Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Сурия як минтақаи дигари Ҳалабро гирифт


Нерӯҳои артиши Сурия бо ҳамроҳии муттаҳидонашон тавонистаанд, ки минтақаи Тариқ -ул-боб дар шаҳри Ҳалабро аз шӯришиёни мухолиф пас гиранд. Бино ба иттилои хабаргузории Фаронса, ин минтақа дар ҷараёни як амалиёти шабона гирифта шуда, талош барои комилан аз шӯришиён холӣ кардани Ҳалаб тавассути нерӯҳои вафодор ба Башор Асад ҳамоно идома дорад. Ҳалаб дар чаҳор соли охир аз муҳимтарин шаҳрҳои таҳти назорати шӯришиён буда, вале дар ҳоли ҳозир нерӯҳои Асад тавонистаанд 60 дарсад аз шарқи ин шаҳрро бигиранд. Наздик ба бист рӯз аст, ҳамлаҳои шадиди нерӯҳои Асад дар шарқи Ҳалаб мегузарад ва то кунун беш аз 300 ғайринизомӣ дар ҷараёни ин даргириҳо кушта шудаанд. Беш аз 250 ҳазор ғайринизомӣ низ бидуни ғизо, дору ва ёрии аввалия дар ин минтқа дар муҳосира ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG