Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Додгоҳе қарори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар бораи манъи вуруди як шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварро бекор кард.

Додгоҳе дар шаҳри Либеретск қарори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар бораи манъи вуруди як шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварро бекор кард. Хадамоти федеролии муҳоҷират иддао дошт, Машҳурҷон Замонов ба далели нагирифтани "патент" ё иҷозаи кор дар моҳи марти соли ҷорӣ дигар ҳаққи вуруд ба Русияро надорад. Вале масъулони додгоҳ гуфтанд, ин шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби он ки дар қаламрави Русия соҳиби манзил аст, қарори манъи вурудаш ба ин кишвар бекор шудааст.

Давлатшо Таваккалов, шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ бо ёрии намояндагии хадамоти муҳоҷирати кишвар дар Маскав ба додгоҳи шаҳри Владимир аризаи шикоятӣ пешниҳод кард. Баррасии ин қазия идома дорад ва мумкин аст Давлатшо низ дар ин мурофиа дастболо шавад.

Бино ба маълумоти намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, дар давоми соли 2014 танҳо дар шаҳру вилояти Маскав 67 шаҳрванди Тоҷикистон дар чунин мурофиаҳо дар додгоҳ баранда шудаанд ва иштибоҳи Хадамоти муҳоҷирати Русияро исбот кардаанд. Шояд дар саросари Русия шумораи муҳоҷирони дар додгоҳҳо пирӯзшуда ба маротиб бештар бошад, зеро ба онҳо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ низ кумак мекунанд. Вале на ҳар муҳоҷири тоҷик ҷуръат дорад бар зидди тасмими Хадамоти муҳоҷирати Русия ба додгоҳ шикоят барад.

Вале ин нукта рӯшан аст, ки ҳоло бештар аз 400 ҳазор муҳоҷири кории Тоҷикистон тибқи маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ин кишвар ба истилоҳ дар "группа риск" қарор доранд. Онҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ нестанд, балки ба онҳо барои иштибоҳ дар ҳуҷҷатҳояшон ва ё иштибоҳҳои дигар ҳангоми иқомат дар Русия “патент” намедиҳанд ва корашон ғайриқонунӣ дониста мешавад. Бо вуҷуди ин онҳо метавонанд иқомати худро дар Русия идома диҳанд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ дар яке аз нишастҳои шаҳри Душанбе дар бораи муҳоҷирон гуфт, дар ин рӯзҳо ҷониби Тоҷикистон бо ҷониби Русия масъалаи афви ин гурӯҳи муҳоҷиронро баррасӣ мекунад ва талош дорад, ин муҳоҷирон мавриди афв қарор бигиранд, агар ҷиноятҳои сангин содир накарда бошанд.

Ба гуфтаи Тағойзода, бештар аз 267 ҳазор нафари дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд. Масъалаи афви ин муҳоҷирон дар даҳаи охири моҳи октябри соли 2014 дар ҷараёни боздиди хонум Тағойзода аз Маскав бо Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия ва Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия низ баррасӣ шуда буд. Вале дар бораи ин афв то ҳол тасмим гирифта нашудааст. Аммо мақомоти Русия зуд-зуд ин гурӯҳи “риск”-ро ёдоварӣ мекунанд ва матбуоти Русия ҳам онро доман мезананд. Чунин ба назар мерасад, ки ҷониби Русия мехоҳад онро чун аҳроми фишор ба Тоҷикистон ёдоварӣ кунад ва аломат диҳад, ки зарурат барои даромадан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пеш омадааст ва намехоҳад ба афв розӣ шавад, чун қонунҳои Русия гӯё ба он “иҷоза” намедиҳанд ва чунин афв дар гӯё чаҳорчӯбаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё имконпазир аст.

Ҳоло Тоҷикистон суду зиёни узвият дар ин иттиҳодро дар тарозу гузоштааст ва мехоҳад, зери бори касе наравад ва истиқлолашро бештар ҳифз кунад. Бо вуҷуди ин, ба Русия чун ба кишвари “бародар” ба чунин афв бовариро аз даст надодааст.

XS
SM
MD
LG