Пайвандҳои дастрасӣ

"Облава" бидуни марз: 5 донишҷӯро аз Бодканд ба артиши Тоҷикистон бурдаанд


Масъулони донишкадаи улуми иҷтимоии Русия, воқеъ дар минтақаи Бодканди Қирғизистон аз ҷалби иҷбории боз 5 донишҷӯи ин донишкада ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ҷалби ин 5 донишҷӯ ба артиш дар даъвати навбатӣ дар ҳолест, ки маъмурияти ин муассисаи таълимӣ ва волидон ҳанӯз ҳам барои баргардонидани 31 донишҷӯи дигар, ки дар моҳи май иҷборан ба хизмат бурда шудаанд, талош доранд.

Маҳмадамин Гулов, падари яке аз донишҷӯёни донишкадаи улуми иҷтимоӣ мегӯяд, писари ӯро, ки дар соли 4-уми ин донишкада таҳсил дошт, кормандони коммиссариати ҳарбӣ рӯзи 19-уми октябр дар яке аз ошхонаҳои ноҳияи Масчоҳ боздошт карда, рост ба қисми ҳарбии 2610-и ноҳияи Панҷ ба хизмат бурдаанд. Ҷаноби Гулов афзуд, писараш соати чори бегоҳ занг зада гуфтааст, ки «падар манро қапида бурданд.»

Маҳмадалӣ Гулов мегӯяд, бо пешниҳоди ҳуҷҷату асноди донишҷӯӣ ҳам натавонистааст писарашро аз артиш озод кунад. Ӯ мегӯяд, мувофиқи қонун, бояд онҳо ҳадди ақал панҷ рӯз пеш даъватнома оварда, онҳоро огоҳ мекарданд. Аз тарафи дигар, писараш донишҷӯ аст ва ҳуҷҷатҳоро ҳам ҷамъ карда бурдааст, вале дар коммиссариати ҳарбӣ ҳуҷҷатҳояшро қабул накарданд.

Ҳоло ӯ ният дорад, ба ноҳияи Панҷ сафар кунад. Ӯ ҳамчунин мехоҳад ба додгоҳ муроҷиат кунад ва писарашро барои идомаи таҳсил ба донишкада баргардонад.

Донишкадаи улуми иҷтимоӣ, ки писари Маҳмадамин Гулов таҳсил мекард, аз соли 2010 бо иҷозатномаи кишвари Қирғизистон ва дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон фаъолият мекунад. Донишкадаи мазкур қаблан бо номи донишгоҳи нави Русия дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард, вале дар соли 2006 фаъолияти ин муассисаи таълимӣ дар қатори чанд донишгоҳу донишкадаҳои дигари ғайридавлатӣ аз сӯи вазорати маорифи Тоҷикистон боздошта шуд.

Аммо баъди аз Тоҷикистон кӯч бастанаш ҳам ҷавонони тоҷик таҳсилашонродар ин мактаб то имрӯз идома медодаанд. Ҳоло ҳам, ба гуфтаи маъмурияти донишкадаи улуми иҷтимоӣ, беш аз 60 дар сади донишҷӯёни ин таълимгоҳ ҷавонони тоҷиканд. Мушкили аслии ин муҳассилин ин будааст, ки онҳо аз сӯи вазорати маориф ва дигар мақомоти Тоҷикистон ҳамчун донишҷӯ эътироф намешаванд, зеро донишкада бо вазорати маориф шартнома надоштааст.

Даъвати ҷавонони ба сафи артиш. Акс аз бойгонӣ.

Даъвати ҷавонони ба сафи артиш. Акс аз бойгонӣ.

Абдуғанӣ Абдуллоев, ҳуқуқшинос ва омӯзгори донишкадаи улуми иҷтимоии Бодканд мегӯяд, моҳи майи соли равон бо як мактуби вазири маорифи Тоҷикистон, ки мегуфт, донишкадаи нави Русия дар Тоҷикистон фаъолият надорад ва донишҷӯёнаш ҳам ҳаққи раҳоӣ аз хидмати ҳарбиро надоранд, масъулини куммиссариатҳои ҳарбӣ аз ҳудуди донишкада, ки дар Қирғизистон воқеъ аст, донишҷӯёнро боздошт карда, ба хизмат бурданд.

Абдуғанӣ Абдуллоев меафзояд: «Ин ҷо як масъалаи дигарро монда истодаанд, ки гӯё ҳар як донишгоҳе, ки дар ҳудуди дигар давлат воқеъ аст, бояд бо вазорати маорифи Тоҷикистон шартномаи тарафайн бандад. Ин талабот ба ягон қонун мувофиқ нест. Дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ин хел шартномаҳо баста шудаанд, ки сарварони давлатҳо дар он имзо гузоштаанд ва ин қонунҳои байналмиллалӣ аз қонунҳои дохилӣ болотаранд.»

Аммо Алидод Расулов, як масъули вазорати маорифи Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, дар воқеъ ин донишкада дар соли 2006 бо далели ҷавобгӯ набуданаш ба талаботи як донишкадаи олӣ аз фаъолият бозмондааст ва онҳо дигар бо чунин донишкада ягон созишномае надоранд: «Қонунӣ фаъолияти онҳо боздошта шудааст. Ҳар чизе ки дар Қирғизистон таъсис ёфтааст ва иҷозатномаи куҷоро доранд, ё надоранд, ин барои мо равшан нест. Сабаби манъ шудани фаъолияти ин донишкада мустаҳкам набудани пояи моддиву фаннӣ, нарасидани кадрҳои илмиву омӯзгорӣ ва маводи таълимӣ буд.»

Қазияи ғайриқонунӣ ба хидмати низомӣ ҷалб шудани донишҷӯёни донишкадаи улуми иҷтимоии Русия бар асоси шикояти чанде аз волидон дар додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд баррасӣ мешавад. Ҳуқуқшиносони ҷавони собиқ созмони «Ампаро» ҳам, ки ба ҳимояи ҳуқуқи сарбозону наваскарон машғул буданд, дар ин қазия ҳам ба волидон кӯмак мекунанд.

Дилшод Ҷӯраев, яке аз ин ҳуқуқшиносон, ки дар баҳси мазкур ширкат дорад, мегӯяд, барои ҳимоя аз ҳуқуқи ин донишҷӯён дар додгоҳ бояд ваколатнома аз қисми ҳарбии донишҷӯёни сарбоз рӯи даст бошад. Аммо ҳоло ин сарбозон дар ноҳияву минтақаҳои дурдасти кишвар адои хизмат мекунанд ва мушкили аслӣ дастрас кардани ваколатнома аз қисмҳои ҳарбӣ будааст. Ба қавли ӯ, аз волидони 31 донишҷӯ танҳо 1 нафар то ҳол тавонистааст барои шикоят ба додгоҳ ваколатнома ба даст биорад.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, донишҷӯёни бахши рӯзонаи макотиби олӣ ҳуқуқ доранд, то хатми донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб нашаванд. Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, воқеан ҳам новобаста ба он, ки ҷавон дар кадом кишваре таҳсил мекунад, ӯ набояд ба артиш ҷалб шавад. Зеро дар қонун дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ мушаххас гуфта нашудааст, ки донишҷӯи донишгоҳҳои кадом кишварҳо бояд аз артиш озод бошанду аз кадом кишвар - не? Дар қисми дувуми моддаи 21-и қонуни Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ танҳо гуфта шудааст, онҳое, ки дар шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, муваққатан аз хизмат дар артиш озод мешаванд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Аммо дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, ба хидмат ҷалб кардани ин ҷавонон ягон амали ғайриқонунӣ нест, чунки онҳо танҳо ба ном донишҷӯ будаанд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо барномаи «Ояндасоз» гуфт, соли гузашта дар пайи баҳсҳо атрофи ҷалби донишҷӯёни донишкадаи улуми иҷтимоӣ ба артиш ва шикояти волидон мақомот муайян карданд, ки аксари ин ҷавонон танҳо ба хотири гурез аз хизмати артиш ба донишкада шомил шудаанд, аммо аслан дар дарсҳо ширкат намекарданд.

Аммо маъмурияти донишкада ва ҳуқуқшиносон, ки ин иддаоро рад мекунанд, мегӯянд, талош хоҳанд кард, то донишҷӯёни тоҷики донишкадаи улуми иҷтимоии Русия дар Қирғизистонро дубора аз хидмати низомӣ ба таҳсил баргардонанд. Маъмурияти донишкада мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бо ин амали худ на танҳо даҳҳо донишҷӯи онҳоро аз таҳсил дур карданд, балки ба буҷаи донишкада ҳам, ки дар асоси шартнома ва пули донишҷӯён фаъолият дорад, зарари ҷиддии молӣ ворид кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG