Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик пешниҳоди пулакӣ кардани хадамоти "Ёрии таъҷилӣ" асосан барои муҳоҷирон дар Русияро нодуруст ва нақзи ҳуқуқи онҳо донистанд.

Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия пешниҳоди пулакӣ шудани хадамоти “Ёрии таъҷилӣ” асосан барои муҳоҷиронро нодуруст дониста ва дархост доранд, ки мақомоти қонунгузори Русия ин пешниҳодро сарфи назар кунад. Яке аз муҳоҷирон, ки дар шаҳри Маскав бо Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, дар сурати пулакӣ шудани “Ёрии таъҷилӣ” эҳтимол теъдоди зиёди тоҷикон дар Русия аз дастрасӣ ба ин хадамот маҳрум шаванд.

Владимир Сисоев, вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби либерал-демократи Русия дар оғози моҳи январ пешниҳод кард, ки бархе аз хадамоти бепули тиббӣ, аз ҷумла “Ёрии таъҷилӣ” барои муҳоҷирон бекор карда шавад. Ӯ чунин пешниҳодашро саривақтӣ дониста ва гуфт, ки муҳоҷирони рус низ дар кишварҳои хориҷӣ барои чунин хадамот маблағ пардохт мекунанд.

Вокуниши муҳоҷирони тоҷик ба ин пешниҳоди Сисоев:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG