Пайвандҳои дастрасӣ

Як назарпурсӣ дар Перм муайян кардааст, ки вазъи тоҷикони ин минтақаи Русия тайи даҳ соли охир беҳбуд ёфтааст. Агар дар гузашта онҳо дар ҷустуҷӯи кор буданд, ҳоло соҳиби коргоҳу тиҷорати худ шудаанд.

Як назарпурсӣ дар шаҳри Перм нишон додааст, ки тайи даҳ соли охир муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақаи Русия шароити кору зиндагии худро беҳтар кардаанд. Чунин назарпурсӣ дар соли 2003 ҳам гузаронда шуда буд.

Абдураҳмон Содиқов дар айни даргириҳои дохилии Тоҷикистон аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба шаҳри Перм рафта, дар оғоз ба корҳои гуногун, аз ҷумла боркашиву борфарорӣ ва шустушӯи зарф дар ошхонаҳо машғул буд. Ин маълумоти мухтасар дар бораи Абдураҳмон аст, ки дар китобе роҷеъ ба натиҷаҳои назарпурсии соли 2003 ба нашр расидааст.

Дар ин китоб ба ҷуз аз Абдураҳмон дар бораи 11 нафари дигар аз муҳоҷирони кории тоҷик маълумоти мухтасар чоп шудааст. Дастандаркорони назарпурсӣ бо гузашти бештар аз 12 сол дубора ба суроғи ҳамин афрод рафтаанд. Дар ин муддат Абдураҳмон Содиқов фаъолияти худро равнақ додааст ва як ширкати хусусии посбонии муассисаҳоро боз карда ва чанд нафар аз тоҷиконро ба кор гирифтааст. Мошини хусусӣ ва ҳавлии калон дорад. Хонаводаашро аз Тоҷикистон овардааст ва се писараш таҳсил мекунанд.

ТАҒЙИРОТ

Мастона, яке дигар аз ин афрод аст, ки насабаш дар китоб оварда нашудааст. Ӯ баъд аз фавти шавҳараш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо се фарзандаш дар Варзоб танҳо мондааст ва барои тарбияву таъмини онҳо ба Перм муҳоҷир шудааст. Бо вуҷуди доштани маълумоти олии омӯзгорӣ дар оғози муҳоҷират кам-кам орд харида, нон мепӯхтааст ва барои фурӯши онҳо бозор ба бозор мегаштааст.

Раҳматулло Мазориев

Раҳматулло Мазориев

Раҳматулло Мазориев, корманди Маркази ғайридавлатии омӯзиши равандҳои муҳоҷирати вобаста ба кишвари Перм мегӯяд, дар назарпурсии дувум маълум шудааст, Мастона се фарзандашро аз Тоҷикистон ба Перм овардааст. Писари калониаш дар Донишгоҳи тиббӣ ва дувумӣ дар Донишгоҳи кишоварзӣ таҳсил мекунад. Худи Мастона техникуми "кулинария"-ро ғоибона хатм кардааст ва ҳоло устои калони корхонаи нонпазии шаҳр мебошад. Ин коргоҳ зери назари вай нону кӯлча ва кӯлчақанд мепазанд ва маҳсули дастони онҳо дар шаҳр муштарии зиёд доранд. Чанд зани тоҷик ва узбакро дар ин корхона ба кор гирифтааст. Ӯ ҳам мошин ва хонаи хуб дорад.

САРВАТМАНД

Радиои Озодӣ бо кумаки Раҳматулло Мазориев яке дигар аз муҳоҷирон Акрамҷон Собировро пайдо кард, ки ҳоло аз сарватмандони шаҳр ба шумор меравад. Ӯ мегӯяд: "Вақте омадам, ҳеч чиз надоштам. Ду-се соли аввал мушкилиҳо зиёд буд. Сабзавоти соҳибкоронро мефурӯхтем. Оҳиста-оҳиста худамон рафта аз кишоварзон мехаридему оварда мефурӯхтем. Нуқтаҳои савдои худро кушодем. Мушкилиҳо паси сар шуд."

Ҳоло Акрамҷон Собиров ошхонае сохта, коргоҳи қаннодӣ низ дорад. Дар таомхона 6 нафар ва дар коргоҳи қаннодӣ 22 нафарро ба кор гирифтааст ва ба онҳо ҳар моҳ 30 ҳазор рубли русӣ дастмузд медиҳад. Гузашта аз ин, дар ноҳияи Қумсангир 4 гектар боғи мева ва фермаи говпарварӣ ташкил кардааст, ки 80 сар гов дорад. Дар ин ширкатҳояш тақрибан 50 нафар кор мекунанд ва ба ҳар яке аз онҳо рӯзе 30 сомонӣ музд медиҳад. Ҳамаи ин корҳо аз ҳисоби пулест, ки дар муҳоҷират ба даст овардааст.

Раҳматулло Мазориев мегӯяд, ин намунаҳои хуб аст ва мутаассифона шумораи чунин одамон зиёд нест. Назарпурсии дувум нишон медиҳад, ки гурӯҳи аслии муҳоҷирон, яъне тақрибан 60-65 дарсади онҳо ҳамчунон дар сохтмонҳо кор мекунанд. Дар бахши кишоварзӣ низ ҳастанд. Онҳое низ ҳастанд, ки бо тиҷорати хурд машғуланд.

ДУШАҲРВАНДӢ

Александр Черних, доктори илмҳои таърих ва раҳбари ин назарпурсӣ мегӯяд, бори аввал дар Русия дар бораи ҷамъияти тоҷикон чунин кори арзишманд анҷом гирифтааст. Дар минтақаҳои дигари Русия роҷеъ ба тоҷикон ё муҳоҷирони кишварҳои дигар чунин назарпурсӣ гузаронида нашудааст. Ӯ мегӯяд, ҳадафи онҳо омӯзиши равандҳои муҳоҷират дар миёни тоҷикони кишвари Перм аст, то рӯшан шавад, ки дар давоми ин солҳо дар зиндагии онҳо чӣ тағйирот пеш омадааст.

Дар натиҷаи пурсиш маълум шудааст, ки дар Перм 7 ҳазору 295 нафар тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва худро дар миёни аҳолии маҳаллӣ шахси бегона эҳсос намекунанд. Дар ин миён барномаҳои мутобиқсозии муҳоҷирон бо шароити маҳал, аз қабили ҳамгароии онҳо, давраҳои махсуси омӯзиши забони русӣ бо ёрии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъияти тоҷикон ба онҳо кумак кардааст.

Дар муқоиса бо солҳои аввали 2000 барномаҳои муҳоҷирон ва ҷамъиятҳои онҳо ва ҳамчунин барномаҳои созмонҳои ғайридавлатӣ барои муҳоҷирон тағйир ёфтааст. Дар он солҳо ташкили ҷамъиятҳои тоҷикон хусусияти худҷӯш дошт ва онҳо бештар ба худшиносӣ талош мекарданд. Мардон бидуни оилаҳои худ муҳоҷират мекарданд, вале акнун онҳо оилаҳояшонро бо худ меоранд ва талош барои дарёфти шаҳрвандии Русия бештар шудааст.

Александр Черних мегӯяд, ки дар ҷараёни назарпурсӣ дар маҷмуъ равандҳои муҳоҷират, сабабҳои муҳоҷират, вазъи муҳоҷират дар даҳ соли ахир, афзоиш ё коҳиши шумораи муҳоҷирон, таркиби иҷтимоии муҳоҷирон, унс гирифтани онҳо бо шароити маҳал ва ҳамгароии онҳо бо аҳолии таҳҷоӣ, ташаккули онҳо низ дар назар гирифта шудааст.

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Перм мегӯяд, дар давоми як соли охир дар маҷмуъ шумораи муҳоҷирони кишварҳои хориҷӣ 32 дарсад дар минтақа коҳиш ёфтааст ва муҳоҷирони тоҷик ҳам камтар шудаанд. Сабаби он таҳримҳои иқтисодии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бар зидди Русия арзёбӣ мешавад. Бар асоси шумориши аҳолии соли 1989 дар кишвари Перм дар маҷмӯъ 350 тоҷик зиндагӣ мекард. Вале дар шумориши дигари аҳолӣ дар соли 2010 теъдоди тоҷикон ба 23 ҳазор нафар расидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG