Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёрӯии ҳассоси “Ҳосилот” ва “Дордой” дар Душанбе


Рӯзи 27-уми феврал дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот”– и Тоҷикистон ва “Дордой”–и Қирғизистон нишасти матбуотӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст нахуст Мурод Ҷумъакеев, сармураббии дастаи «Дордой», бо хабарнигорон рӯбарӯ шуд. Вай гуфт, « Мо ба бозии ҷавобӣ хуб омодагӣ дидем. Бозии аввалро таҳлил кардем, ба хулосае омадем, ки ба хатти ҳамла бояд бештар таваҷҷуҳ намоем. Мутаассифона, дар Ӯш бозигарони ҳарду даста ба иллати вазъи бади майдон ва ҳавои номусоид бозии хуб нишон дода натавонистанд. Ба фикри ман, бозии фардоина хеле шавқовар мегузарад. Мо чӣ ҳунаре, ки дорем, нишон медиҳем.»

Анатолий Власичев, нимҳимоятгари “Дордой”, ки дар бозии гузашта лат хӯрда, дар нимаи дувуми дидор ширкат накард, дар ин нишаст гуфт, омода аст дар бозии ҷавобӣ ба майдон барояд. «Мақсади ягонаи мо ба сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC роҳхат гирифтан аст, маҳз барои иҷрои ин вазифа пой ба майдон мениҳем», - иброз дошт Анатолий Власичев.

Баъдан дар ин нишаст Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Ҳосилот», гуфт, ки бозии ҷавобӣ бо «Дордой» барои мо вохӯрии асосии мавсими имсола ба шумор меравад. Ӯ афзуд, «мо тамоми тадбирҳоро меандешем, ки дар ин бозӣ пирӯз шавем. Бозигарони мо омода ҳастанд, ки вазифаи даста – роҳ ёфтан ба сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-ро иҷро намоянд. Мо ба дастгирии мухлисон ниёз дорем ва онҳоро ба варзишгоҳ даъват мекунем.»

Сафаралӣ Каримов, капитани «Ҳосилот», иброз дошт, ки футболбозон бо бозии зебо мухлисонро шод мегардонанд ва вазифаи дар назди даста гузошташударо ба ҷо меоранд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми AFC миёни дастаҳои "Ҳосилот", барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва "Дордой", ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, 21 феврал дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюнбоеви шаҳри Ӯши Қирғизистон барпо гардида буд. Голи ягонаи Алишер Азизов, ҳамлагари “Дордой”, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 55-ум, бозиро ба нафъи футболбозони қирғиз ҳал намуд.

Бояд гуфт, ки даҳ дақиқа пеш аз анҷоми нимаи аввали дидор сардовари бозӣ Ванг Ди аз Чин ба ҳимоятгари “Ҳосилот” Содиқ Мӯсо, легионери африқоӣ аз Гана, ки муқобили рақибаш Анатолий Власичев дағалона бозӣ кард, корти сурх нишон дода, ӯро аз бозӣ хориҷ намуд.

Бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми AFC миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Дордой” 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG