Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори ихроҷи 22 муҳоҷири тоҷик дар 10 дақиқа


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баҳси додгоҳии як муҳоҷири дигари тоҷик, ки низ ду моҳи пеш иттифоқ афтодааст, созмонҳои ҳомии ҳуқуқии муҳоҷиронро ҳайратзада кард. Онҳо мегӯянд, додгоҳ Савелови шаҳри Маскав Фаридун Қодировро дар тӯи 4 рӯз ду бор ихроҷ намудааст.

Яке аз додгоҳҳои Русия ду моҳи пеш нисбат ба Салим Саидмаҳмадов, муҳоҷири 28-солаи тоҷик қарори ихроҷро содир кард. Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, дар ҳоле ки ӯ тамоми асноди заруриро бо худ дошт, додситон бидуни таҳқиқи парванда ва дар муддати чанд дақиқа ин қарорро қабул намуд.

Намояндагони Омбдусмени Тоҷикистон низ бо нашри як матлаб гуфтаанд, ки "додгоҳҳои Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар бештари маврид ҷазои маъмурии сахтро раво мебинанд."

​Салим Саидаҳмадов рӯзи 29 октябр гуфт, қисса аз он шурӯъ шуд, ки пулис ӯ ва чанд ҳамроҳи дигарашро шабонгоҳ аз манзили зисташон ба боздоштгоҳ бурд. "Ман ба таври расмӣ фаъолият мекардам, тамоми ҳуҷҷатҳоро доштам. Вале субҳ пулис ба ман гуфт, ки дар компютер сабти ҷойи зисти манро пайдо накарданд. Маро ба додгоҳ бурданд ва дар даҳ дақиқа қарор содир шуд", * афзуд ӯ.

Ин қарори, ба гуфтаи Салам, “ноҳақ”-ро ӯ бо кумаки созмони “Муҳоҷират ва ҳуқуқ” дар Маскав танҳо баъд аз ду моҳ бекор кард. Салим аз камтарин муҳоҷиронест, ки тавонистааст дар баҳси додгоҳӣ барои идомаи кору зиндагӣ дар Русия бурд кунад. Аксаран муҳоҷирон дар чунин мавридҳои ба қавлти онҳо ноадолатона мағлуб ва аз Русия барои муддати дароз ихроҷ мешаванд.

Баҳси додгоҳии як муҳоҷири дигари тоҷик, ки низ ду моҳи пеш иттифоқ афтодааст, созмонҳои кумакрасон ба муҳоҷиронро ҳайратзада кард. Фаридун Қодировро додгоҳи Савелови шаҳри Маскав дар муддати 4 рӯз ду бор ихроҷ кард.

Каримҷон Ёров.
Каримҷон Ёров.

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони “Этнос” дар Маскав гуфт, "ман ба додгоҳ рафтам ва гуфтам, ки чӣ гуна як нафарро бо як гуноҳ ду дафъа ҷарима ва ихроҷ мекунанд? Дар натиҷа танҳо як қисми моддаашро иваз карда, ҷарима намуданд ва ихроҷ карданд." Каримҷон Ёров, инчунин, аз кори як додгоҳи дигар ёд овард, ки ҳамагӣ дар 10 дақиқа қарори 22 муҳоҷири тоҷикро дар мавриди ихроҷ шудан қабул кард. Аз нигоҳи ин таҳлилгари умури муҳоҷират, маҳз чунин мавридҳо боис ба он шудааст, ки муҳоҷирони тоҷик ба адолати додгоҳӣ дар Русия эътимод надоранд.

Намояндагони Омбдусмени Тоҷикистон низ бо нашри як матлаб гуфтаанд, "додгоҳҳои Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар бештари маврид ҷазои маъмурии сахтро раво мебинанд. Гузашта аз ин, амалия нишон медиҳад, ки парвандаҳои маъмурӣ оид ба ихроҷи муҳоҷирон дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ва бидуни омӯзиши дақиқ баррасӣ мегарданд." Дар идомаи таҳлили ин ниҳод омадааст, "натиҷаи баррасии парвандаҳои омӯхташуда нишон медиҳанд, ки баъзе судҳо имконияти шикоят намуданро нишон намедиҳанд, дар хусуси иштироки шахсе, ки бояд аз ҳудуди кишвар берун карда шавад, қайди дахлдор гузаронида намешавад."

