Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Буҷаи Трамп афзоиши хароҷоти ҳарбиро дар назар дорад


Доналд Трамп - раиси ҷумҳури Амрико
Доналд Трамп - раиси ҷумҳури Амрико

Ҳукумати ИМА рӯзи 27 феврал тарҳи нави буҷаро ба ниҳодҳои худ мефиристад. Хабаргузориҳои Reuters ва Associated Press ба нақл аз сарчашмаҳои расмӣ мегӯянд, хароҷоти ҳарбӣ дар он, ҳамон гуна ки президент Доналд Трамп ваъда карда буд, афзоиш ёфтааст.

Бино бар гузоришҳо буҷаи вазорати умури хориҷӣ, бунгоҳи ҳифзи муҳити зист ва идораҳои дигари ғайринизомӣ кам ва аз ин ҳисоб хароҷоти ҳарбӣ зиёд шудааст. Ҳоло Кохи сафед буҷаи соли 2018-ро ба вазорат ва идораҳои федерол мефиристад, ки қадами аввали раванди тӯлонии тасдиқи он аст. Ниҳодҳо метавонанд сармоягузории иловагӣ талаб кунанд ва тарҳи ниҳоиро Конгресс тасдиқ мекунад.

Reuters ба нақл аз як мансабдор мегӯяд, тарҳи пешниҳодӣ сохтани бештари киштӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангиро дар назар дорад, то Амрико дар «роҳҳои муҳими байнулмилалии обӣ ва гулӯгоҳҳо ҳузури қавитар пайдо кунад».

Буҷаи вазорати корҳои хориҷӣ мумкин аст, то 30 дарсад коҳиш ёбад, ки ба бозсозии ҷиддии ин идораи дипломатӣ ва бекор шудани якчанд барнома сабаб мегардад.

Дар паёми 24 феврал Трамп ваъда кард, ки ба маблағгузории «яке аз бунёдкориҳои бузургтарини таърихи ҳарбии Амрико» даст хоҳад ёфт. Афзоиши мушаххаси хароҷоти ҳарбӣ, ки 600 миллиард долларро ташкил медиҳад, ифшо нашуда буд.

XS
SM
MD
LG