Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як соли аввали ҷорӣ шудани патенти корӣ дар Русия, миллиардҳо рубл аз ҷайби муҳоҷирон ба будҷаи ин кишвар ворид шудааст. Танҳо будҷаи шаҳри Маскав аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик 5,5 млрд рубл фоида дидааст.

Нахустин соли ҷорӣ шудани патенти корӣ дар Русия ба поён расид. Дар ин муддат суду зиёни он барои муҳоҷири корӣ ва барои худи Русия чӣ гуна буд? Дар давоми ин як сол муҳоҷирони кории тоҷик танҳо дар Маскав ба будҷаи ин шаҳр бештар аз 5,5 миллиард рубл ба таври расмӣ даромад овардаанд.

То ҳол натиҷаҳои сол эълон нашудаанд, вале натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки дар шаҳри Маскав тақрибан 300 ҳазор нафар соҳиби патент шудаанд, ки ҳар нафари сеюм ва ё 95 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ҳар яке аз онҳо барои дарёфти патент ба ҳисоби миёна дар аввали сол 14 ҳазору 500 рубл сарф кардаанд. Сипас барои 11 моҳи боқимонда ҳар муҳоҷир 4 ҳазор рублӣ пардохт кардааст, ки 44 ҳазор рубли дигарро ташкил медиҳад.

Яъне нархи як патент дар як сол барои як муҳоҷири корӣ ҳадди аққал 58 ҳазору 500 рублро ташкил додааст. Дар чунин ҳолат 300 ҳазор муҳоҷири хориҷии патентгирифтаи Маскав ба будҷаи ин шаҳр ба таври расмӣ дар давоми соли 2015 бештар аз 17,5 миллиард рубл ворид кардаанд, ки аз ин ҳисоб беш аз 5,5 миллиард рублаш саҳми муҳоҷирони тоҷик мебошад.

Ба ин маблағ ба ҷуз аз патент ҳаққи хидматрасонии Маркази муҳоҷирати Сахарово, муоинаи тиббӣ, суғуртаи тиббӣ, гувоҳномаи забони русӣ ва асосҳои ҳуқуқу таърихи Русия ва хадамоти марбут ба таҳияи ҳуҷҷатҳо дохил мешавад ва ҳамаи он пардохтҳои расмӣ мебошанд.

Абдумаҷид Сурхаков, корманди аршади Иттиҳодияҳои синфии муҳоҷирони кории кишварҳои Мушатарк-ул-Манофеъ дар Маскав сарфи маблағи патент ва таҳияи ҳуҷҷатҳоро на 58 ҳазору 500 рубл, балки бештар аз 80 ҳазор рубли русӣ медонад.

Ҳукумати Русия дар аввали сол эълон карда буд, ки ҳадафи ҷорӣ кардани патент ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ мебошад, вале дар давоми сол маълум шуд, ки ҳадафи аслии ҳукумат дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ боло бурдани даромади будҷаи Русия низ будааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия соли 2015 дар Русия шумораи тақрибии муҳоҷирони кории Тоҷикистон 890 ҳазор нафарро ташкил додааст. Бо назардошти рақамҳои ёдоваришуда, акнун метавон тахмин зад, ки Русия бо танзими қонун дар бораи муҳоҷирати кории хориҷиён чӣ миқдор маблағро аз муҳоҷирон соҳиб шудааст.

ДУРНАМОИ ПАТЕНТ БАРОИ СОЛИ 2016

Дар охири сол бояд ҳар муҳоҷир патенти худро барои соли 2016 нав кунад ва марҳилаи патентгирии соли 2015-ро бигзарад. Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бо “дастовардҳо”-и молии имсол қаноат накард. Шояд қонуни танзими муҳоҷират иштиҳояшро боз кард ва барои шаҳри Маскав 5 дарсад нархи патентро боло бурд. Акнун нархи патент аз 4000 ба 4 200 рубл расидааст.

Дар давоми соли 2015 гаронтарин патент 4 ҳазор рубл барои Маскав муқаррар шуда буд. Вале барои соли 2016 Хадамоти муҳоҷирати Русия таъини нархи патентро дар ихтиёри минтақаҳо гузошт ва баъзе минтақаҳо нархи патентро то 200 дарсад гаронтар карданд. Масалан, нархи патент дар Чукотка то ба 8000 рубл ва дар Ёқутистони сарду барфӣ то ба 7056 рубл боло рафт. Ин маблағро муҳоҷири корӣ бояд ҳар моҳ пардохт кунад.

Болоравии қимати патент аз ҳоло шумори шаҳрвандони хориҷии ҷӯёи кор дар ин кишварро коҳиш додааст. Абдумаҷид Сурхаков аз эҳтимол дур намедонад, ки соли 2016 муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон то 30 дарсад коҳиш меёбад. Сурхаков сабаби онро бӯҳрони иқтисодии Русия ва таъсири таҳримҳои Ғарб медонад, ки дар натиҷаи он баъзе ширкатҳову корхонаҳо баста шуданд ва арзиши доллар дар баробари рубли русӣ боло рафт.

Вай мегӯяд, “дастмузде, ки ҳар муҳоҷири корӣ мегирад, барои гирифтани патент, барои хӯрок, барои ҷои зист, барои ба хонаводааш фиристодан кам аст. Масалан, дар Маскав маош зиёдтар аст ва нархи патент 4 ҳазор рубл буд. Хулосаҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми сол муҳоҷирон ба хонаҳои худ ба андозаи кофӣ пул равон карда натавонистанд».

Сурхаков мегӯяд, дар ҳоле, ки мақомоти давлатӣ дар Русия аз ҷоришавии патент қаноатманданд, ин муқаррарот бар зарари муҳоҷирони корӣ анҷом шуд. Танҳо дар соли 2015 коҳиши мавҷи муҳоҷирон дар Русия 17-20 дарсадро ташкил дод ва 300 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷикро маҷбур кард, ки аз харидории патент даст кашанд ва ба муҳоҷири ғайриқонунӣ табдил ёбанд. Хадамоти муҳоҷирати Русия низ ин рақамро роҷеъ ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ эълон карда буд ва пешгӯӣ кард, ки мумкин аст ин рақам то охири соли 2015 ба 600 ҳазор нафар бирасад.

Оқои Сурхаков мегӯяд, ҷои муҳоҷирони кории тоҷику узбакро дар Русия муҳоҷирони кории Украинаву Молдова ва Қирғизистон хоҳанд гирифт. Вале бо ин вуҷуд, муҳоҷирони тоҷик аз Русия пурра даст нахоҳанд кашид. Ин кишвар аз лиҳози таҷриба, забону шароити кор барои садҳо ҳазор тоҷик аллакай ҷои ошно шудааст.

Ҳокимшоҳи Муҳаббат, коршиноси иқтисодии тоҷики муқими Маскав мегӯяд, Русия аз ҷои кору зиндагии 300 ҳазор нафар муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик огаҳӣ дорад. Вале онҳоро ихроҷ намекунад. Онҳо аз як тараф барои Русия нирӯи арзони корӣ ҳастанд ва аз тарафи дигар, Русия онҳоро чун аҳроми фишор бар Тоҷикистон шояд дар вақтҳои барояш зарурӣ ба кор барад. Масалан, Тоҷикистон то ҳол даромадан ба узвияти Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро ба таъхир меандозад. Вале Русия инро мехоҳад. Барои ҳамин Русия ҳар вақт метавонад бигӯяд, ки ин миқдор муҳоҷири ғайриқонуниро Тоҷикистон бояд пас бигирад, агар майли узвият дар Иттиҳодияи АвруОсиёро надорад.

СОХТМОН ВА КИШОВАРЗӢ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ БОЗГАШТА

Ҳукумати Тоҷикистон октябри соли 2015 дар бораи дурнамои таъсиси 300 ҳазор ҷои нави корӣ хабар дод. Пешниҳоди кор дар дохили Тоҷикистон зоҳиран дар барномаҳои давлат ҳамеша вуҷуд дорад. Вале Саодат Олимова, як ҷомеашиноси тоҷик ва раҳбари маркази таҳлилии “Шарқ” дар Душанбе мегӯяд, масъала дар ин аст, ки мисли гузашта,

Саодат Олимова

Саодат Олимова

ҳоло ҳам ҷойҳои кории пешниҳодӣ дар дохили кишвар аксар муҳоҷирони баргаштаро қонеъ намекунад, зеро корҳои пешниҳодшуда дастмузди кам доранд. Муҳоҷирони бозгашта, мегӯяд ӯ, бештар бо корҳои кишоварзӣ машғул мешаванд. Вай афзоиши меваву сабзавот дар Тоҷикистонро дар давоми ду соли охир аз як сӯ ба фаъолияти ҳамин муҳоҷирони собиқ иртибот медиҳад.

Хонум Олимова мегӯяд, тарҳҳои бунёди шаҳракҳои нав аз қабили Сайҳун, Маҳпарӣ, Баҳористон ва Меҳробод дар шимоли Тоҷикистон барои аз 200 то 300 ҳазор нафар аҳолӣ ба дастони корӣ ниёз дорад. Дар ин шаҳракҳо ба ҷуз аз коргарони соҳаи сохтмон, инчунин кор дар муассисаҳои навбунёди онҳо, аз қабили бозор, мағозаву тарабхонаҳо ва амсоли он низ пайдо хоҳад шуд.

ЧИН - САМТИ НАВИ МУҲОҶИРАТИ КОРИИ СОЛИ 2016

Хонум Олимова, ки масъалаҳои муҳоҷиратро таҳқиқ мекунад. Вай мегӯяд, дар давоми ду-се моҳи охир тоҷикон барои худ самти нави муҳоҷирати кориро боз мекунанд, ки давлати Чин аст. Ҳоло мизони муҳоҷират ба Чин 2-3 дарсадро ташкил медиҳад. Чин бузургтарин коршарики иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад., Агар муҳоҷирати кории тоҷикон ба Чин комёб шавад, аз эҳтимол дур нест, ки сафи муҳоҷирон ба Чин боз ҳам афзоиш ёбад. Дар миёни онҳо муҳоҷироне низ ҳастанд, ки аз Русия баргаштаанд ва таҷрибаи кор дар муҳоҷиратро доранд. Ба мушоҳидаҳои ин коршинос, бахши асосии кори муҳоҷирони тоҷик дар Чин бахшҳои хидматрасонӣ кор мекунанд.

Хонум Олимова мегӯяд, “бӯҳрони иқтисодии Русия на танҳо сабаби бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик шуд, балки ба вазъи бозор ва тавони харидории мардуми Тоҷикистон ҳам таъсир гузоштааст. Солҳои пеш бозорҳои либосу таҷҳизот хариду фурӯши хуб дошт. Ҳоло харидорон танҳо дар мағозаҳо ё бозорҳои маводи ғизоӣ бештар ба назар мерасанд”.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2014 муҳоҷирон аз Русия 3 миллиарду 831 миллион доллар пул фиристоданд. Вале Сандуқи Байналмиллали Пул дар аввали соли ҷорӣ ҳушдор дода буд, ки интиқоли пулҳои муҳоҷирон дар соли 2015 ба Тоҷикистон 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Натиҷаҳои 9 моҳи аввали соли ҷорӣ хеле поинтар аз ин пешгӯӣ мебошад. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар 9 моҳ аз Русия 1 миллиарду 54 миллион доллар ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, ки нисбат ба соли 2014 3 баробар ё 2 миллиард доллар камтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG