Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷангии тоҷик бо фаранҷӣ дар ривояти раиси пулиси Кундуз


Фармондеҳи пулиси Кундуз мегӯяд, Иқбол ва ҷангиёни дигари тоҷику узбак дар сар ҳадафи гузаштан ба Осиёи Марказиро доранд. Иқбол чанд рӯз пеш фаранҷии занона дар тан дар ин қисмати Афғонистон боздошт шуд.

Фармондеҳи пулиси вилояти Кундузи Афғонистон дапр як мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҷузъиёти боздошти як узви тоҷикистонии шабакаи Ал-Қоида бо фаранҷии занонаро қисса кард. Генерал Ғулом Мустафохон Мӯҳсинӣ - раиси пулиси вилояти Кундуз гуфт, ин нафар Иқбол номм дошта, аз ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

Ҳамроҳ бо ӯ ду нафар шаҳрвандони Афғонистон ҳам боздошт шудаанд. Ин ду нафар, ки якеаш ронанда ва дигарӣ посбони онҳо будааст, мехостанд ин шаҳрванди захмии Тоҷикистонро барои муолиҷа бо мошин ба Покистон интиқол диҳанд.

Ғулом Мустафохон Мӯҳсинӣ гуфт, барои пинҳон доштани ҷинсияти Иқбол ба вай либоси занонаи афғонӣ пӯшонда буданд. Ҳоло ин се нафар дар фармондеҳии пулиси вилоят дар боздошт ҳастанд ва бозпурсии онҳо идома дорад. Шаҳрванди Тоҷикистон дар бозпурсиҳо низ номи худро Иқбол муаррифӣ кардааст ва гуфтааст, ки зодаи ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон аст. Вай эътироф кардааст, ки дар рӯзҳои аввали убури ғайриқонунии марзи Афғонистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон зоднома ё шаҳодатномаи таваллуди Афғонистон гирифтааст, то ҳангоми гашту гузор дар қаламрави Афғонистон худро шаҳрванди Афғонистон муаррифӣ кунад.

Иқбол бештар дар вулусволиҳои Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиби вилояти Қундуз бо афроди Ал-Қоида ва Толибон машғули амалиёти тахрибкорона будааст. Вале ҳафтае пеш дар як амалиёт аз пояш тир хӯрдааст. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, захми пои Иқбол чандон шадид нест ва ин захмро дар ҷангҳои Дашти Арчӣ дар вулусволии ҳаммарз бо Имом Соҳиб бардоштааст.

Генерал Ғулом Мустафохон Мӯҳсинӣ
Генерал Ғулом Мустафохон Мӯҳсинӣ

Ба гуфтаи Мустафохон, Иқбол дар бозпурсиҳо эътироф кардааст, ки вай дар Вазиристони Шимолӣ бо гурӯҳҳои Ал-Қоида ва Толибон омӯзиш дидааст: “Худаш эътироф кард, ки ба Вазиристон рафта будам, таассуроташро ҳикоят кард ва гуфт, ки курсҳои тахрибкоронаро дар Вазиристон омӯхтам. Баъд маро ба Афғонистон овардаанд ва дар ин ҷо дар фаъолиятҳои тахрибкорона ҳам иштирок доштам. Дар гурӯҳҳо будам ва ҳамроҳи хориҷиҳо ҷиҳод мекардем. Ин эътирофоти худаш аст.”

Раиси пулиси вилояти Қундузи Афғонистон мегӯяд, ба онҳо иттилоъ расидааст, ки Иқбол номи дурӯғин аст ва бар асоси хабаре, ки онҳо аз шабакаҳои худ дарёфт кардаанд, номи аслии вай Абдураҳмон машҳуд ба Ҷаъфар ва воқеан зодаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Вале ин ном ҳам шояд номи аслии вай нест ва таҳқиқот идома дорад. Мустафохон мегӯяд: Чун Иқбол шаҳрванди Тоҷикистон аст, ба мо иттилоъоти дуруст намедиҳад. Вале мегӯяд, ки бо тазкираи афғонии худ борҳо ҳангоми рафту омад дар қаламрави Афғонистон дар посгоҳҳо нируҳои амниятӣ ва марзбонии Афғонистон ба ин тазкира ё гувоҳиномаи таваллуди вай бовар кардаанд, ки вай шаҳрванди Афғонистон аст.”

Дар ҷангҳои вулусволиҳои Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб дар гузашта низ ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда буданд ва Мустафохон - раиси пулиси вилояти Қундуз мегӯяд, бар асоси тавофуқоте, ки бо ҷониби Тоҷикистон доранд, ин ду нафарро ба нируҳои амниятии Тоҷикистон супурдаанд. Вале дар бораи таслим кардан ё супурдани Иқбол ба нирӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳанӯз тасмиме гирифта нашудааст.

Генерал Мустафохон мегӯяд, вазъ нисбат ба як моҳи пеш дар вилояти Қундуз, дар вулусволиҳое, ки ҷанг идома дошт, беҳтар шудааст ва қисме аз нируҳои Ал-Қоида ва Толибон ба Покистон фирор кардаанд, вале қисми дигар дар кӯҳистонҳои Чордара пинҳон шудаанд. Ба ин далел нируҳои амниятии минтақа амалиётро идома медиҳанд.

Бино ба маълумоти кашф, ки дар ихтиёри нирӯҳои пулис ва амниятии вилояти Қундуз қарор дорад, дар қаламрави вилоят дар таркиби гурӯҳҳои Ал-Қоида ва Толибон шаҳрвандони Покистон, Чеченистон, Узбакистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Дар маҷмӯъ, шаҳрвандони Тоҷикистон 25 то 30 нафарро ташкил медиҳанд. Яке аз онҳо бо номи “Мустафо тоҷик” маъруф аст ва мегӯянд, ки гӯё вай инженер ё муҳандис будааст, ки мина дуруст мекардааст. Вайро чун фармондеҳи калони гурӯҳи тоҷикон мешиносанд.

Мустафохон мегӯяд, аз бозпурсиҳои боздоштшудагони пешин ва бозпурсиҳои кунунии Иқбол чунин бармеояд, ки Ал-Қоида ба онҳо дастур додааст, то онҳо тадриҷан фаъолиятҳои худро ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳанд ва дар Узбакистону Тоҷикистон бебанду бориҳо ба вуҷуд оранд.

XS
SM
MD
LG