Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон дар куҷост? Давлат ва ё мардумаш?"


Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, ки бисёриашон ноновари хонавода дар Тоҷикистон ҳастанд.
Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, ки бисёриашон ноновари хонавода дар Тоҷикистон ҳастанд.

Як суоли шӯхиомез дар бораи Тоҷикистон дар яке аз гурӯҳҳои бузург дар шабакаи иҷтимоии Мой Мир баҳсеро миёни корбарони русзабон дар бораи ҳузури муҳоҷирон дар Русия барангехтааст.

Яке аз гурӯҳҳои бузург дар шабакаи иҷтимоии Мой Мир, ки аксарияти корбаронаш аз Русия ва кишварҳои шӯравии собиқанд, суоли нимшӯхиву нимҷиддиро дар бораи Тоҷикистон дар миёни корбаронаш матраҳ карда ва баҳсеро барангехтааст. Дар гурӯҳи «То что надо», ки бештар аз 1 миллион аъзо дорад, пурсидаанд, ки «Тоҷикистон дар куҷост? ва посухи кинояомезе додаанд, ки «Давлат ва ё мардумаш».

Ин навишта ишорае ба ҳузури садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия аст, аксаран «қаҳрамони манфӣ» ва аҳёнан мусбати матбуоти он кишвар аст. Як корбари Мой Мир бо номи «Меруерт Жумашева» дар шарҳи навишта дар бораи Тоҷикистон, онро «шӯхии аҳмақона» номидааст, вале Оксана Дмитриева ба ӯ посух додааст, ки ҳақиқатро гуфтан, аҳмақӣ нест. «Ҳақиқатро ки гуфтанд, шӯхиро аҳмақона мегӯед. Ҳеҷ гуна шӯхии аҳмақона нест. Чаро аз шунидани ҳақиқат меранҷед, аз ҳукумати бемасъулияти худатон биранҷед.»

Аммо корбарони баъдӣ, ки ба баҳс ворид шудаанд, мустақим ба суол дар бораи Тоҷикистон посух додаанд ва аз ҷумла Александр Поляков, гуфтааст, аҳолии кишвар «аксаран дар сохтмонҳои Русия нос кашида мегарданд.» Корбари дигаре бо номи "dfВасилий Конев" гуфтааст, давлати Тоҷикистон «Дар ҷояш аст, мардумаш машғули кор дар хориҷ.»

Ба ин баҳс як корбари дигаре, ки «Марк Сукерберг»- ро номи мустаори худ интихоб кардааст, менависад, ки дар ин баҳс нақши муҳоҷиронро барои Русия касе ба инобат нагирифтааст.

«Касе дар бораи пардохти 2 миллиарду 400 миллион рубле, ки муҳоҷирон ба мо медиҳанд, чизе намегӯяд. Дар Русия 400 ҳазор муҳоҷири қонунӣ аст ва ҳар кадоми онҳо ба Хадамоти Федеролии Муҳоҷират моҳона 5 ҳазор рубл ва дар Маскав 8 ҳазор рубл мепардозанд. Вале мо шӯхиҳои хуб дорем. Воқеан барои пайдо кардани ингуна шӯхӣ чӣ қадар китоб бояд хонд.»

Дар посух ба ин корбар «Бунтар» навиштааст, «Шумо дар бораи 400 ҳазор фикр кунед. Ба фикрам 10 ҳазор нафарӣ дар ҳар шаҳр мешавад. Вале дар воқеъ аз дасти онҳо дар ягон шаҳр нафас кашида намешавад, ҳар ҷое, ки наравед, сӯҳбати онҳоро мешунавед. Барои ҳамин ахбори расмиву воқеиятро ба ҳам омехта накунед. Дар ҳақиқат тамоми Тоҷикистон дар Русия аст.» навиштааст Бунтар дар шабакаи иҷтимоии Мой Мир. Корбари дигаре бо номи Bastinda бо Бунтар ҳамақида будааст, ки менависад, “Мебинам, ки инҷо ҳама тоҷиканд. Онҳо босуръат зиёд мешаванд.” Аммо як корбари дигар дар посух ба Bastinda навиштааст, “инаш кори ту нест, маъқулат набошад, ба тундра бирав”.

Яке аз корбарони дигар, ки аз навиштааш бармеояд, дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи шӯравии собиқ дар Тоҷикистон кор кардааст, аз мардуми кишвар бо некӣ ёд карда ва бо посух ба суоли матраҳшудаи “Тоҷикистон дар куҷост”, гуфтааст, “Тоҷикистон бо Ӯзбакистон, Афғонистон ва Чин ҳаммарз аст. Кишвари кӯҳсорест, ки на танҳо тоҷикон, балки миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, заҳматкаш ва меҳмоннавозанд. Ман солҳои 1971-1973 дар Душанбе дар баталёни миначинӣ дар дивизияи Гатчинский хидмат кардаам, ки баъдан дар амалиётҳо дар Афғонистон ширкат дошт.”

Бадгӯиҳо дар ҳаққи муҳоҷирони кории тоҷик дар ин баҳс кам нест, вале боз ҳам “Марк Сукерберг” менависад, ки Русия ба муҳоҷирони тоҷик эҳтиёҷ дорад ва меафзояд:

”Магар онҳо ба зиндагии шумо халал мерасонанд. Ба ман не. Ба кори худашон машғуланд. Қонуни ҳасодат ин аст, ки агар ман хуб зиндагӣ кунам, бояд дигарон ранҷ кашанд. Дар соҳаи сохтмонӣ дар Русия нерӯи кофии корӣ вуҷуд надорад, агар муҳоҷирон бираванд, чӣ кор мекунем. Шумо, ки ба ҷои онҳо кор намекунед? ” – хитоб ба мухолифони ҳузури тоҷикон дар Русия навиштааст ӯ ва чунин хулоса кардааст: “Бояд каме фаротар фикр кунед ва як каме таҳаммулпазирӣ дошта бошед.”

Дар умум бештар аз 200 нафар баҳси матраҳкардаи гурӯҳи “То что надо” дар Мой Мир писандидаанд ва даҳҳо нафари дигар шарҳ навиштаанд. Ҳузури тӯлонии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, пайваста дар матбуоти ин кишвар баҳс мешавад ва масхараи онҳо дар барномаҳои телевизионӣ дар гузашта сабаби эътирози мақомоти Тоҷикистон ҳам шудааст.

Бино ба омори ғайрирасмӣ, бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору иқомат мекунанд ва саҳми онҳо дар пешрафти иқтисоди кишвар бисёр бузург аст, чун солона миллиардҳо доллар ба Тоҷикистон мефиристанд. Вале рукуди иқтисодӣ дар Русия дар ду соли ахир сабаб шуд, даҳҳо ҳазор муҳоҷир ба Тоҷикистон баргарданд ва бино ба омори тоза ҳоло дар Русия бештар аз 750 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик мондаанд.

XS
SM
MD
LG