Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия 100 тан аз муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар эътироз ба таъхири тӯлонӣ дар пардохти музди кор даст ба коршиканӣ задаанд.

Ҳотамбек Салимзода, як муҳоҷири кории тоҷик рӯзи панҷшанбеи 20 октябр тавассути телефон ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирон дар ширкати сохтмонии “Версо монолит” фаъолият дошта ва дар муддати аз 7 то 10 моҳ музди кории худро дарёфт накардаанд.

"Раис ваъда дод, ки пул медиҳем, надод"

Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, худи ӯ аз моҳи декабри соли гузашта то ба ҳол ҳаққи корашро гирифта натавонистааст ва ба ин далел наметавонад ба ватан баргардад. Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар ин ширкат ҳудуди 35-40 нафар будааст. Ин муҳоҷирон рӯзҳои 5-6 сентябри соли ҷорӣ низ ба иллати пардохт нашудани музди меҳнат коршиканӣ карда буданд.

Давоми ду моҳи охир ин бори дувум аст, ки ин муҳоҷирони корӣ бинобар таъхир дар пардохти маошашон даст ба коршиканӣ мезананд."

“Он замон намояндагони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон омода ва аз мо даъват карданд, ки корро идома диҳем ва раҳбари ширкат мушкили моро ҳал хоҳад кард. Раиси ширкат низ ваъда дод, ки дар муддати як моҳ мушкили пардохти ҳаққи кор ҳал мешавад, аммо то ҳол ин ваъда иҷро нашудааст. Мегӯянд, ки дар Русия бӯҳрон аст, пул шавад пардохт мекунем”,-гуфт Ҳотамбек Салимзода.

Ин муҳоҷири меҳнатӣ мегӯяд, ки ҳоло дар ин минтақаи Русия фасли зимистон фаро расида ва барф боридааст, аммо ба далели набудани пул, ба ватани худ баргашта наметавонанд.

Намояндагӣ: "Шикоятҳо зиёд шудаанд"

Иброҳими Аҳмад

Иброҳими Аҳмад

Намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия низ гуфтанд, ки дар ду соли ахир шумори шикояти муҳоҷирони корӣ дар ростои пардохти маош дар муқоиса ба солҳои қаблӣ даҳҳо баробар афзоиш ёфтааст.

Иброҳими Аҳмад, сухангӯи ин намояндагӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, агар дар солҳои қаблӣ шикоятҳо дар мавриди таъхир дар пардохти маош дар охирҳои сол ба ин ниҳод ворид мешуд, дар ду соли ахир тақрибан ҳамарӯза муҳоҷирон ба таври инфиродӣ ва гурӯҳӣ дар ин маврид аз намояндагӣ дархости кумак мекунанд.

Ба гуфтаи Иброҳими Аҳмад, самти асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия расондани кӯмак ба муҳоҷирони кории тоҷик барои дарёфти музди кор ҳисоб ёфта ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо мусоидати ин ниҳод беш аз 29 миллион рубли музди меҳнати муҳоҷирон пардохт шудааст.

Ӯ гуфт, феълан 200 муроҷиати муҳоҷирони корӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дошта ва ин намояндагӣ бо корфармоён роҳҳои пардохти маблағҳои муҳоҷиронро муҳокима мекунад. Дар бештари мавридҳо пардохти ин маблағ ба далели вазъи душвори молии корхонаю ширкатҳо ба таъхир афтодааст. Аммо дар бархе ҳолатҳо муҳоҷирони корӣ тавассути миёнаравҳо ба кор ҷалб шуда ва миёнаравҳо як қисми пули муҳоҷиронро додааст. Ҳодисаҳои бо пули меҳнатии муҳоҷирон ғайб задани миёнаравҳо низ ба мушоҳида расидааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар канори Минтақаи марказӣ дар 6 минтақаи ин кишвар: Шарқи Дур, Сибир, Урал, Назди Волга (Приволже), Ҷанубӣ ва Шимолу Ғарб бахшҳои худро дошта ва арзу шикояти муҳоҷирони меҳнатии тоҷиконро баррасӣ ва ҳал мекунад.

Чора чист?

Каромат Шарифов.

Каромат Шарифов.

Дар ҳамин ҳол, Каромат Шарифов, раҳбари пешини ҷунбиши “Муҳоҷирони тоҷик дар Русия” гуфт, ки мавзӯъи таъхири тӯлонӣ дар пардохти музди кори муҳоҷирон ё ҳатто саркашии корфармо аз пардохти он дар Русия, ҳодисаи тозае нест.

Масалан, ба гуфтаи ӯ, дар бунёди стадиони “Динамо”-и шаҳри Маскав, ки бояд то соли 2018, Бозиҳои “Ҷоми ҷаҳонии футбол” омода шавад, 1860 муҳоҷири тоҷик фаъолият карда ва дар муддати 5-6 моҳи ахири ҳаққи кори худро нагирифтаанд.

Ба эътиқоди ҷаноби Шарифов, барои ҳалли ин мушкил ҳукумати Тоҷикистон бояд бо ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия ҳамкорӣ карда ва ин созмонҳоро дар талошҳояшон барои мушкилоти ҳамарӯзаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия пуштибонии ҳуқуқӣ кунанд. Он гоҳ ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия метавонанд аз роҳҳои музокирот ё дар муҳокимаҳои додгоҳӣ дар рӯёндани ҳаққи кори муҳоҷирон, кумак кунанд.

Бӯҳрон ва мушкили муҳоҷирон

Дар пайи бӯҳрони молӣ ва ҷори шудани таҳримҳои Амрикою Ғарб алайҳи Русия, иқтисоди ин кишвар ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шуд ва арзиши рубл дар баробари асъори хориҷӣ ба шиддат поин рафт. Ин амр коҳиши ҷойҳои кор ва поин рафтани маош дар Русия мунҷар шуда ва теъдоди зиёди муҳоҷирони кории тоҷик ин кишварро тарк карданд.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ аз кишвар 301 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 28 ҳазор нафар ё 10 дарсад кам будааст. То оғози бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, муҳоҷирони тоҷик аз он кишвар ба Тоҷикистон солона ҳудуди 4 миллиар доллар пул ирсол мекарданд.

Аммо тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон дар соли 2015 ҳамагӣ 1 миллиард ва 200 миллион сомониро ташкил додааст. Аз сӯи дигар, дар соли гузашта беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд, ки дар муддати 10 соли оянда ҳаққи дубора ворид шудан ба ин кишварро надоранд.

Дар гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ бо номи “Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ. Июни соли 2016” дар иртибот ба вазъ ва дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон омадааст, ки мизони рушди иқтисоди ин кишвар дар соли ҷорӣ 4 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки ин рақам аз пешгӯии аввалҳои соли ҷорӣ ба миқдори 0,8 дарсад камтар будааст.

Бонки Ҷаҳонӣ иллати коҳиши мизони рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба бӯҳрони молӣ дар Русия ва ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтани пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватан марбут хондааст.

XS
SM
MD
LG