Пайвандҳои дастрасӣ

​Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирони тоҷик дар пойтахти Русия дар пайи дарёфти "патент" ё иҷозаи кор ба буҷаи шаҳрдории Маскав беш аз як миллиард рубл фоида ворид кардаанд.

Раёсати хадамоти муҳоҷирати шаҳри Маскав мегӯяд, ки танҳо дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 95 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар пойтахти Русия "патент" ё иҷозаи кор пайдо карда, бар асоси ҳисобҳои тахминӣ ба буҷаи Маскав беш аз як миллиард рубл ворид кардаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки ин рақам метавонад аз ҳисоби кунунӣ хеле бештар бошад.

Раҳматуллои Ҳамдулло, сокини ноҳияи Роғун, чор моҳ пеш ба Маскав рафта ва ҳоло дар он ҷо ронандагӣ мекунад. Ӯ барои таҳияи ҳуҷҷатҳо, яъне барои дарёфти гувоҳномаи супурдани имтиҳони забон ва таърихи Русия, суғуртаи тиббӣ ва иҷозаи кор 25 ҳазор рублро аз даст додааст. Раҳматулло акнун ҳар моҳ барои "патент" чор ҳазор рублии дигар медиҳад.

"Дар як моҳ аз 40 то 45 ҳазор рубл мегирам. Пеш аз моҳи Рамазон ҳисоб кардам, ки дар як моҳ 21 ҳазору 400 рубл дар Маскав сарф кардаам. Ба ин патент, нақлиёт, иҷораи хона, милиса, хӯрдан ва ғайра дохил мешавад," -- афзуд ӯ.

Гирифтани "патент" барои муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ оғоз шуд ва ҳар муҳоҷири корӣ то замони дарёфти патент дар марҳилаи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои худ харҷи дигар ҳам дорад. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, баъд аз ҷорӣ шудани патент дар ним соли гузашта як муҳоҷир ба таври расмӣ 35 ҳазор рубл масраф мекунад.

Ӯ гуфт, "ҳар муҳоҷир як бор барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо то гирифтани патент 14 ҳазору 500 рубл сарф мекунад. Ба ин маблағ 3 ҳазор рубл ҳаққи хидматрасонии Маркази муҳоҷирати Сахарово, суғуртаи тиббӣ, муоинаи тиббӣ, гувоҳномаи забони русӣ ва асосоҳои ҳуқуқу таърихи Русия, тарҷумаи нотариалии шиносномаи хориҷӣ, гирифтани изи ангуштон дохил мешавад. Агар ба он патенти 5 моҳи дигарро ҳисоб кунем, ба таври расмӣ ин корҳо дар ним сол 34 ҳазору 500 рублро дар бар мегирад."

Бар асоси маълумоти Раёсати хадамоти муҳоҷирати шаҳри Маскав дар ним сол ҳудуди 95 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳр патент дарёфт кардаанд ва бо назардошти ин рақамҳо ҳисоби умумии пардохти маблағ мушкил нахоҳад буд. Вале ин нуктаро ёдоварӣ мекунем, ки пули суғуртаи тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ ва пули гувоҳномаи имтиҳони забону таърих ба Вазорати маорифи Русия хоҳад рафт, на ба буҷаи шаҳрдории Маскав, агарчӣ ин пулҳо ҳам дар Русия мемонад.

Чунин ҳолат дар шаҳрҳои дигар ва манотиқи дигари Русия низ мушоҳида мешавад ва касе ҳисоб накардааст, ки аз шумораи умумии муҳоҷирони тоҷик Русия чӣ миқдор маблағ ба даст меорад, чӣ расад ба ҳамаи муҳоҷирони хориҷӣ, ки дар саросари Русия кор мекунанд. Масалан, фақат дар шаҳри Маскав дар ним соли охир 300 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои дарёфти патент дархост додаанд ва бештар аз 280 ҳазор нафари онҳо соҳиби патент шуданд.

Чунин ба назар мерасад, ки бо ҷорӣ кардани патент, суғуртаи тиббӣ ва имтиҳони забону таърих Русия муҳоҷиронро дар шароити бӯҳронӣ ба яке аз сарчашмаҳои даромади муфти буҷаи худ табдил додааст. Хусрав Аюбов, коршиноси умури муҳоҷират дар Маскав мегӯяд, “агар муҳоҷирон дар Маскав кор кунанд, дар як моҳ аз 40 то 50 ҳазор рубл дастмузд мегиранд. Онҳо барои зисти худ низ дар ин шаҳр нисфи пулашонро сарф мекунанд. Барои ҳамин, танҳо сеяки дастмуздашонро ба Тоҷикистон равон мекунанд”.

Хусрав Аюбов мегӯяд, маълумоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи пули фиристодаи муҳоҷирон ба Тоҷикистон фарқ дорад. Масалан, Русия мегӯяд, ки муҳоҷирони тоҷик дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 дарсад камтар ба Ватани худ пул фиристодаанд, дар ҳоле ки ин рақамро Бонки миллии Тоҷикистон 42 дарсад нишон медиҳад. Ба гуфтаи Аюбов, бо назардошти афзоиши харҷи муҳоҷирон ва бӯҳрони молии Русия 42 дарсад ҳам шояд ба воқеият дуруст наояд ва имкон дорад он бештар аз 42 дарсадро ташкил диҳад. Ба ҳамин далел ин омил ҳам ба миқдори пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба ватанашон таъсир мерасонад.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои расмӣ то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия барои кору зиндагӣ рафтаанд. Аксари ин муҳоҷирон мавсимӣ буда, дар айни гармо ба Русия рафта, тирамоҳ боз ба кишвар бармегарданд. Аммо бархе аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, имсол дар пйи бӯҳрон кор дар минтақаҳои русия мазза надорад ва тоҷикон низ анатвонситаанд пули хуб кор куннад. Субҳониддин, як муҳоҷири тоҷик дар Перм гуфт, агар соли гузашта дар айни гармо кор меҷӯшид, ҳоло бо микроскоп ҳам онро намеёбӣ ё агар кор ҳам пайдо шавад, қиматаш хеле арзон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG