Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия, ки ин шабу рӯз бо таҳримҳои ҷорикардаи Ғарб дасту панҷа нарм мекунад, бо қабули қонунҳои нав дар оғози соли ҷорӣ кори муҳоҷиронро низ мушкилтар кардааст. Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, акнун барои кор ба Қазоқистон мераванд...

Дар тӯли даҳ рӯзи аввали моҳи январи соли ҷорӣ вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 дарсад камтар шудааст. Дар ин бора Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар яке аз мусоҳибаҳои телевизиониаш хабар дод.

Ӯ гуфт, “яке аз омилҳояш иқтисоди Русия ва омили дигар - танзими кору иқомати онҳо дар ин кишвар аст. Муҳоҷирон эҳсос карданд, агар қонунҳои муҳоҷиратро дар Русия вайрон кунанд, ба таври ҷиддӣ муҷозот хоҳанд шуд”. Қонунҳои нави Русия дар бораи муҳоқирати корӣ, воқеан, рафтуомади муҳоҷиронро сахттар кардааст.

“Ба хона меравам...”

Абдумаҷид Сурхаков, корманди Иттиҳодияҳои синфӣ ё профсоюзи муҳоҷирони кории кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар Русия, низ коҳиши шумораи муҳоҷиронро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, “дар маҷмуъ, омадани муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна, яъне аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон, аз 30 то 40 дарсад кам шудааст. Аксари муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Маскав кор мекунанд, баъд аз ҷорӣ шудани қонунҳои нав мегӯянд, хуб аст, агар ба хона раванд ва дар Ватан кор кунанд”.

Ба қавли Сурхаков, дар қонунҳои нави Русия печидагиҳо бисёр аст ва ин ин ҳама муҳоҷирони кориро сарсону саргардон кардааст. “Барои мисол, қабл аз гирифтани патент бояд муҳоҷир аз муоинаи тиббӣ гузарад ва дар бораи гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ гувоҳномаи тиббӣ пешниҳод намояд. Гувоҳнома ё сертификати супурдани итиҳони забони русӣ ва таърихи Русияро низ бояд дошта бошад. Барои гирифтани патент 17 ҳазор рубл дар оғоз ва сипас ҳар моҳ барои тамдиди он дар Маскав беш аз 4 ҳазоррублӣ месупоранд, ки дар як сол то ба марзи 90 ҳазор рубл хоҳад расид. Вале дар амал ин корҳо маблағи бештарро талаб мекунанд”,-афзуд ӯ.

Посухи баъзе аз муҳоҷирони собиқ дар кӯчаҳои Душанбе ба ин суол ки оё имсол ҳам ба Русия мераванд?

Акнун ба... Қазоқистон?

Раҳматулло Мазориев -- узви гурӯҳи кории ҳамгароии фарҳангии муҳоҷирон дар Перм, ба таҳлили масъалаҳои муҳоҷират низ машғул аст. Ӯ мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷик бештар дар сохтмонҳо кор мекунанд ва баъд аз поин рафтани арзиши рубли русӣ “маоше, ки онҳо мегиранд, агар ба доллар баргардонем, 200 то 300 доллар мешавад. 90 дарсади муҳоҷирони мо дар Перм то 300 доллар дастмузд мегиранд. Ба ҳамин сабаб, бозгашти муҳоҷироне, ки ба Ватан рафтаанд, дар гумон аст. Як қисми онҳо аз ҳоло мегӯянд, имсол ба Русия барнамегарданд.” Оқои Мазориев дар идома гуфт, аз ҳоло баъзе муҳоҷирони тоҷик тасмим гирифтаанд барои кор ба Қазоқистон бираванд.

Дар Қазоқистон пули миллӣ мисли рубли русӣ арзиши худро зиёд аз даст надодааст ва дастмузде, ки муҳоҷири корӣ дар як моҳ мегирад, 500 долларро ташкил медиҳад ва нисбат ба Русия барои муҳоҷир беҳтар аст. Дар сурати идомаи чунин раванд шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт ва худи шаҳрвандони ин кишвар низ барои кору даромади беҳтаре мумкин аст аз минтақаҳои Русия ба давлатҳои дигар муҳоҷир шаванд.

Таҳримҳои Ғарб идома ёбад...

То ҳол мақомоти муҳоҷиратии Русия барои ҳар кишвар гӯиё квота ё шумораи муайяни муҳоҷирони кориро муайян мекарданд. Акнун бо пеш омадани чунин вазъ таъйини квотаро кори беҳуда медонанд ва мегӯянд, ҳар муҳоҷире, ки ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия мекунад, ҷои кор меёбад ва патент мегирад, вай ҳаққи кор дар қаламрави Русияро хоҳад дошт.

Вале дар сурати идомаи таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ва поин рафтани арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ имкон дорад мушкилоти бештаре домангири иқтисоди Русия шавад. Дар он сурат Русия чун кишвари ҷалбкунандаи нерӯи кории муҳоҷирони хориҷӣ аҳамияти худро аз даст медиҳад.

Бар асоси гуфтаҳои Константин Ромодановский, ҳоло дар Русия 2 миллиону 700 ҳазор муҳоҷири қонунӣ ва 2 миллиону 900 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ кор мекунанд. Мақомоти муҳоҷиратии Русия умед доранд, акнун бо ҷорӣ кардани таҷҳизот ва барномаҳои пешрафтаи компютерӣ метавонанд аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар марз пешгирӣ кунанд ва чунин муҳоҷирон дигар ба Русия роҳ нахоҳанд ёфт.

10 январи соли ҷорӣ дар Русия қонуни нави муҳоҷирати ин кишвар эътибор пайдо кард. Бар асоси он, ба ҷуз аз шаҳрвандони Қазоқистону Беларус ва Арманистон шаҳрванди ҳар кишвари дигар баъд аз вуруд ба қаламрави Русия бояд дар давоми як моҳ ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти патент супорад. Агар дар ин муддат натавонад патент бигирад, таҳияи ҳуҷҷатҳояшро давом медиҳад, вале бояд барои ин таъхир аз 10 то 15 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунад. Вале ба ҷуз аз шаҳрвандони Қирғизистон шаҳрвандони ҳар кишвари дигар бояд бо шиносномаҳои хориҷии кишвари худ вориди Русия шаванд. Қирғизистон ва Русия дар ин бора байни якдигар қарордод доранд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам бояд бо шиносномаҳои хориҷӣ вориди Русия шаванд ва ҳам барои оғози кор бояд патент бигиранд.

Посухи баъзе аз муҳоҷирони собиқ дар кӯчаҳои Душанбе ба ин суол ки оё имсол ҳам ба Русия мераванд?

Айни видео дар Ютуб:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG