Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Шӯрои амнияти СММ аз гуфтугӯҳои сулҳи Сурия


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз гуфтугӯҳои сулҳи Сурия ба миёнравии Русия, Туркия ва Эрон дар Остона – пойтахти Қазоқистон – ҳимоят кард. Қарор аст, ин музокирот ҳафтаи оянда шурӯъ шавад. Аммо Шӯрои амният таъкид кардааст, ки ин талош набояд музокирот ба раҳбарии Созмони Милалро ба ҳошия бибарад. Дар назар аст, Созмони Милали Муттаҳид Стефан де Мистура, намояндааш барои Сурияро барои иштирок дар музокироти Остона фиристад. Баъди пирӯзии чашмгири нерӯҳои ҳукумати Сурия дар шарқи Ҳалаб, яке аз пойгоҳҳои шӯришгарон, Русия, Эрон ва Туркия барои оғози раванди гуфтушунид дар байни тарафҳои даргир иқдом карданд. Эрону Русия пуштибонҳои калидии президенти Сурия Башор Асад ва Туркия тарафдори гурӯҳҳои шӯришгар унвон шудаанд.

XS
SM
MD
LG