Гавҳар Ҷӯраева.
Гавҳар Ҷӯраева.

Дар ҳамин ҳол, Гавҳар Ҷӯраева, раиси созмони "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" дар Маскав мушкилоти бештари муҳоҷирони тоҷикро марбут ба қарорҳои ноодилонаи додгоҳӣ донист. Ӯ гуфт, ҳар моҳ то 15 нафар муҳоҷир барои додхоҳӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, ки додгоҳҳо нисбаташон қарорҳои ноҳақ содир кардаанд. Аз ин миён, ба қавли Гавҳар Ҷӯраева, онҳо барои бознигарии қарорҳо танҳо нисбат ба чанд нафар муввафақ мешаванд.

Яке аз пешниҳодҳои ташкилоти онҳо низ ба мақомоти Русия дар мавриди дастрасӣ ба адолати судӣ нисбат ба муҳоҷирон будааст, ки додситонҳо набояд бидуни омӯзиши амиқи маводи пешниҳодшуда ва ё дар ғайби худи муҳоҷир, барои ихроҷи ӯ қарор қабул кунад. Гавҳар Ҷӯраева мегӯяд, "маъмулан додгоҳҳо ҷузъиёти маводи парвандаро таҳқиқ намекунанд ва ҳатто фурсат намедиҳанд, ки муҳоҷир асноди худро пешниҳод кунад. Дар натиҷа муҳоҷири депортшуда ё ба доми адвокатҳое меафтад, ки гӯё бар ивази то 300 ҳазор рубл, аз болои қарор шикоят мебаранд, вале маъмулан бенатиҷа меанҷомад. Баъд ба мо муроҷиат мекунанд."

Ҷӯраева аз қазияи додгоҳии як муҳоҷири тоҷик ёдоварӣ кард, ки якуним сол боз дар муассисаи махсус нигаҳдорӣ мешавад. Ин муҳоҷир, ҳангоми бозпурсии мақомоти пулис аз тарс номи ҳақиқии худро намегӯяд ва додгоҳ дафъатан нисбат ба ӯ қарори хориҷ намуданро содир мекунад. Муҳоҷири тоҷик як рӯз баъд шиноснома ва дигар асноди худро пешниҳод мекунад, аммо бо ин вуҷуд додгоҳ баррасии парвандаи ӯро лозим намешуморад.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ба ин ниҳод муҳоҷирони зиёд аз ноҳақии додгоҳҳо шикоят мебаранд ва сафорат ҳам дар навбати худ кӯшиш мекунад, ки ба чунин муроҷиатҳо расидагӣ намояд. Сарвар Бахтӣ афзуд, "масалан, вақте муҳоҷир дар ҷойи муайяннашуда роҳро мегузарад, додгоҳ барои ин қонунвайронкунии маъмурӣ қарори ихроҷ шудани ӯро содир мекунад. Мо дар бештари мулоқот ин масъларо баррасӣ мекунем, ки бояд ин қонун бознигарӣ шавад. Тавре мушоҳида мешавад, ин талошҳо натиҷа медиҳад ва ҳоло масъалаи сабук кардани қонунгузорӣ дар баррасии Думаи давлатӣ қарор дорад."

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шумораи шаҳрвандони кишвар, ки аз Русия барои се ва ё панҷ сол ихроҷ шудаанд, аз марзи 350 ҳазор нафар гузаштааст. Бахше аз онҳоро додгоҳҳо дар муддати аз 5 то 10 дақиқа танҳо барои нодуруст гузаштан аз роҳ ва ё напардохтани қарзи телефон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG