Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, барои дақиқ кардани теъдоди муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Русияву Украина ба мақомоти ин кишвар дархости расмӣ фиристодааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дармондани даҳҳо шаҳрванди кишвар дар марзи Русияву Украинаро чандон ба ҳақиқат наздик надонист. Ин гуруҳи муҳоҷирон, ки эҳтиёҷ барои дарёфти патент ё иҷозаи кор доранд, бояд аз марзи ягон кишвари хориҷӣ убур карда, дубора вориди Русия шаванд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, ба посгоҳи наздимарзии Русияву Украина натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки сокинони Узбакистону Озарбойҷон, Арманистону Қазоқистон ҳам мераванд ва шояд аз ин сабаб теъдоди муҳоҷирон зиёд бошад. Ӯ афзуд, “Сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират якҷоя дар ин самт фаъолияти худро пеш мебаранд ва ин масъала зери назари раҳбарияти сафорат қарор дорад. Аз якуми январи соли 2015, он гуна ки дар хабарҳои пешини Радиои Озодӣ бо такя ба сафорат ба нашр расида буд, дар қонуни муҳоҷирати Русия навовариҳои зиёде ворид шуд ва ин хоҳ-нохоҳ баъзе мушкилҳоро пеш овардааст. Ин навовариҳо талаботи худро доранд.”

Озодӣ: Дар гузашта, яъне то моҳи январ мақомоти муҳоҷирати Русия мегуфтанд, касоне, ки дар соли 2014 патент гирифтаанд, то поёни мӯҳлати патенташон метавонанд корашонро идома диҳанд. Магар чунин набуд?

Эгамзод: “Барои ба чаҳорчӯбаи муайян даровардани раванди муҳоҷират пас аз қабули қонуни нав дар Русия дар ҳақиқат нофаҳмиҳо зиёд аст ва ин чизест, ки боиси нигаронии сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ мебошад. Гузашта аз ин, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ахиран гуфт, шаҳрвандоне, ки дар давоми соли 2014 патент дарёфт намудаанд ва то 31 декабри соли 2014 се моҳ арзиши андози онро пешпардохт кардаанд, метавонанд, то моҳи марти 2015 фаъолияти кории худро дар ин ҷо идома диҳанд. Ин хабари охиринест, ки Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия эълон кардааст.”

Озодӣ: Оё то моҳи январ Хадамоти муҳоҷирати Русия дар ҳамин бора хабаре ба нашр расонда буд, чун мо медонем, ки дар нишастҳои хабарии онҳо то моҳи январ чизе гуфта намешуд?

Эгамзод: “Ба гуфтаи онҳо муҳоҷироне, ки дар соли 2014 патент гирифтаанд, дар давоми соли 2015 патенти онҳо эътибор хоҳад дошт, аммо ин навовариҳоро дар кӯтоҳтарин фурсат эълон шудааст ва ҳоло вазъ он гуна аст, ки бояд шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2014 патент дарёфт карда буданд ва то 31 декабри соли 2014 андози семоҳаро пешпардохт кардаанд, метавонанд, бо ин патентҳо фаъолияти кории худро то моҳи марти соли 2015 идома диҳанд. Бинобар ин, шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари хориҷӣ маҷбур ҳастанд, ки дубора аз марзи як кишвари хориҷӣ бигзаранд ва баъд ба қаламрави Русия баргарданд, то ҳуҷҷатҳои худро аз ҳозир ба тартиб дароваранд.”

Озодӣ: Ҳоло муҳоҷирон бояд чӣ кор кунанд, масалан, дар посгоҳи марзии Погарски Русия шумораи хеле зиёди онҳо ҷамъ омадаанд, навбат зиёд аст ва онҳо то 5-6 шабонарӯз дар сармо мунтазир мешаванд. Он ҷо меҳмонхона ва ҷои ғизохӯрӣ ҳам надорад. Мегӯянд, дар як посгоҳи дигари миёни Русияву Украина низ ваъз ҳамин гуна аст. Чӣ бояд кард?

Эгамзод: “Ин мушкили танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нест, ин мушкили ҳамаи шаҳрвандони хориҷии қаламрави Русия аст, ки чун муҳоҷири корӣ ба ин ҷо омадаанд. Вазъ дар минтақаҳои марзии Русияву Украина аз аввал ҳамин хел буд. Муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекарданд, барои убури сарҳад ба Украина сафар мекарданд. Воқеан, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар ин посгоҳҳо зиёд аст, зеро ҳама мехоҳанд, ки то моҳи март ҳуҷҷатҳои худро дуруст кунанд. Бинобар ин, сафорати Тоҷикистон, хадамоти консулгарии он ва ҳамчунин намояндагии муҳоҷират бо мақомоти марбутаи Русия дар тамос шудем ва ба ин масъала рӯшанӣ андохтем. Расман аз номи сафорат дархост фиристода шудааст, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозанд. Аммо то ҳол дар сӯҳбатҳои телефонӣ ишора карданд, ки воқеан ҳам шаҳрвандон зиёданд, аммо он суханон, ки гӯиё зиёда аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар кадом як посгоҳ истодаанд, ба ҳақиқат наздик нест. Барои ҳамин, корро дуруст кардан ба посгоҳи марзии миёни Русияву Украина на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони Узбакистону Озарбойҷон, Арманистону Қазоқистон мераванд, то як бор аз марз бигзаранд ва дубора ба қаламрави Русия баргарданд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG