Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маскав ба сӯи муҳоҷири тоҷик тир холӣ карданд


Сулаймон Саидов.

Сулаймон Саидов.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки раванди тафтиши парвандаи ҳамла ба шаҳрванди кишвар Сулаймон Саидов дар метрои шаҳри Маскавро, зери назорат дорад.

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки раванди тафтиши парвандаи ҳамла ба шаҳрванди кишвар Сулаймон Саидов дар метрои шаҳри Маскаваро зери назорат дорад. Шоми ҷумъаи 8-уми апрел дар истгоҳи метрои Калужскаяи шаҳри Маскав як марди маҳаллӣ дар пайи як моҷаро ба сӯи ин муҳоҷири тоҷик аз туфанчаи пневматикӣ тир холӣ кард ва ӯро маҷруҳ намуд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони сафорат дар ҳамкорӣ бо намояндагони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба беморхоне, ки Сулаймон Саидов дар он бистарӣ аст, рафтанд ва бо пайвандони ӯ мулоқот намуданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав мегӯяд, ки Сулаймон Саидов ҳоло аз бахши эҳёгарии Беморхонаи клиникии шумораи №1 ба шӯъбаи умумӣ интиқол ёфтааст ва вазъаш муътадил мебошад. Наздикони Сулаймон Саидов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба асаби ӯ осеби ҷиддӣ нарасидааст ва ҳарф мезанад ва ба суолҳояшон посух додааст. Қаблан расонаҳои русӣ вазъи сиҳатии Сулаймон Саидовро "вазнин" арзёбӣ карда буданд.

Сафорати Тоҷикистон ҳамзамон мегӯяд, ки шахси ҳамлавар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда ва дар нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, масъулони сафорат ва вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти тафтишотие, ки ин парвандаро таҳқиқ менамоянд, низ мулоқот анҷом додаанд.

Шоми 8-уми апрел, тақрибан соати 18:00 ба вақти Маскав, дар истгоҳи метрои Калужская, миёни як марди маҳаллӣ ва ду муҳоҷири тоҷик моҷаро сурат гирифтааст. Марди маҳаллӣ ба сӯи яке аз ин ду муҳоҷири кории тоҷик аз фосилаи наздик се тир холӣ намуда ва ӯро маҷрӯҳ кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, ин фард, ки чеҳрааш ба мардони маҳаллӣ монанд будааст, дар вагони метро аввал ба Муҳаммадҷон Ҳакимов (соли таваллудаш 1997) дармеафтад ва вақте ҳамроҳи вай Сулаймон Саидов аз ҳамдиёраш пуштигирӣ мекунад, он фард бо онҳо вориди моҷаро шуда ва даъво мекунад, ки ҳарду аз вагон хориҷ шаванд, вагарна онҳоро мепаронад. Вақте Сулаймон мехоҳад ин мардро ором кунад, ӯ туфангчаи пневматикиашро бароварда ба сари Сулаймон аввал як тир холӣ мекунад.

Муҳаммадҷон Ҳакимов аз тарси ҷон фирор мекунад ва ин мард дубора ба назди Сулаймон баргашта ва ба сараш ду тири дигар мезанад. Сулаймонро бо ҷароҳатҳо ба яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав мунтақил карданд.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, мақомоти интизомии Русия шахси ҳамлакунандаро боздошт кардаанд ва Кумитаи тафтишотии он кишвар дар нисбати ӯ айб эълон кардааст. Ба иттилои New.ru.com Сергей Тсареви 60-сола, ки аз туфангча травматикии "Оса" ба сӯи ин муҳоҷири тоҷик тир холӣ кардааст, дар метрои Калужская боздошт шудааст. Ба гуфтаи пулиси Маскав, Тсарев ҳангоми фирор аз дасташ туфангчаи "Оса"-ро афтондааст ва тавассути хамин туфангча кормандони пулис ба зудӣ ӯро пайдо кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG