Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Бадахшони Афғонистон кушта шудани беш аз ҳафт тан аз ҷангиёни зодаи Тоҷикистон дар даргириҳои минтақаи Ҷурми ин вилоятро таъйид карданд.

Бар асари даргириии мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон, даҳҳо нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо ҷангиёни тоҷик ҳам ҳастанд.

Сахидод, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни кушташудагони даргириҳои рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар вулусволии Ҷурм, ҳашт тан аз ҷанҷӯёни хориҷӣ ҳам буданд, ки аксарашон аз Тоҷикистон ҳастанд.

Вай афзуд: "Теъдоди бисту ҳафт нафар душман кушта шуданд, аз ҷумла ҳашт танашон хориҷӣ аст. Дар байни ин кушташудаҳо чаҳор тан аз фармондеҳонашон шомил мебошанд. Гузориши дақиқе гирифтаем, як теъдоди кушташудагон атбои Тоҷикистон ҳастанд."

Аз сӯи дигар, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон Гулмуҳаммади Бедор ба бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки Умар Ал-Ислом, фармондеҳи ба гуфтаи ӯ "Толибони Тоҷикӣ", дар миёни кушташудагон аст.

Сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки ҷангиёни тоҷик аз роҳҳои Ишкошим ва Шуғнон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, ба Афғонистон ворид мешаванд.

Ба гуфтаи сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон, дар даргириҳо аз тарафи муқобил, тақрибан ду сад тан меҷанганд. Вай гуфтааст, дар ин даргириҳо шаш сарбози афғон низ кушта шуда ва 12 тани дигар захмӣ захм бардоштаанд.

Манобеи дигари афғонӣ шумораи кушташудагони артиши миллии Афғонистонро 20 ва бархеи дигар онро то 30 тан гуфтаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шуморе аз сарбозони артиши миллии Афғонистон аз минтақаи даргириҳо нопадид шудаанд.

Мақомоти амниятии афғон мегӯянд, ки даргириҳо замоне оғоз шуд, ки Толибон рӯзи ҷумъа ба постгоҳҳои амниятӣ дар минтақаи Дараи Хастак дар вулусволии Ҷурм ҳамла карданд. Толибон гуфтаанд, ки ба нерӯҳои амниятии афғон дар Ҷурм талафот ворид кардаанд.

Пеш аз ин масъулони маҳаллӣ дар Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҷангиёни хориҷӣ хонаводаҳояшонро низ ба бархе аз нукоти Бадахшон интиқол додаанд. Бино ба иттилои пулиси Бадахшони Афғонистон, дар вулусволии Ҷурм ба истиснои толибони маҳаллӣ ситезаҷӯёни тоҷику узбаку чечен ва арабу покистонӣ ҳам фаъолият доранд, ки аз Чатроли Покистон ворид шудаанд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG