Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди муҳоҷирони тоҷик дар Петербург боз мешавад


Таҷаммӯи мардум дар яке аз намозҳои ид дар масҷиди марказии Петербург. Акс аз сомонаи www.dum-spb.ru
Таҷаммӯи мардум дар яке аз намозҳои ид дар масҷиди марказии Петербург. Акс аз сомонаи www.dum-spb.ru

Муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербург як масҷиди нав таъсис додаанд, ки рӯзи 29 январ расман боз мешавад.

Рӯзи 29 январ дар масҷиди нави воқеъ дар назди бозори майдони Сенная дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нахустин намози ҷумъа барпо мешавад. Ин масҷид, ки сеюмин масҷид дар Петербург аст, бо ибтикори муҳоҷирони тоҷик таъсис ёфтааст.

Имоматии масҷиди ояндаро се нафар, аз ҷумла ду рӯҳонии зодаи Тоҷикистон Эшони Хайриддини Шамсиддин ва Қорӣ-Насим ва як рӯҳонии тотор бар ӯҳда доранд ва қарор аст, мавъизаҳо дар ин масҷид ба забонҳои тоҷикиву русӣ ироа шаванд.

Эшони Хайриддини Шамсиддини 43-сола баъди хатми Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва 10 соли муддарисӣ дар ин донишкада, тақрибан 6 соли охир дар Петербург зиндагӣ мекунад.

Эшони Хайриддин рӯзи 26 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масҷиди нав дар як қабати хобгоҳи воқеъ дар бозори Сенная таъсис дода шуд ва барои тармими бино ва ба талаботи як масҷид мувофиқ кардани он муҳоҷирони тоҷики муқими Петербург ва вилояти Ленинград ба сурати муштарак камари ҳиммат бастанд: “То соли 2010 дар назди ин бозор масҷид вуҷуд дошт, вале онро ба сабаби дуруст набудани аснодаш бастанд. Инбор бо кумаки муфтии Петербург ва минтақаи шимолуғарби Русия Равил-Ҳазрат Панчеев тамоми асноди масҷидро ба таври қонунӣ расмӣ кардем. Ҳамаи бачаҳои тоҷик дар ин амри хайр саҳм гирифтанд. Азбаски масҷиди марказии Петербург дигар тавони ғунҷондани тамоми намозгузоронро надорад, мо хостем, ки мардум як гӯшае барои адои намоз дошта бошанд.”

Масҷиди сеюми Петербург дар ҳоле бо ибтикори ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик ба фаъолият шурӯъ мекунад, ки ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон аз афзоиши шумори ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундрав, бахусус дар Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон чандин бор гуфтаанд, ки аксари ҷангҷӯёни тоҷике, ки дар Сурияву Ироқ ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми мубаллиғони ақидаҳои ба ном “ҷиҳодӣ” афтодаанд.

Эшони Хайриддин Шамсиддин низ ба ин нигарониҳо мувофиқ аст ва мегӯяд, як ҳадафи дигари онҳо аз таъсиси масҷид ба роҳи дуруст ҳидоят кардани муҳоҷирон ва пешгирии онҳо аз гароидан ба гурӯҳҳои тундрав аст: “Бисёрии муҳоҷирони мо фаҳму дарки дурусте аз Ислом надоранд ва ба далели бесаводӣ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Мо мехоҳем, аз ин корҳои бад ҷилавгирӣ кунем ва ба мардум ақидаҳои мазҳаби Ҳанафиро таблиғ ва талқин кунем.”

Масҷиди ҷомеи Петербург
Масҷиди ҷомеи Петербург

Садриддин, як тоҷири амбори меваву сабзавоти воқеъ дар маҳаллаи Софийская шаҳри Санкт-Петербург ба Озодӣ гуфт, онҳо қаблан барои адои намози ҷумъа ба масҷиди Волхов ё масҷиди воқеъ дар маркази шаҳр мерафтанд: “Вақти зиёд мерафт, чун роҳашон тӯлонист. Акнун ба масҷиди нав меравем, чун имомаш ҳам тоҷик аст. Дар масҷиди марказӣ мавъиза фақат ба забони русист, ки бисёрии бачаҳои тоҷик хуб намефаҳманд. Чанд бор шуд, бачаҳои тоҷик барои таъмири масҷид дар амбори мо ҳам аз бачаҳо пул ҷамъ карданд. Ҳар кас вобаста ба ҳимматаш 500 рубл ё 1000 партофт.”

Санкт-Петербург бо ҳудуди 5 миллион аҳолиаш баъди Маскав дувумирн шаҳри пурнуфуси Русия ба шумор меравад. Муфтиёти Петербург ва минтақаи шимолуғарб шумори пайравони дини Исломро дар ин қаламрав аз 1 то 1,4 миллион нафар баровард мекунанд ва мегӯянд, аксари мусалмонҳои ин минтақаро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

Ҷамъиятҳои тоҷикони Петербург шумори муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Петербург ва вилояти Ленинградро то 200 ҳазор нафар бармешуморанд. Аксари онҳо дар сохтмонҳову бозорҳо ва идораҳои коммуналии ин минтақа кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG