёсиаш зиндонӣ нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00
Линки мустақим

Ҳодисаҳои соли 2015 ва баъзе ҳодисаҳои соли 2016 мақомоти дахлдори Тоҷикистонро водор мекунанд, ки бояд ҳамаи тадбирҳо андешида шавад, то субот дар кишвар таъмин бошад.
Шермуҳаммади Шоҳиён

"Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар шудааст"

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 12 январ дар гузориши созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар робита бо Тоҷикистон таъкид шуд, соли гузашта вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар "якбора бад шуд" ва як далелаш, ба қавли масъулони ин созмон, зиндонӣ шудани бархе мухолифон ва вакилони дифоъ дар мурофиаҳои пӯшида будааст. Шермуҳаммади Шоҳиён, ки дар бораи натиҷаҳои кори додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2016 дар баробари матбуот гузориш медод, аз ҳукмҳо ва мурофиаҳои додгоҳии аъзои мухолифон ва мунтақидони ҳукумат ҳимоят кард.

Вай гуфт, "инки созмонҳои байналмилалӣ танқид кардаанд, кори онҳост, вале тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти кишвар таъмин мешавад. Аммо ҳодисаҳои соли 2015 ва баъзе ҳодисаҳо дар соли 2016 мақомоти дахлдори Тоҷикистонро водор мекунанд, ки бояд ҳамаи тадбирҳо андешида шавад, то сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллию давлатӣ таъмин бошад. Нафаре, ки ба қонуншиканӣ даст мезанад, мувофиқи қонунгузорӣ ҷавоб гӯяд. Шахсан мушоҳида накардам, ки аз ҷониби мақомоти додгоҳӣ ҳуқуқи ягон нафар вайрон шуда бошад."

Шермуҳаммади Шоҳиён: Ҳуқуқи касе маҳдуд нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Баъди тақрибан ду соли ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим

Манзури раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 аст, ки ҳукумат гуфт, ҳадафаш табаддулоти давлатӣ буд, вале сари вақт ҷилавгирӣ шуд.

Ба дунбол, ҳизби наҳзати исломӣ дар маблағгузории ин ошӯб айбдор шуда, тахминан 200 нафар аз аъзову тарафдоронаш ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, соли гузашта 14 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб ба ҳабси абад ва муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, танҳо Зарафо Раҳмонӣ бар асоси Қонуни авф раҳо гардид

Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ
Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ

Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, мурофиаи додгоҳии онҳо аз рӯи муқаррароти қонун сурат гирифтааст. Вай дар посух ба интиқоди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар робита ба парвандаҳои соҳибкор Зайд Саидов ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров гуфт, “ин парвандаҳо ангезаи сиёсӣ надоранд.” "Онҳо барои қаллобӣ ва ҷурмҳои дигар зиндонӣ шудаанд”, - таъкид кард ӯ ва ба ин тартиб вуҷуди маҳбусони сиёсиро дар зиндонҳои кишвар рад намуд. Вай гуфт, барои ҳамин бо баҳогузории созмону кишварҳои хориҷӣ дар бораи сиёсӣ будани ҳукми ду нафар розӣ нест.

"Парвандаҳои Зайду Бузургмеҳр сиёсӣ нестанд"

Аммо ҳам Зайд Саидов ва ҳам Бузургмеҳр Ёров парвандаҳои худро сиёсӣ дониста, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтаанд, яке баъди тасмимаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ва дигаре баъди омодагӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дастгир ва ба муддатҳои тӯлонӣ ҳабс гардидаанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад.

Зайд Саидов
Зайд Саидов

Дар гузориши ахири созмони Human Rights Watch гуфта мешавад, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2016 якбора бад шуд. Муҳаққиқони ин созмон менависанд, сабаби ин вазъ дар басташавии Ҳизби наҳзати исломӣ, зиндонӣ шудани вакилони дифоъ ва мунтақидони давлат ва тағйири Қонуни асосӣ аст, ки дар натиҷаи он, президент Эмомалӣ Раҳмон бидуни маҳдудият дар интихоботҳои президентӣ номзад хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG