Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон мегӯянд, ба иллати коҳиши қурби танга аз ҳар 1000 доллари даромади худ 200 долларро аз даст додаанд ва ҷуброне ба даст нахоҳанд овард.

Вақте ки наздикон ва меҳмонони Мамнуна Бобоқулова дар хонаи сеҳуҷрагии иҷораи ӯ дар канораи Алмато ҷамъ шуданд, мавзӯъи суҳбат як чиз буд – беқурбшавии танга -- пули миллии Қазоқистон.

Бобоқулова ва ҳамаи меҳмонони ӯ тоҷиконе буданд, ки барои кору даромад дар Қазоқистон муҳоҷир шудаанд.

Мисли ҳамаи онҳое, ки даромади худро бо танга пасандоз мекунанд, онҳо низ шоҳиди ҳол буданд, ки пули гирдовардаашон баъд аз беқурбшавии 11-уми феврал дар як шаб қариб 20 дарсад камтар шуд.

Бобоқулова мегӯяд, вай ва ҳамдиёрони муҳоҷираш хеле тез дарк карданд, ки машаққати бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсии кишвари мизбон пеш аз ҳама ба сари онҳо хоҳад рехт. Вай таъсири беқурбшавии тангаро замоне аёнан дид, ки ба хонааш дар Тоҷикистон пул мефиристод. Зеро барои ин аввал тангаро ба доллар иваз мекунад ва ба наздиконаш доллар мефиристад.

“Дирӯз ман 30 000 танга гирифтам ва ба хешовандонам фиристодам. Пештар ин ба 200 доллар баробар буд, акнун ҳамагӣ 160 доллар,” – мегӯяд Бобоқулова, -- ки зарбае ба буҷаи оила аст. Зиёни калоне дорад.”

40 доллар барои буҷаи хонавода дар Тоҷикистон, ки ҷойи кории зиёд надорад ва маоши миёна 120 долларро ташкил медиҳад, хеле чиз аст. Бобоқулова ва ҳамсарии ӯ дар бозори Алмато 4-5 баробар бештар пул ба даст меоранд. Дар Қазоқистон наздик ба 80 000 муҳоҷири тоҷик дар тиҷорат ва сохтмон кор мекунанд ва он баъд аз Русия дувумин масири муҳоҷирати тоҷикону мардумони Осиёи Марказист. Иқтисоди дар ҳоли рушд, афзоиши бинокорӣ ва эътидоли нисбии сиёсӣ ин кишварро барои муҳоҷирон ҷолиб кардаанд.

“Ба фарқ аз Русия, дар ин ҷо хатари ҳамлаи нажодпарастон ё полис дар миён нест,” – мегӯяд Сӯҳроб Султонов, ронандаи таксӣ дар Алмато, -- Ман медонам, ки даҳҳо муҳоҷири тоҷик, ки пеш дар Русия кор мекарданд, акнун дар Қазоқистонанд, ҳарчанд даромад дар ин ҷо камтар аст. Агар ҳуҷҷатҳои кас дуруст бошанд ва ӯ қонунро эҳтиром кунад, аз чизе парво нахоҳад дошт. Баъзан полис маро нигоҳ медорад, аммо санадҳоро санҷида, ҳамон лаҳза иҷозаи рафтан медиҳад.”

Ба назар намерасад, ки беқурбшавии пули миллии Қазоқистон, ҳарчанд сабаби нороҳатии муҳоҷирон гаштааст, онҳоро ба тарки ин кишвар водор хоҳад кард.

Бобоқулова мегӯяд, ин бӯҳрон имтиёзҳои шаҳрвандиро ба намоиш гузошт. Вай меафзояд, қазоқҳо ба нишони эътироз даст ба тазоҳурот заданд ва ин ҳолат муҳоҷиронро низ ба ҳуш овард. Аммо ба ин тазоҳурот ҳамроҳ шудани муҳоҷирон номумкин аст: “Шаҳрвандон ба ягон навъи ҷубронпулиҳо умедворанд ва дар ниҳояти амр метавонанд, норозигии худро ошкоро баён кунанд. Аммо муҳоҷирон маҷбуранд, алами худро фурӯ баранд. Онҳо касе нестанд, ки шикоят кунанд.”

Меҳмонони Бобоқулова аз он суҳбат мекунанд, ки чӣ тавр пешомадҳои сахттареро паси сар кард. Аммо ӯ ва меҳмононаш, ки бо тиҷорат машғуланд, қарзҳои зиёди долларӣ доранд. Вай меафзояд: “Онҳо моҳҳо пул ҷамъ мекарданд, ки қарзҳои худро супоранд. Акнун бояд боз зиёдтар ҷамъ кунанд.”

Дар Тоҷикистон додарарӯси Мамнуна -- Шаҳбоз Бобоқулов низ аз вазъи танга нигарон аст. Вай пештар парвое надошт, чун хешонаш дар Алмато пули хуб мефиристоданд. Акнун ин маблағ камтар хоҳад шуд. Вай омӯзгори мактаб аст ва саробонии панҷ фарзандро бар дӯш дорад ва ахиран дар фикри муҳоҷират ба Қазоқистон буд, ки хабари беқурбшавии тангаро шунид. Шаҳбоз ҳанӯз ҳам худро ба сафари Қазоқистон омода мекунад, аммо қатъияти пешинаро надорад ва дудила аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG