Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, дар соли гузашта 5 000 шаҳрванди Тоҷикистон барои зиндагии доимӣ ба ин кишвар рафтаанд. Русия ба рӯи ин афрод дари 55 минтақаашро боз кардааст.

Дар тӯли як соли гузашта 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо аъзои хонаводаи худ, бо истифода аз як барномаи давлатии Русия, барои ҳамеша ба ин кишвар кӯч бастаанд.

Дар Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки соли 2014, бар асоси барномаи "Қабули ҳамватанон" ба Русия 106 ҳазор нафар ба ин кишвар кӯч бастаанд ва тақрибан 5 дарсади онҳо, яъне 5 023 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Дар ин миён ҳам мардуми русзабон ва ҳам мардуми таҳҷоӣ будаанд, ки Русия дари 55 минтақаву вилоятҳояшро ба рӯи онҳо боз кардааст.

Баъд аз кӯч бастан ба Русия ин хонаводаҳо кумакпулӣ ва имтиёзи зиёде барои зиндагӣ ва ҳам таҳсили бепули фарзандонашон дарёфт мекунанд. Дар Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз соли 2007, аз замони оғози иҷрои барномаи давлатии “Қабули ҳамватанон” ба Русия, 255 ҳазор нафар аз ин барнома истифода кардаанд ва 17 640 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Бар асоси як пажӯҳиши Марина Ежова, устоди Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, дар соли 2014-ум 7,1 дарсади аҳолӣ ва ё бештар аз ним миллион сокини Тоҷикистон гуфтаанд, мехоҳанд, то 5 соли оянда барои ҳамеша ба Русия ё кишварҳои Аврупо кӯч банданд. Ежова дар пажӯҳиши худ таҳти унвони “Тамоюлҳои муҳоҷират ва эҳтимоли кӯчбандии аҳолии Тоҷикистон” гуфтааст, тақрибан 400 ҳазор нафар мехоҳанд, дар як соли оянда аз кишвар хориҷ шаванд. Теъдоде, ки ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз кишвар берун нарафта буданд.

Аз соли 1991 то соли 1995 тақрибан 285 ҳазор нафар, аксаран миллатҳои ғайритоҷик бинобар нооромиҳо ва бад шудани вазъи зиндагӣ Тоҷикистонро тарк карданд.

Солона аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ асосан ба Русия мераванд, вале ҳар зимистон ба назди хонаводаҳояшон бармегарданд. Аммо теъдоди онҳое, ки дигар намехоҳанд, худашон дар Русияву азизонашон дар Тоҷикистон мунтазир бошанд, сол то сол бештар мешавад.

Ба гуфтаи ҷомеашиносон, аксаран омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву сиёсӣ, аз ҷумла заъфи ҳукумат дар таъмини ҷойи кор, набуди шароити муносиб барои зиндагиву истироҳат, нобаробарии сиёсӣ, хешутаборбозӣ ва тамаъҷӯӣ аз омилҳое ҳастанд, ки сокинонро ба берун рафтан аз Ватан таҳрик медиҳанд.

Пажӯҳиши Марина Ежова, устоди Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, нишон додааст, 52 дарсаде, ки мехоҳанд, дар 5 соли дигар аз Тоҷикистон кӯч банданд, пойтахти Русия - Маскавро барои худ беҳтарин макони зиндагӣ донистаанд. 18 дарсади дигар ба Санкт-Петербургу бақия ба шаҳрҳои вилояти Краснодар афзалият додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG