Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Сурия 200 нерӯи иловагӣ мефиристад


Иёлоти Муттаҳида барои ёрӣ ба пешмаргаҳои курд ва мухолифони ҳукумати Сурия, ки бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳоли ҷанганд, 200 нерӯи иловагӣ хоҳад фиристод. Дар ин бора Эштон Картер, вазири дифои Амрико, рӯзи 10 декабр хабар дод ва гуфт, “ин низомиён аз мураббиёни нерӯҳои вижа, мушовирон ва тимҳои махсуси хунсо кардани бомбаҳо иборатанд”. Ин афрод ба 300 низомии дигаре мепайванданд, ки пештар Амрико барои кумак ба гурӯҳҳои дар ҳоли ҷанг бо ДИИШ ба Сурия фиристода буд. Вазири дифои Амрико, ки дар Баҳрайн сӯҳбат мекард, аз амалиёти Русия дар Сурия интиқод кард ва онро “боиси шиддат гирифтани оташи ҷанги дохилӣ ва ранҷи мардуми Сурия” донист. Изҳороти вазири дифои Амрико дар шароите баён шуд, ки ҳукумати Сурия мегӯяд, бо ҳимояти ҳавоии Русия дар остонаи таҳти назорати комил даровардани шаҳри Ҳалаб қарор дорад.

XS
SM
MD
LG